Мулоқоти Тоҷикистону Қирғизистон

Мувофиқаи беш аз 24 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Боз 24,01 километр сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мувофиқа шудааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.

Мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии ду кишвар оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатиь аз 29-уми ноябр то 5-уми декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор гардид.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот Протоколи навбатӣ ба имзо расид. Маълум нест, ки ҷонибҳо дар хусуси кадом минтақаҳо мувофиқа карданд. Аммо қайд мегардад, мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ  доир шуд.

“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъйини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Кирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд”,- менависад манбаъ.

Сомонаи расмии Девони вазирони Қирғизистон ҳам дар бораи мулоқот ва имзои протокол хабар додааст.

Дар соли 2023, бахусус дар моҳҳои ахир, кори ҳайатҳои дуҷониба ҷоннок шуда, пайваста ҷаласаҳо баргузор шуданд. Танҳо дар моҳҳои октябр ва ноябр ҷонибҳо аз тасдиқи тақрибан 75 километр марзи давлатии ду ҷониб хабар доданд.

Дар нишасти ахири рӯзи 1-уми декабр дар шаҳри Бӯстон Ятимов ва Ташиев изҳор доштанд, ки дар мавриди манотиқи стратегии делимитатсия ва  демаркасияи марзи давлатӣ ба тасмимҳои бунёдӣ расидаанд. Аз ҷумла, изҳор доштанд, ки масъалаи роҳи Ворух ва қитъаи Торт-кочо (аз он ҷо роҳи Бодканд-Исфана мегузарад) миёни Тоҷикистону Қирғизистон амалан ҳал шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин изҳор доштанд, ки “Қирғизистон ба тамоми иншооте, ки дар қаламрави мо дорад, дастрасии доимӣ хоҳад дошт, вале қаламрав аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Тамоми иншооте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон дорад, абадан ва доимо аз тарафи Тоҷикистон истифода мешаванд, вале заминҳо қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ мемонад”,

Ҷузъиёти мулоқот ва тавофуқоти ҳосилшударо дар матлаби “Истифодаи роҳи “Ворух – Хоҷаи Аъло” ва истгоҳи “Головное”.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.  Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти марзӣ мушаххас ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда баҳсбарангез дониста мешаванд.

Skip to toolbar