fbpx

Музокироти ҳафтсоатаи президенти Тоҷикистону Қирғизистон бо чӣ анҷомид?

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс аз хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Нотаи сафорати Тоҷикистон ба вазорати хориҷаи Русия бар пайи боздошти як тоҷик

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бар пайи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон, муҳоҷири 21-сола бо номи Амиршо Ҳусейнов ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нота фиристодааст. Амиршо Ҳусейнов бар пайи як даргириии физикӣ бо чанде аз скинхедҳо ё миллатгароҳои рус боздошт шудааст.

Қабл аз боздошти Амиршо Ҳусейнов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо видеои ҳолати даргирии ӯ бо миллатгароҳои рус нашр шуд, ки вокунишҳои гуногуне дар пай дошт. Ҳоло наздикону мақомоти тоҷик ин ҷавонро як ҷабрдида медонанд, вале Русия алайҳи ӯ барои “авбошӣ” тафтиш оғоз кардааст.

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз мақомоти рус тафтиши беғаразонаи ҳодисаро хостаанд. “Бо фиристодани нота бовар дорам, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия супориш медиҳад, ки ин ҳодиса холисона тафтиш шавад.”,– гуфтааст ӯ. Даргирии ин ҷавони тоҷик бо  гуруҳе аз миллатгароёни рус, шоми 23-уми июн рух додааст.

Музокироти ҳафтсоатаи президенти Тоҷикистону Қирғизистон бо чӣ анҷомид?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон музокироти хосаро бо сарвари Қирғизистон Содир Ҷабборов ба анҷом расонид, ки он тақрибан 7 соат давом кард.

Дар поёни музокирот Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки мавзӯи асосӣ ҳалли масъалаҳои марзӣ буд. Ғайр аз ин, онҳо дар бораи муноқиша байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар охири моҳи апрел сӯҳбат карданд. “Он замон аз ҳарду ҷониб ҷони худро аз даст доданд ва азоб кашиданд. Ба аҳолӣ зарари маънавӣ ва миллӣ расонида шуд. Аз ин рӯ, мо, пеш аз ҳама, фикр кардем, ки чӣ гуна эътимодро байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ барқарор кунем”, – гуфт Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар назди хабарнигорон.

Ҷонибҳо инчунин ба кори комиссияи делимитатсия ва демаркатсияи қитъаҳои баҳсии сарҳад баҳои баланд доданд ва андешаи худро ба тарафдории идомаи кори гурӯҳҳо оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба истифодаи захираҳои об баён карданд.

Раҳмон илова кард, ки бо Ҷабборов ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва мавзӯи тағирёбии иқлимро низ баррасӣ кардааст.

Пас аз мулоқот ҷонибҳо ду созишнома оид ба ҳамкорӣ – дар соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва байни оҷонсиҳои хабарии “Ховар” ва “Кабар” -ро ба имзо расониданд. Инчунин, Тоҷикистон ва Қирғизистон меморандумҳо оид ба сиёсати ҷавонон ва хизмати давлатиро низ ба имзо расониданд.

Дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион атфол эм мешавад

Дар Тоҷикистон сар аз имрӯз марҳилаи дуввуми эмгузаронӣ алайҳи фалаҷи атфол оғоз ёфт

Ба Сухангӯи Вазорати тандурустӣ Эмомалӣ Мирзоев, ин навбат бояд ҳудуди 1.4 миллион кӯдак алайҳи ин беморӣ эм гирад. Дар навбати аввал беш аз 1.2 миллион кӯдак ваксин гирифтанд.

Эмгузаронии кӯдакон то 5 июл идома меёбад ва намояндагони вазорат аз тамоми шаҳрвандон даъват мекунанд, ки кӯдакони худро ҳатман ба марказҳои саломатӣ бурда, барои ҳифзи ҷон ва қавӣ намудани масунияташон эм кунанд.

Саҳми Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар “Агроинвестбонк” аз 25%+1 то 3% кам шуд

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар ҳоли ҳозир бо доштани ҳаҷми 3 дарсадӣ саҳмдори ақаллияти “Агроинвестбонк” аст. Дар ин бора сухангӯйи ин ниҳод Антон Усов аз қароргоҳои бонк дар Лондан ба “Азия-Плюс” хабар додааст.

