fbpx

Нимасри чӯбтарошӣ ва қиссаи навозандагии духтари амрикоӣ дар коргоҳи “Созтарош”

Сайёҳон аз кишварҳои Канада, ИМА, Фаронса, Швейтсария, Русия ва дигар давлатҳои Аврупоӣ ба коргоҳи “Созтарош” омада асбобҳои мусиқӣ - тор, дутор, таблак ва доира харидорӣ мекунанд, мегӯяд Усто Дона.


-1
-1 points
Усто Дона ҳамгоми кор

Имрӯзҳо ягона коргоҳи созтарошӣ дар Тоҷикистон дар вазъияти начандон хуб қарор дорад. Асбобҳои дастсохти яке аз устоҳои моҳири ин коргоҳ Донаи Зиёӣ дар шаш намоишгоҳи байналмиллали Олмон, Русия, Ҷопон, Чин, Фаронса ва Қазоқистон ширкат намуда ҷойҳои намоёнро соҳиб шудаанд.

Your.tj тасмим гирифт, ки дар бораи ҳаёти устои созтарош Донаи Зиёӣ ба хонандагон қисса кунад. Усто Дона ним асри умри худро сарфи ин касб кардаанд ва ҳоло дар синни 72 солагӣ ҳамчун устои созтарош аз мушкилоти соҳа ва коргоҳи созтарошӣ ба мо нақл мекунад.

Харидории тор ва навохтани он аз ҷониби духтари амрикоӣ

“Чаҳор сол пеш як духтари амрикоӣ дар як намоишномаи фарҳангӣ аз ман як тор харид, аммо шарт гузошт, ки бар ивази харид бояд ба ӯ навозандагиро омӯзам. Ман розӣ шудам ва Камол Саидов (равонаш шод бод) дӯстамро, ки он замон корманди ансамбли “Дарё” буд, муаллими мусиқии амрикоидухтар мондам. Ҳафтаи як маротиба духтар ба омӯзиши мусиқинавозӣ фаро гирифта шуд ва пас аз чор моҳ пурра навозандагиро аз худ кард.

Он духтар шавҳарашро, ки ӯ ним амрикоӣ буд хоҳиш кард, ки чанд суруди тоҷикиро аз ёд кунад. Пас аз ин онҳо дар театри “Падида” якҷо тамрин намуданд ва ҳар дуро ду маротиба дар телевизиони “Тоҷикистон” намоиш доданд, ки дар он духтар навозанда буду шавҳараш суруди тоҷикӣ мехонд”, – нақл мекунад, Усто Дона.

Устоёни коргоҳ асбобҳоро коркард мекунанд

Аз устои барқу ронандаи тролейбус то устои созтарош

Усто Донаи Зиёӣ дар деҳаи Чӯянчии ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор санаи 3 майи соли 1948 таваллуд шудааст. Соли 1963 мактаби миёнаи умумии нопурраро хатм карда, ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами №5-и шаҳри Душанбе ба ҳайси устои барқ ба хониш оғоз кард. Пас аз ду ним соли таҳсил ба зодгоҳ баргашта, муддати шаш моҳ ба ҳайси устои барқ фаъолият кардааст. Баъдан бинобар таклиф ва маслиҳати падараш ба коргоҳи “Армуғон” сехи асбобҳои мусиқӣ ба шогирдии устои созтарош ба Душанбе ба кор омад. Моҳи декабри соли 1967 ба устодии Саид Носиров дар коргоҳи созтарошӣ омӯхтани касбро оғоз кард.

Усто Дона дар ҳалқаи устодон

“Бинобар доштани таҷрибаи чӯбтарошӣ ва омӯхтаҳоям аз падар ман дар муддати якуним моҳ касбро пурра аз худ кардам ва минбаъд ба ҳайси устои созтарош ба сохтани асбобҳои мусиқӣ мустақилона оғоз кардам”, – мегӯяд, Ҳоҷӣ Усто.

