Кормандони милитсияи ноҳияи Тоҷикобод ду навраси 17-соларо ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ рондани мошин боздошт кардаанд. Дар ин бора ВКД хабар дод.
Тибқи иттилоъ, шаби 24 октябр тахминан соати 21:00, ин ду ноболиғ бо маслиҳати пешакӣ ба манзили як марди 44-солаи сокини ноҳия ворид шуда, автомошинаи “Опел-Астра”-и шахсии ӯро аз мошинсарой баровардаанд.
Онҳо мошинро тавассути роҳи “Ваҳдат–Рашт–Тоҷикобод” ба самти деҳаи Сари пул ронда, аз уҳдаи идорааш набаромада, онро ба лаби ҷӯйбори канори роҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.
Гуфта мешавад, нисбати ин наврасон бо банди “б” қисми 2 моддаи 252 Кодекси ҷиноятӣ (барои тасарруфи ғайриқонунии воситаи нақлиёт) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Тибқи ин банди қонун бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
