fbpx

“Дар соҳаи энергетика бонувон низ пешсаф шуда метавонанд!”

Назари заноне, ки дар вазифаҳои баланди ин соҳа кор мекунанд.


0

Аз замони ба даст овардани истиқлол Тоҷикистон дар ҳама самтҳои калидӣ босуръат рушд мекунад. Яке аз ин самтҳо рушди бахши энергияи барқароршаванда ба ҳисоб меравад.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон Бонки осиёии рушд афзоиши иштироки занони соҳибихтисос дар вазифаҳои техникии бахши энергетикаи мамлакат мусоидат мекунад.

Лоиҳа Ширкати “Барқи тоҷик”, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва “Шабакаҳои интиқоли барқ”-ро барои имкониятҳои баробари занон дастгирӣ кард. Дар доираи лоиҳа ташхиси гендерии ин ширкатҳо гузаронида шуд.

Мавлуда Раҷабова, сардори бахши нақлиёти ҶСК “Барқи тоҷик” бо боварии том мегӯяд, ки дар системаи энергетика барои занон ҷой ҳаст. Ӯ ҳамчунин саҳми бонувони тоҷикро дар рушду тараққиёти соҳаи энергетика баланд арзёбӣ мекунад.

“Онҳо дар баробари мардон устуворона, софдилона, аз тамоми қалб қадам ниҳода, барои ба даст овардани яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ, саҳмгузоранд”,- афзуд Раҷабова.

Ба гуфтаи ӯ аз тарафи роҳбарияти ҶСК “Барқи тоҷик” барои сайқал додани дониши бонувон ва фаъолияти беҳтари онҳо тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ба андешаи Дилбар Собирова, муҳандиси пешбари шуъбаи шартномаҳои ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бошад, барои дар ин соҳа кор кардан, муҳимтар аз ҳама – ин боварӣ ба худ аст.

“Агар ягон кас гӯяд, ки илмҳои дақиқ ва соҳаи энергетика шавқовар нест, беҳад хато мекунад”,- махсус қайд намуд ӯ.

Муовини сардори хадамоти марказии воситаҳои танзим ва идораи технологии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Дилафрӯз Зоирӣ гуфтаҳои болоро тасдиқ намуда, мегӯяд дар ин корхона 120 нафар коргар кор ва фаъолият менамоянд, ки аз он 42 нафар занон мебошанд.

“Занон дар ҳар гуна самтҳои техникӣ кор мекунанд, дар самтҳои муҳосибот, шӯъбаи умумӣ кор кор ва фаъолияти худро мебаранд. Дар муддати чандин сол инҷониб кор дар ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” хеле шавқовар аст”,- гуфт ӯ.

Дилафрӯз гуфт, роҳбарияти ҷамъият барои такмили ихтисоси бонувони тренингҳои гуногун ташкил мекунад ва онҳоро бо мукофотпулиҳо ҳавасманд мегардонад.

“Ман ба ҳамаи духтароне, ки айни замон дар фикри интихоби ихтисоси худ ҳастанд, тавсия медиҳам, ки илмҳои дақиқро интихоб намоянд. Дар замони муосир кор ва фаъолияти мо тариқи автоматӣ аст, ки корро боз ҳам осонтар мегардонад. Дар соҳаи энергетика бонувон низ пешсаф шуда метавонанд!”,- таъкид намуд ӯ.

Мувофиқи омори расмӣ дар соли 2020 дар соҳаи энергетика ва таъминоти барқ ҳамагӣ 14491 нафар бо кор  таъмин буданд, ки 12%-и онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Яке аз натиҷаҳои барномаи Бонки Осиёии Рушд барои рушди бахши энергетика дар Тоҷикистон ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани иқтидор, аз ҷумла афзоиши иштироки занон дар бахши энергетика мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend