Нахустин парвози хатсайри Бишкек-Хуҷанд-Бишкек

16-уми март ширкати “Asman Airlines”-и Қирғизистон аввалин хатсайри мустақими ҳавоӣ дар самти Бишкек-Хуҷанд-Бишкек анҷом дод. Дар ин хусус хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.

Гуфта мешавад, нахустин мусофирони хатсайр намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон ва дигар шахсони расмӣ буданд.

Хатсайр бо мақсади густариши ҳамкории иқтисодӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон фаъол гардид, менависад манбаъ.

“Дар ин сафар меҳмонон бо осоишгоҳи “Баҳористон”, Қалъаи Хуҷанд ва Қасри таърихии Арбоб шинос шуданд”,- хабар медиҳад хадамоти матбуот.

Ёдовар мешавем, ки ширкати “Сомон-Эйр” 14-уми март пас аз чор сол қатъи хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аввалин парвози ҳавоиро дар самти Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом дод.

Тавассути он ҳайати расмии Тоҷикистон ва рӯзноманигорону блогерон сафар карданд.

Шурӯъ аз 23 март парвозҳо дар ин хатсайр ҳафтае як маротиба, рӯзи якшанбе анҷом дода мешаванд.

Вақти парвоз аз Душанбе 10:30, аз Бишкек 14:20 (бо вақти маҳаллӣ). Мудати парвоз 1 соату 30 дақиқа аз Душанбе ва 1 соату 20 дақиқа ба самти муқобил хоҳад буд.

Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Бишкек моҳи майи соли 2021 бо сабаби маҳдудиятҳои воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон қатъ карда шуд. Моҳи июни соли 2021 мақомоти Қирғизистон расман марз бо Тоҷикистон, аз ҷумла алоқаи ҳавоиро баста буданд.

Skip to toolbar