Солҳои 1969-1971 ба хизмати ҳарбӣ рафта, пас аз бозгашт ба курси омӯзишии ронандаи тролейбус ҳуҷҷатҳояшро месупорад. Пас аз ду соли азхудкунӣ ба рондани тролейбус дар хиёбонҳои шаҳр сафарбар шуд. Бо сабаби писанд наомадани ронандагӣ дар троллейбус охирҳои соли 1972 Усто Дона боз ба корӣ созтарошӣ бармегардад ва то барҳам хӯрдани Ҷамоҳири Шӯравӣ ба ҳайси устои созтарош корро дар коргоҳи “Арғумон” идома медиҳад.

Усто Дона дар яке аз намоишгоҳи фарҳангӣ

Усто дона мегӯяд, ки “Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ коргоҳ бо дигар ном бо Қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи илмӣ – истеҳсолии “Созтарош” таъсис меёбад. Дар коргоҳи “Созтарош” аз соли 1994 то 1998 ба ҳайси муовини директор ва аз моҳи феврали соли 1998 то моҳи августи соли 2020 ба ҳайси директори корхона фаъолият карда, ҳоло ба ҳайси устоди созтарош ва собиқадори устохона дар коргоҳ ба сохтани асбобҳои мусиқӣ машғулам”.

Насли созтарош ва коргоҳ дар замони COVID-19

Усто Дона то ба имрӯз ҳашт шогирд омода карда аст, ки ҳамагӣ устои кори худанд. Ҳоҷӣ Усто соҳиби 5 фарзанд, 18 набера ва 3 абера мебошанд ва аз ҷаҳор писараш ду нафараш – писари калонӣ Маҳмадсаид ва хурдӣ Ҳайдаралӣ касби падарро интихоб кардаанд. Дуи дигар бошанд Маҳмадвалӣ дар шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Маҳмаднабӣ ҳамчун сохтмончӣ фаъолият мекунанд. Набераҳои усто бошанд Абубакр, Аҳмадҷон ва Маҳмадсалим низ пайрави касби бобояшонанд, аммо ҳоло онҳо мустақилона кор намекунанд, чун дар макотиби олӣ таҳсили илм доранд.

Ба нақли Усто дар замони шӯравӣ кор дар коргоҳи созтарошӣ пурҷушухурӯш буд, чун он вақт 129 кас дар 7 даста кор мекарданд.

Ҳангоми поккории коргоҳ

“Се даста доира, ду даста созҳои торӣ ва як дастаи дигар таблак омода мекарданд, инчунин як дастаи дигар маҳсулотро ба шакли нимкоркард омода месохтанд. Дар як моҳ 15 000 дона доира, 1200 – 1500 дона асбобҳои торӣ ва 1000 – 1200 таблак истеҳсол мегардид ва ҳамагӣ ба фурӯш мерафтанд. Ҳоло бошад нақшаи муайяни истеҳсол дар коргоҳ вуҷуд надорад, чун харидор кам аст”. – мегӯяд, бо таассуф устои созтарош.

Пас аз истиқлолият оҳиста-оҳиста дастаи созтарошони коргоҳ ба маротиб кам шуда то ба 16 нафар расид. Бинобар сабабҳои камистеҳсолии асбобҳои мусиқӣ, набудани харидорони доимӣ ва маоши кам устоён як-як коргоҳро тарк карданд.

Марҳалаҳои сохтани асбобҳои мусиқӣ

Маҳсулоти хомро шахсан худи Усто Зиёӣ аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф дастрас мекунад. Пас аз бурида овардани навъҳои дарахтон дар марҳилаи дуввум интихоби чӯбҳо вобаста ба сохтани асбобҳо сурат мегирад. Саввум, тарошидани чӯб ва коса кардани он аст, ки баъдан барои хушкконидан назди печка гузошта мешаванд, ки бояд пурра асбоби хом қоқ гардад. Сипас дар зинаи минбаъдаи сохт ба он даста мечаспонида онро коркард мекунанд. Дар чорум марҳала рангу бори ашё ва гулкорӣ ҷараён мегирад. Баъдан дар марҳалаи ниҳоӣ симои асбобро кашида онро аз санҷиши наво мегузаронанд. Усто Дона мегӯяд, ки “бояд ҳар як устои созтарош ҳатман мусиқӣ навохта тавонад. Зеро агар ӯ навозанда набошад ҳеҷ гоҳ намедонад, ки чӣ асбоб истеҳсол кунад”.

Созҳои мусиқӣ омодаи истифодаанд

Дар устохонаи “Созтарош” имрӯз 22 намуди асбобҳои мусиқӣ – тор, дутор, сетор, думбра, доира, таблак, ғиджак, тамбӯр, соз, уд, рубобҳои бадахшонӣ ва афғонӣ истеҳсол мешавад. Барои истеҳсоли ин ҳама созҳои мусиқӣ устоён аз асбобҳои тешаи дарунков, суян, лавранда, рандаи хурду калон, парма, наждак, леса, чуссо ва кашкол истифода мебаранд.

Мизоҷони коргоҳи “Созтарош” асосан хонаҳои фарҳанг, дастаҳои ҳунарӣ, мактабҳои мусиқӣ, шахсони алоҳида ва Вазорати фарҳанг мебошанд.

Ҳоҷӣ Усто Дона сози мусиқиро меозмояд

Ширкат дар намоишномаҳои байналмилалӣ

То ба имрӯз асбобҳои мусиқии дастсохти Усто Дона дар шаш намоишномаҳои байналмилалӣ – Олмон дар соли 2000, Русия дар соли 2001, Ҷопон дар соли 2005, Чин дар соли 2010, Фаронса дар соли 2015 ва Қазоқистон дар соли 2020 намоиш дода шудааст. Дар вақти намоишгоҳи Маскави Русия дар соли 2001-ум дар байни 15 давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ намоишномаи Тоҷикистон соҳиби ҷойи аввал гардидааст.

Ҳамчунин маҳсулоти дастсохти устоҳои коргоҳ ҳар сол дар намоишномаҳои фарҳангии кишвар ва хориҷа ба намоиш гузошта мешавад.

Думбраҳо

Мушкилоти андоз ва бетаваҷҷуҳи Вазорати фарҳанг

Аммо имрӯз ҷараёни кори устоён дар коргоҳ наонқадар қонеъкунанда сурат мегирад, чун ба гуфти онҳо ҳавасмандӣ дар ин самт умуман дида намешавад. Дар баробари ин маоши кормандони коргоҳ наонқадар барои пешбурди зиндагӣ басанда аст, зеро устоҳо моҳона 500-600 сомонӣ маош мегиранд. Мутаассифона, ҳамин миқдор маблағро низ устоён сари вақт намегиранд ва гоҳо пардохти моҳона то 2-3 моҳ ба таъхир меафтад. Вазорати фарҳанг тибқи шартнома бояд ҳар сол ба миқдори муайян аз коргоҳи созтарошон асбобҳои мусиқӣ харидорӣ кунад, аммо имсол пас аз иваз шудани роҳбарияти вазорат ҳанӯз чизе харидорӣ нашудааст.

Косаҳои нимсохти созҳои мусиқӣ дар марҳалаи хушкконидан

“Аз сабаби зиёдии андозҳо имрӯз корхона наметавонад хароҷотҳои худро пӯшонад. Зеро корхонаи “Созтарош” ҳоло панҷ намуд андоз – аз амвол, аз ҳисоби фурӯши масолеҳ, аз музди меҳанати кормандон, пардохтҳои комуналӣ, инчунин бехатарии сӯхтор, амният ва эгология месупорад. Ин ҳама фишорҳои андозӣ ба коргоҳ имконият намедиҳад, ки ҳунари созтарошӣ ривоҷ ёбад ва созтарошон аз ҳисоби сохтани асбобҳои мусиқӣ маоши қонеъкуннадаи рӯзгорашонро ба даст оранд. Бинобар ин ҳоло коргоҳ ба дастгирии молӣ ва сабукиҳо дар самти андоз ниёз дорад”. – гуфт, дар охир, Усто Дона.

Ҳоло дар коргоҳ имрӯзҳо бо вуҷуди пандемияи коронавируси ҳамагӣ чор усто ба тарошидани асбобҳои мусиқӣ машғуланд. Коргоҳ дар замони авҷи бемории коранавирус ҳудуди шаш моҳ фаъолият накард, ки он замон барои устоён хеле вазнин сипарӣ шуд.

Нуралӣ Карим


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend