Намоиши “Овози ношунида” дар Хуҷанд. “Ба зӯроварӣ хомӯшӣ набояд!”

Дар намоиши “Овози ношунида” аксҳоеро барои тамошо гузоштанд, ки ифодагари эҳсосоти духтарону бонувон аст.

Ба аксҳо аз лиҳози муҳтаво номҳои мувофиқе гузоштанд, мисол, “Занҷирҳои шикаста”, “Равшании охири шаб”, “Домани виртуалӣ”, “Муборизаи хомӯш”, “Овози хомӯшӣ”, “Қудрати дарун, “Қудрати модарӣ”, “Ғурури афтида”, “Шӯълаи умед” ва “Эҳё”.

Аксҳои гӯёи намоиш аз ҳаёти бонувоне нақл мекунанд, ки ба зӯроварӣ гирифтор шудаанду ба шикасти рӯҳиву равонӣ не. Қаҳрамонони аксҳо барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд.

Дирӯз, 25 ферал дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд намоиши аксҳои “Овози ношунида” баргузор гардид, ки барои тамошои он хоҳишмандони зиёд омаданд.

Намоиш бо саҳми Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе омода шуда, бори нахуст 25 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар доираи маъракаи “16 рӯзи фаъолият алайҳи зӯроварии гендерӣ” муаррифӣ гардида буд.

Муаллифи Your.tj низ дар намоиш ишитрок дошт ва огоҳ гардид, ки тибқи тасмими гирифтаи созандагон намоишгоҳи “Овозҳои ношунида”сайёр шуда, пас аз намоиш дар пойтахт ба шаҳри Хуҷанд барои ба маърази тамошо гузоштан оварда шуд.

Гуфта мешавад, ки баргузори намоишгоҳи сайёр барои дастрас гардидани маълумоти муфид перомуни пешгирии хушунат нисбат ба бонувон ва чораҳои пурзӯр кардани мубориза алайҳи он нигаронида шудааст.

Аксҳои намоиши “Овозҳои ношунида”-ро Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шугарф, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, муовини раиси Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Татяна Туркан, муовини раиси вилоят Суғд Зайнура Азимӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун тамошо карданд.

Онҳо ҳангоми тамошо сари ҳар мусаввара фикру назари ҳамдигарро шуниданд. Ба ҳолатҳои гуногуни ҳаёт, ки дар аксҳо инъикос шудаву ба сари ҳар бону омадани он аз эҳтимол дур нест, баҳогузорӣ карданд.

“Овози ношунидаро шунавем!”

Дар оғози расмии намоишгоҳ муовини раиси Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Татяна Туркан гуфт, ки аксҳои дар намоиш гузошташуда пур аз қиссаҳои дардоваре мебошанд, ки имрӯз аз назару таваҷҷуҳи аксарият пинҳон мемонад.

Татяна Туркан муовини раиси Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе

Рисолати намоиши мазкур танҳо дар нишон додани он нест, ки духтарону бонувони кишварҳои мо чӣ гуна ба хушунат рӯ ба рӯ мешаванд. Метавон гуфт, санъати тасвириву аккосӣ чун оина амалу рафтори ҳар узви оиларо нишон медиҳад ва як навъ талаби адолат низ мекунад.

“Омори зӯроварӣ нисбат ба духтарону занон ин танҳо рақамҳои хушку холӣ нест. Он оқибатҳои фоҷиаангез дорад. Ба нишондиҳандаҳо набояд, ки сатҳан нигариста, баҳо монем.

Имрӯз хушунат нисбат ба занону духтаронро метавон ба эпидемияи глобалӣ шабоҳат дод. Мутаассифона, паҳн ёфтани ангезаҳои он дар хонаҳо, кӯчаҳо, мактабҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ идома дорад”,- бо дареғ гуфт хонум Татяна Туркан.

Ба гуфтаи вай, имрӯз дар бештари ҳолат фарёдҳои хомӯшонаи духтарон, ки дар айёми навҷавонӣ оиладор шуда, зери фишору зӯроварии аъзоёи оила қарор гирифтаанд, ё хун гиристану афгор шудани модаре, ки дар пайи хушунати хонаводагӣ духтарашро аз даст додааст, ношунида мемонад.

“Метавонем, ки имрӯз ин овозҳоро шунавем. Барои ислоҳи он ҳисса гузорем. Бигзор, қиссаҳои аксҳо дар ботини мову Шумо ҳамдардӣ ва талошварзӣ барои тағйиротро бедор кунад”, – илова кард бону Татяна Туркан.

Зайнура Азимӣ муовини раиси вилояти Суғд

Муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ низ сухан ронда афзуд, ки дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҷойгоҳи занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад. Масалан, солҳои охир ба ҷалби бештари духтарон ба зинаҳои сеюми таҳсил аҳамияти бештар равона гардида, барои онҳо шароити ҳаматарафаи таълимӣ фароҳам гардидааст.

“Бонувон нерӯи созандаи ҷомеа буда, дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши арзишманд доранд. Барои баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар кишвар корҳои зиёде иҷро карда мешаванд.

Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2025-2030 дар устувор гардидани мавқеи занон дар ҷомеа мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки мақсади асосии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таъмини ҳуқуқҳо имкониятҳо барои бонувон мебошад”,- иброз дошт Зайнура Азимӣ.

“Истодагарӣ ба зӯроварӣ – муваффақиятро нишон намедиҳад!”

Аксҳои намоиши “Овозҳои ношунида” ба Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ҳам таъсири амиқе гузошт. Ӯ зимни суханронӣ изҳори назар кард, ки шоҳиди саргузашти қиссаҳои талхи заноне гардид, ки хушунати хонаводагиро паси сар кардаанд.

Элза Пинёл сафири Фаронса дар Тоҷикистон

Дарди онҳоро ҳис кардан мумкин аст. Ба нодида гирифтани нақзи ҳуқуқҳо ва азоби равониву рӯҳии занон бояд хотима дода шавад.

“Зарур аст, фикр кунем, ки чӣ гуна садои занонро шунавем ва ба он аксуламали дуруст нишон дода тавонем. Бонувон қуввае доранд, ки ба зӯроварӣ истодагарӣ кунанд. Аммо сабр карда тавонистани хушунат на ҳамеша ҷабрдидаро ба мувафақият мерасонад”,- гуфт хонум Элза Пинёл.

Ҳамзамон, ба Сафири Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шугарф низ имкон даст дод, ки пеш аз оғози кори намоиши “Овозҳои ношунида” бо ҳамроҳи донишҷӯён чанд аксҳоро тамошо карда, бо онҳо табодули назар кунад. Мавсуф ҳангоми суханронӣ изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе урфу одатҳо боиси зери фишору зӯроварӣ мондани духтарон мешавад.

“Вақте аксҳоро аз назар гузаронидам, муҳтавои як филми хурди ҳуҷҷатӣ, ки чанде пеш тамошо карда будам, ба ёд расид. Он филми таъсирбахш дар бораи ҳаёти бонуе нақл мекунад, ки пас аз муноқишаи хонаводагӣ аз хонаи шавҳар ронда мешавад.

Йорк Шугарф сафири Олмон дар Тоҷикистон

Ӯ сӯйи хонаи падарӣ, ки ягона умеди сарпаноҳ ёфтанро дар он ҷо мебинед, равон мешавад. Бадбахтона, падар вайро ба хона роҳ намедиҳад. Ӯ аз фарзандаш талаб мекунад, ки ба хонаи шавҳараш баргардад, – нақл кард сафир.

Барои Йорк Шугарф номафҳум буд, ки аз чаро бонуи дар хонаи шавҳар хушунатдидаро боз ба ҳамон хона пеш мекунанд. Ба андешаи ӯ, имрӯз давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон қадамҳои устуворона гузошта истодааст.

Муаллифони “Овозҳои ношунида” киҳоянд?

Шоҳина Ғаффорова ҳамоҳангсози намоишгоҳи “Овозҳои ношунида” ва мутахассиси иртибот бо ВАО-и Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе аст. Ӯ ба муовини раиси Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Татяна Туркан, сафири Фаронса хонум Элза Пинёл, ба сафири Олмон ҷаноби Йорк Шуграф, аксбардори соҳибистеъдоди Шаҳзода Баҳриддинова ва дигарон барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ғояи  намоиши “Овозҳои ношунида” изҳори сипос кард.

Шоҳина Ғаффорова ҳамоҳангсози намоишгоҳи “Овозҳои ношунида”

“Масъалаҳои баробарӣ дар миёни ҷинсҳо, ҳимояи ҳуқуқи занон ҳанӯз ҳам мубрам боқӣ мемонад. Дастрасии маҳдуд ба таҳсил, мавҷуд набудани озодии интихоб, қавӣ будани стереотипҳое, ки дар зеҳни наслҳо реша давондаанд, ба ҳаёти занону кӯдакон бетаъсир намемонад.

Кӯшишҳои давлату ҳукумат дар ҳифзи ҳуқуқи занон бе иштироки фаъоли ҳар яки мо пурра ба самар намерасад”,- гуфт Шоҳина Ғаффорова зимни ба намоиш гузоштани наворе, ки дар асоси ҳаёти қаҳрамонони аксҳо таҳия шудааст.

Бояд гуфт, ки муаллифи аксҳои намоиши “Овозҳои ношунида” Шаҳзода Баҳриддинова аст. Ӯ низ дар қисмати ҷамъбастии намоиш аз ҷараёни сабт ёдовар шуда гуфт, ки дар таҳияи аксҳо ҳунарпешаҳо маҳорати хуби ҳирфаӣ нишон доданд. Онҳо ҳар эҳсосе, ки занони хушунатдида дар ҳаёти реалӣ эҳсос мекунанд, нишон дода тавонистанд.

“Умедворам, ки аксҳо барои ҷалби диққат ба масъалаи хушунат, тағйири ақидаҳо ва ба бунёди ҷомеае, ки дар он занон дар муҳаббат ва некӯаҳволӣ зиндагӣ мекунанд, кӯмак мерасонад. Дар робита ба ин, гуфтаниям, ки набояд ба зӯроварӣ хомӯш буд. Хомӯшӣ ба хубӣ намебарад”,- таъкид дошт суратгир.

Равоншиноси пуртаҷриба Муҳаррам Раҳимова, ки яке аз тамошокунандагони намоиш буд, перомуни муҳтавои аксҳои намоиш ва муносибати ҷавонони имрӯза нисбат ба масъалаи оиладорӣ хулосаи худро чунин изҳор дошт:

“Дар аксҳо баъзе ҳолатҳо аз ҳаёти имрӯа хеле хуб нишон дода шудааст. Дуруст аст, ки имрӯз аксари бонувон аз лиҳози иқтисодӣ пойбанди шавҳаранд. Бештари онҳо ягон касбу ҳунар наомӯхта, оиладор шуданд. Ин омил боиси пайдо шудани якчанд навъи зӯровариҳо мешавад.

Хушбахтона, мушоҳида мешавад, ки имрӯз бархе ҷавонон аз волидон талаб мекунанд, ки дар интихоби ҳамсар озод бошанд. Барои чунин ҷавонҳо соҳибмаълуомту ҳунарманд будани ҳамсари ояндаашон муҳим аст. Ин тамоюли хушнудкунанда аст”, – иброз дошт равоншинос.

Файзуллохон Обидов, Your.tj

Skip to toolbar