Бахтиёр Қодиров барномаи “Садо” – ро барои телефонҳои мобилӣ таҳия кардааст. Ин барнома зиёда аз 20 китоби сабтӣ (аудиокитоб) бо забони тоҷикӣ, мусиқӣ ва подкасту радиоҳои ватанию ҷаҳониро дар худ дорад. Дар он мусиқӣ, радиоҳои ватанӣ ва ҷаҳонӣ, подкастҳо ва аудиокитобҳоро гӯш кардан имкон дорад.
Саҳифаҳои “sado app” дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, имкониятҳои барномаро муаррифӣ мекунанд. Муаллифи Your.tj бо созандаи барномаи мазкур аз пайдоиши идея ва имкониятҳои дигари он суҳбат кард.
“Аввал ҳатто компютери шахсӣ надоштам…”
Ӯ баъди хатми мактаб соли 2007 ба филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил шудааст. Замони мактабхонӣ ба соҳаи барномасозӣ завқ пайдо карда буд. Вале барои татбиқи он дар амал компютери шахсӣ надошт.
“Дар мактаб имконияти аз компютер истифода бурдан ниҳоят кам буд. Компютери шахсӣ надоштам. Вақте ба донишгоҳ дохил шудам, дар соли аввал аллакай соҳиби компютери шахсӣ гардидам. Ман аз рӯйи ихтисоси иқтисоддон – барномасоз (экономист – программист) таҳсил кардам. Шавқу рағбати ман ба барномасозӣ аз он вақт бештар шуд”,- гуфт Бахтиёр.
Аввалин барномаашро дар ҳамон вақт таҳия кард. Он барои иртиботи омӯзгорон бо волидони толибилмон пешбанӣ шуда буд. Бахтиёр нахустин компютери шахсиашро, ки аз дасти дуюм (истифодашуда) харида буд, ҳанӯз дар хотир дорад. Зеро маҳз дар он идеяҳои нахустинашро амалӣ кардааст.
“Вақте дар донишгоҳ дарси барномасозиро меомӯзониданд, дар кардам, ки бе компютери шахсӣ хеле душвор аст. Он замон дар баробари таҳсил дар донишгоҳ ба ҳайси лаборанти кабинети физика дар мактаб низ кор мекардам. Музди меҳнатамро ҷамъ намуда як ноутбуки дар истифодашуда харидорӣ намудам.
Аввалин барномаамро бо ҳамон компютер таҳия карда, фурӯхта будам. Барнома системае дошт, ки ба волидайни хонандагони мактаб оиди пешрафти фарзандонашон ҳамарӯза СМС (паёмак) мефиристод. Онро як мактаби хусусии Хуҷанд харидорӣ намуд. Аз ин рӯҳбаланд шудам”,- нақл мекунад Бахтиёр Қодиров.
Замони таҳсил дар курси чорум, дар як вақт ба донишҷӯён аз фанни информатика дарс мегуфт. Баъди хатми донишгоҳ дар соли 2011 чанд сол ҳамчун омӯзгор ҳамон ҷо кор кард. Соли 2016 бошад фаъолияташро дар Бонки Эсхата идома дод. Баъди ду сол, дар соли 2018 ӯ ширкати шахсии худро дар соҳаи IT таъсис дод.
Нахустин муваффақият дар соҳаи IT
Дар ин муддат бо имкониятҳои зиёди соҳаи IT ошноӣ пайдо мекунад. Ҳамон сол дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар акселератори технопарки байналмиллалии «Astana Hub» иштирок менамояд. Дар он ҷо давоми 3 моҳ лоиҳаи стартапи худро пеш мебарад.
Бахтиёр бо бисёр соҳибкорони рақамии Қазоқистон шиносоӣ пайдо менамояд. Муваффақиятҳои онҳоро дида азм мекунад, ки дар Тоҷикистон стартапи худро бунёд кунад. Дар давоми се моҳи акселератсия Бахтиёр соҳиби донишу малакаи зиёд гадид. Ӯ кӯшиш кард, ки ин донишҳоро дар лоиҳаҳои худ тадбиқ намояд.
Ҳоло Бахтиёр дар филиали финтех – компанияи Қазоқистон – Wooppay дар Тоҷикистон ба ҳайси директор фаъолият мекунад. Ҳамчунин, якчанд лоиҳаи стартап дорад, ки ҷавонтарини онҳо барномаи мобилии «Садо» мебошад.
“Барнома имконият медиҳад, ки дар он мусиқӣ, радиоҳои ватанӣ ва ҷаҳонӣ, подкастҳо ва аудиокитобҳоро гӯш кунанд. Дар аввал идеяи барномаи “Садо” танҳо аз радио иборат буд. Мо хостем, шаҳрвандони Точикистон, ки берун аз ватананд, тариқи барнома аз шунидани радиоҳои ватанӣ баҳраманд гарданд. Ҳамчунин радиоҳои хориҷиро низ гӯш кунанд.
Дар раванди таҳия идеяи ҷой додани ҳама намуди контенти садоӣ ба барнома пайдо шуд. Ҳамин тавр, дар барнома бахшҳои мусиқӣ, подкастҳо ва аудиокитобҳоро ҷойгир намудем”,- нақл кард каҳрамони мо.