Ӯ хотиррасон намуд, ки соли 2009 БАТР 25%+1 саҳмияи “Агроинвестбонк”-ро харида буд.

Антон Усов иброз дошт, ки айни замон саҳмиядори асосии “Агроинвестбонк” ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки аз ҳисоби қарзу маблағгузориҳои иловагӣ ба 87,3%-и саҳмия бонк соҳиб шуд. БАТР дар ин кор иштирок надошт. Ба гуфтаи Усов, дар “Агроинвестбнк” БАТР ҳамеша саҳмиядори минотарӣ буда, дар идоракунии амалиёти бонк иштирок намекард. “Ахиран мо ҳатто дар шӯрои нозирон намояндагӣ намекардем”, – илова кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки 21 майи соли равон Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи “Агроинвестбонк”-ро бозхонда, 15 июни ҳамин сол Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи барҳамдиҳии замоне яке аз бузургтарин бонки тиҷоратии ҷумҳурӣ қарор содир намуд.

СПАД ба Тоҷикистон барои вазъи марзӣ бо Афғонистон тамоми ёриҳоро мерасонад

Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба Тоҷикистон вобаста ба вазъи сарҳад бо Афғонистон тамоми кумаки зарурии аз ҷониби он дархостшударо мерасонад, хабар додааст ба РИА Новости котиби Созмон Владимир Зайнетдинов. “Дар сурати муроҷиат СПАД ба Тоҷикистон ҳамаи кумаки зарурии дархостшударо, ки дар шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва оинномаи СПАД пешбинӣ шудааст, хоҳад расонид: ин метавонад кумаки сиёсӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бошад”, – гуфтааст котиби СПАД. Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кардааст, ки ҳоло ин кишвар кумак напурсидааст.

“Ҳоло Тоҷикистон дар робита ба вазъе, ки дар қаламрави Афғонистон дар наздикии марз бо ҷумҳурӣ рух дод, ба СПАД муроҷиат накардааст”, – иброз доштааст Зайнетдинов.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 22 июн гузаргоҳи гумрукиву тиҷоратии Шерхон-Бандар миёни Тоҷикистону –Афғонистон ба дасти Толибон афтода буд.

Шумори ширкаткунандагони Олимпиадаи Токио аз Тоҷикистон ба 10 нафар расиданд

Имрӯз ҳамаи мусобиқаҳои интихобӣ барои иштирок дар Олимпиадаи Токио-2020 дар тамоми навъҳои варзиш ба охир расиданд. То имрӯз барои иштирок дар Бозиҳо 8 варзишгари тоҷик роҳхат доранд: ҷудокорон Сомон Маҳмадбеков (вазни то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг) ва Темур Раҳимов (то 100 кг), боксчиён Баҳодур Усмонов (то 64 кг) ва Шаббос Неъматуллоев (то 81 кг) ва дар варзиши сабук Гулсумбӣ Шарифова ва Илдар Аҳмадиев.

Ҳамчунин мувофиқи квотаи Федератсияи байнулмилалӣ Тоҷикистон дар навъи шиноварӣ ду роҳхат дорад. Тибқи талабот, ду варзишгар (як марду як зан), ки дар Чемпионати ҷаҳон-2019 ширкат варзидаанд, барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ҳуқуқ доранд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳоло тасдиқ накардааст, ки кадоме аз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи шиноварии Олимпиада иштирок мекунад.

Бозиҳои XXXII олимпии тобистона аз 23 июл то 8 августи соли 2021 дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор мешаванд. Дар он ҳудуди 11 ҳазор варзишгар аз зиёда аз 200 кишвари саросари дунё ширкат варзида, дар 33 навъи варзиш 339 ҷоиза бурд мешавад. Мувофиқи маълумоти манбаъҳо, пауэрлифтер Парвиз Одинаев меъёрҳои олимпиро иҷро карда, алҳол ягона иштирокчии Паралимпиада аз Тоҷикистон мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend