Раҷаббой Аҳмадзода ваъда кардааст, ки дар 5 соли оянда 500 корхона месозанд
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як машварати корӣ ба муовинонаш ва раисони бархе аз шаҳру ноҳияҳо дастур додааст, ки дар панҷ соли оянда сари бунёди 500 корхонаи саноатӣ тадбир андешанд.
Ин корхонаҳо бо дарназаргирии захираву имкониятҳои мавҷуда бунёд карда мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бо назардошти панҷсолаи рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.
“Саноатчиёни вилоят дар соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 20 миллиарду 944,0 миллион сомонӣ расониданд ва суръати афзоиш дар сатҳи 131,3 фоизи ҳамин давраи соли 2020 таъмин гардид”, – гуфтааст, Хадамоти матбуоти раиси Суғд.
Раиси вилояти Суғд роҳбарони ниҳодҳои марбута ва раисони шаҳру ноҳияҳоро муваззаф кардааст, дар соҳаи кишоварзӣ,имкониятҳо зиёданд ва бояд заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар зиёд карда шавад. Дар рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, коркарди саривақтии замин ва истифодаи тухмиҳои хушсифат бояд чораандешӣ кунанд.
Ба масъулин барои тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, омодагиҳо ба мавсими нави кишту кор, аз ҷумла кишти картошкаи барвақтӣ, истифодаи самараноки гармхонаву сардхонаҳо дастур дода шудааст.
Муштзани қирғиз рақиби тоҷики худро тела доду лагад зад. Ӯро аз чемпионати Осиё ронданд
Дар қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонон, муштзани қирғиз Жакшилик Тилек уулу варзишгари тоҷик Хусравхон Раҳимовро лагадкӯб карданӣ шуда, барои ин аз ҳаққи ширкат дар мусобиқа маҳрум шуд.
Дар қувваозмоӣ байни варзишгари тоҷик Хусравхон Раҳимов ва муштзани қирғиз Жакшилик Тилек уулу дар қаҳрамонии бокси Осиё байни ҷавонон варзишгари қирғиз бо истифода аз усулҳои манъшуда ба сӯйи муштзани тоҷик лагад андохта, ӯро кӯфтанӣ шуд.
Дар натиҷа пеш аз раунди дуюм довар тасмим гирифт, ки қувваозмоиро боздошта, муштзани тоҷикро ғолиб эълон намояд.
Баъди чунин қарори довар аз чашмони Тилек уулу ашк рехта, пас аз эълони қарор низ боз ҳарифашро каме тела дод.
Қобили зикр аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои қувваозмоиҳои пешакӣ, чанде аз муштзанҳои тоҷик ба марҳилаи дигар роҳ ёфтанд. Онҳо қувваозмоиҳоро барои роҳ ёфтан ба даври нимфиналӣ, ки рӯзҳои 25-26 январ баргузор мешаванд, идома медиҳанд.
Дар Тоҷикистон дар се шабонарӯз 85 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабд гардид
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар се рӯзи гузашта 85 ҳолати гирифторӣ ба бемории COVID-19 сабт шудааст. Вале маълум нест, онҳо ба омикрон, навъи ҷаҳишёфтаи бемории ҳамагир, мубтало шудаанд ё навъҳои дигари он.
Мақомоти Тоҷикистон баъд аз моҳҳо танаффус, рӯзи 21-уми январи имсол, дар бораи бозгашти бемории ҳамагир ба кишвар хабар доданд.
Вазорати тандурустӣ то рӯзи 21-уми январ аз пахши омори беморон худдорӣ мекард. Ба итилои расмӣ, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17180 нафар бемор шуда, 124 кас ҷон бохтаанд.
Айни замон дар кишвар мардуми зиёде ба бемориҳои роҳҳои нафас, ба мисли сармохӯрдагӣ гирифторанд, ҳарчанд мегӯянд, беморӣ сабук ва зуд мегузарад. Аз ин рӯ, мутахассисон ба омори Вазорати тандурустӣ дар бораи сирояти ками беморӣ дар миёни мардум шубҳа доранд.
Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Чин иштирок намекунад
Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Пекин, ки 4 феврал оғоз мегардад, иштирок намекунанд.
Дар ин бора КМО Тоҷикистон маълумоти расмӣ надодааст ва ба савол дар бораи Тоҷикистонро дар олимпида кӣ намояндагӣ кардан, дар хадамоти матбуоти кумита изҳор намуданд, ки ҳеҷ кадоме аз варзишгарони тоҷик натавонист, ки иҷозатномаи иштирокро ба даст орад.
Ба гуфтаи намояндаи КМО, бар асари пандемияи коронавирус дар саросари дунё варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ ва ҷамъомадҳои машқиву омӯзишӣ иштирок карда натавонистанд.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Чин изҳор доштааст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар низоми Кумитаи байнулмилалии олимпӣ сабт шуда, дар Бозиҳои олимпӣ ба сифати меҳмон ширкат меварзад.
Қаблан дар изҳороти КДАМ Тоҷикистон зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ қатъиян пуштибонӣ мекунад.
Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ аз 4 то 20 феврал дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) ворид гардидааст. Иштироки беш аз 4 ҳазор варзишгар аз 95 давлати дунё дар назар аст. Онҳо барои 109 маҷмӯи медалҳо рақобат мекунанд.