Дар Душанбе имсол ҷашни Наврӯз аз 19 то 22 март бо чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаҳои консертӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар додаанд.
Ба гуфтаи мақомот, Наврӯз-2025 дар Душанбе як рӯйдоди назаррасе хоҳад шуд, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва миллиро муттаҳид карда, барои сокинон ва меҳмонони пойтахт фазои нотакрори баҳориро фароҳам меорад. Интизор меравад, ки Душанбе мизбони ҳазорон меҳмон бошад ва кӯчаҳои шаҳрро фазои мусиқӣ, рақсу чорабиниҳои гуногун фаро гирад.
Имсол Наврӯз 20 март соати 14:01 фаро мерасад, аммо рӯзҳои истироҳатӣ аз 21 то 27 март муайян шудаанд.
Барномаи чорабиниҳои Наврӯзӣ дар Душанбе
19 март дар пойтахт чорумин Форуми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ” баргузор мешавад, ки оғози расмии ҷашн хоҳад буд.
21 март, соати 04:00 дар баландтарин нуқтаи пойтахт, Боғи Ғалаба маросими пешвози Наврӯз доир мегардад, сипас дар чор ноҳияи Душанбе барномаҳои фарҳангӣ ва консертҳои идона баргузор мегарданд.
Соати 20:00 дар Майдони Истиқлол консерти асосии ҷашнӣ ва соати 21:00 оташбозии бошукӯҳ дар осмони Душанбе намоиш дода мешавад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз соати 15:00 дар Наврӯзгоҳ мусобиқаҳои байналмилалии пойгаи аспдавонӣ баргузор мешаванд.
22 март дар Боғи “Ирам” Фестивали сайёҳӣ ва Фестивали хӯрокҳои миллӣ гузаронида мешавад.
Аз 15 то 21 март Душанбе инчунин Фестивали байналмилалии ҷавонон – “Navruz Youth World Festival”-ро мизбонӣ мекунад, ки фаъолон ва раҳбарони ҷавонро аз 30 кишвари ҷаҳон ба ҳам меорад.
Имсол ҷашни асосии Наврӯз 31 март дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Дар он президентҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок хоҳанд кард.