Гулӯлаи партобкардаи сарбозони қирғиз ба хонаи сокинони осоишта бархӯрд. Ҳангоми интиқоли захмиён ба беморхона, сарбозони қирғиз мошини ёрии таъҷилиро тирборон карданд.
Дар ин бора ба “Азия плюс” сокинони Чоркӯҳ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷа, мошини ёрии таъҷилӣ пурра сӯхта, ронанда ва панҷ мусофири он ба ҳалокат расиданд.
Номи шаҳрвандони кушташудаи Тоҷикистон инҳо аст:
Фаёзова Муҳаёхон 21.03.1969
Баҳромзода Дилноза 31.03.1993
Ӯктамзода Садоқат 20.03.1997
Амриддинзода Асмоахон 11.07.2016
Илҳомзода Имрон 05.12.2017
Яке аз келинҳои хонадон дар ҳафтум моҳи ҳомиладорӣ будааст.
Тибқи иттилои расида дар айни ҳол вазъият дар марз нисбатан ором арзёбӣ мешавад. Сокинон мегӯянд, садои тир шунида намешавад ва умед ба оромии комил доранд.