Шакли сабтии осори адибони тоҷик дар “Садо”
Бахтиёр мехост дар барномаи “Садо” муҳтавои гуногунро бо забони тоҷикӣ ҷой диҳад. Барои ин ҳатто ба созандагони чунин мавод муроҷиат намуд. Бо розигии онҳо сабту подкастҳои гуногун ва аудиокитобҳоро дар барномааш ҷой дод. Ҳоло миқдори аудиокитобҳо бо забони тоҷикӣ дар барномаи «Садо» зиёда аз 20 адад мебошанд.
“Мо дар ҷустуҷӯйи муҳтаво бо забони тоҷикӣ ба мушкилӣ дучор омадем. Зеро онҳо ниҳоят каманд. Аудиокитобҳо қариб ки нестанд. Аз ин рӯ, ба хулосае омадем, ки бояд худамон аудиокитобҳоро сабт кунем. Ҳамин тавр студияи як радиостансияро ба иҷора гирифта ба сабти аудиокитобҳо шурӯъ намудем.
Аз он ҷумла асарҳои «Мактаби кӯҳна», «Одина» – и Садриддин Айнӣ, «Тобистон»- и Пӯлод Толис, «Афсонаҳои халқи тоҷик» ва ғайраро ба шакли сабти садоӣ даровардем. Сабти аудиокитобҳоро ҳоло давом дода истодаем”,- гуфт ӯ.
Мақсади таҳияи барномаи “Садо”
Ҷавонон вақти худро бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Барномаи “Садо” ба онҳо имконият медиҳад, ки тавассути интернет китобҳои тоҷикиро гӯш кунанд. Ин ҳам як навъ ғизои маънавист.
“Ҷавонон имрӯз кам китобу маҷалла мехонанд. Мақсади ин аст, ки онҳо бо асарҳои адибони бузурги мо тавассути гӯш кардани шакли аудиоии онҳо бархӯрдор шаванд. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки адибони тоҷик бисёр асарҳои пурмазмун доранд. Шиносоӣ бо ин асарҳо барои тарбияи онҳо таъсири мусбат мерасонад”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Бахтиёр ният дорад бештар асарҳои тарбиявии бузургони тоҷикро ба намуди аудиокитоб пешкаш намояд. Зеро ҷавонон имрӯз аксаран ба тарзи ҳаёти ғарбӣ пайравӣ менамоянд.
“Мо мехоҳем, онҳо дарк намоянд, ки осори мутафаккирони Шарқ, бахусус тоҷик шавқовартаранд. Тариқи гӯш кардани аудиокитобҳо метавон ҳам ғизои маънавӣ ва ҳам тарбияи миллӣ гирифт”,- гуфт қаҳрамони мо.
Гурӯҳи корӣ ва нақшаҳои минбаъдаи “Садо”
Барои пешкаш намудани барномаи “Садо” тими алоҳида корбарӣ мекунад. Он аз 4 барномасоз, 2 менеҷер ва 2 корманди шабакаҳои иҷтимоӣ ва идоракунандагони муҳтаво иборат аст.
“Барои сабти аудиокитобҳо кормандони радио Тироз ҷалб шудаанд. Сабти аудиокитобҳо низ дар студияи онҳо ба роҳ монда шудааст. Интихоби китобҳо бошад, ба тарзи муҳокима бо тим амалӣ карда мешавад. Мо ба тарзи муҳокима рӯйхати 100 аудиокитобро ташкил намудем. Айни ҳол бо навбат онҳоро сабт менамоем”,- гуфт ӯ.
Ҳоло дар барномаи “Садо” сурудҳои сарояндагони тоҷикро низ гӯш кардан имкон дорад. Ба гуфтаи Бахтиёр дар ҳамкорӣ бо овозхонҳо тариқи шартномавӣ сурудҳои онҳоро дар барнома ҷойгир менамоянд. То ҳол бо зиёда аз 20 сароянда шартнома шудааст ва нияти зиёд кардани шумораи онҳоро дорад.
Тамоми хароҷоти барномаи “Садо” аз ҳисоби маблағҳои гурӯҳ ба роҳ монда шудааст. Барои сабти аудиокитобҳо ва музди меҳнати кормандон маблағи муайян лозим аст. Барои ҳамин, дастрасӣ ба барнома ба таври пулакӣ ба роҳ монда шудааст.
“Дар ҳамкорӣ бо операторони мобилӣ, пардохти дастрасиро ба барнома тариқи ҳисоби телефон ба роҳ мондем. Ҳамчунин бар ивази пардохти обуна ба барномаи “Садо” истифодабрандагон на танҳо аз муҳтаво истифода бурда метавонанд, инчунин аз тарафи операторони мобилӣ сарфи Интернет барои муҳтаво ба ҳисоб гирифта намешавад. Яъне истифодабарандагон тамоми муҳтаворо бе сарфи интернет гӯш карда метавонанд”,- гуфт Бахтиёр Қодиров.
Аминҷон Раҳматзода