Муяссара Деҳқонова маъюби гурӯҳи якум аст, яъне дасту пойҳояш кор намекунанд. Вале бо вуҷуди ин духтари ҷавон аз зиндагӣ дилсард нашуд ва ҳамавақт ба пеш ҳаракат кард. Доимо кӯшиш кард, то зиндагиро рангин бубинад. Ӯ айни замон аз мӯҳра ороишоти гуногун сохта ба фурӯш мебарорад, мехоҳад маблағ пасандоз карда аробачаи маъюбии элетронӣ бихарад.
Муяссара Деҳқонова сокини шаҳри Конибодом мебошад. Ба гуфти духтурон вай аз сабаби никоҳи хешу табории волидонаш бо маъюбият таваллуд шудааст. Даврони кӯдакии Муяссара мисли дигар кӯдакон бо афтидану хестан, шодиву нишот сипарӣ нагаштааст.
“Ман модарзод бо маъюбият ба дунё омадаам. Дар хӯрдиам бисёр ғам мехӯрдам, ки мисли дигарон роҳ гаштану бозӣ кардан наметавонам. Бо гузашти вақт ба ҳамааш одат кардам ва кӯшиш кардам, ки ҳадди ақал дастонамро ба кор дарорам”, – мегӯяд Муяссара.
Нахостам сарбори волидон бошам
На дастон ва на пойҳои Муяссара кор намекунанд. Барои шифо ёфтан дар хурдсолиаш волидонаш ӯро як маротиба ҷарроҳӣ мекунанд. Духтурон мегӯянд, ки пас аз як сол боз барои ҷарроҳӣ биёранд. Вале аз сабаби тангдастӣ волидони Муяссара наметавонанд, дигар ӯро ҷарроҳӣ кунанд. Ҳамчунин пас аз ҷарроҳии аввал ягон беҳбудие дар саломатии Муяссара намебинанд.
Чун Муяссара мебинад, ки дастнигаре касе будан, душвору баъзан аламовар аст, кӯшиш мекунад дастонашро ба ҳаракат дарорад.
“Намехостам, ки дигар сарбори аҳли оилаам бошам. Аз ин рӯ пеши худ мақсад гузоштам, ки ҳадди аққал бояд дастонамро ба кор дарорам. Ҳар саҳар аз хоб хеста кӯшиш мекардам, ки чангу ғубори ҳуҷраамро тоза кунам. Сипас оҳиста оҳиста ин кор ба ман даст дод, то чанд ангуштамро ба кор дарорам”, – нақл мекунад Муяссара.
Аз интернет ҳунар омӯхтам…
Ҳоло Муяссара аз ӯҳдаи ҳама кори хона ва худаш мебарояд. Ӯ ҳатто хӯроку хӯришҳо омода карда, аз ӯҳдаи ороиши рӯйю мӯй низ мебарояд. Чун Муяссара рӯзи дароз дар хона бе кор ғамгин мешуду аз якрангии ҳаёташ дилгир, қарор медиҳад, ки ягон ҳунар омӯзад.
“Дар аввал мӯҳраҳои кӯҳнаю бекорхобидаи худаму модарамро ҷамъ оварда ҳар гуна даспонаю гарданбанд омода мекардам. Ин кор бароям писанд омад. Инчунин асабҳоям низ ором мешуданду медонистам, ки як рӯзам беҳуда сарф нашудааст. Сипас чун завқам баландтар гашт, аз модарам хоҳиш кардам, ки бароям аз бозор мӯҳраҳои ҳархела биёранд. Дар интернет наворҳои нав ба нав тамошо карда, омода кардани чандин ороишоти дигарро аз он ҷо омӯхтам”, – мегӯяд Муяссара.
Барои Муяссара дар аввал омода кардани ороишот аз мӯҳра бисёр душвор буд, зеро ӯ танҳо бо якчанд ангушташ кор карда метавонаду халос. Лекин ӯ талош карду ҳунарро ба пуррагӣ аз худ кард.
Бисёриҳо пуламро намедиҳанд…
Мутаасифона Муяссара боре ҳам ба мактаб нарафтааст, вале таҳсили хонагӣ гирифтааст. Зеро аз истифодаи аробачаи маъюбӣ шарм медошт. Пас аз оне, ки волидони Муяссара ба муҳоҷират мераванд, ӯ дар тарбияи бибияш мемонад. Баъд аз мудате бибияш дигар намегузорад, ки ӯ хонданашро идома диҳад.
“Яке аз сабабҳои ба мӯҳрабофӣ рӯй оварданам низ ҳамин аст. Пас аз рафтани волидонам он кас гуфтанд, ки хондану навиштанро аз худ карди бас аст акнун. Бо ҳамин муаллимаам дигар наомаданд”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Замоне қаҳрамони мо дар курси омӯзишии ташкилоти ҷамъиятии занони маъюбиятдоштаи “Сафои Конибодом” ҳунар омӯхтааст. Пас аз курси омӯзишӣ, ӯ маҳсули дастонашро дар намоишҳои гуногун ба фурӯш мегузошт. Инчунин ҳамсояҳову шиносҳо омада аз хонаашон ороишоташро харидорӣ мекарданд. Вале мутаасифона на ҳар вақт муздашро медиҳанд.
“Бисёриҳо меоянд, ороишотро гирифта мебаранду бо ҳамин намеоянд ва на пулро бармегардонанд. Аз дасти ман ҳеҷ чиз намеояд, интизор мешавам, ки кай виҷдонашон бедор мешаваду музди корамро медиҳанд”, – мегӯяд ӯ.
300 нафар шогирд тарбия кардаам
Ҳоло Муяссара дар сехи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Конибодом ба духтарон ҳунари мӯҳрабофӣ меомӯзонаду ба ин васила хароҷотҳои худашро рӯйпӯш менамояд.
“То имрӯз ба 300 нафар шогирдонам ин ҳунарро омӯзондам. Барои ба хона рафтану омаданам низ онҳо кӯмак мекунанд. Бисёр мехоҳам, ки аробачаи мъюбии электронӣ дошта бошаму, касеро сарсон накунам. Барои ҳамин кам – кам маблағ пасандоз мекунам”, – мегӯяд Муяссара.
Бо музди ночизи Муяссара ба ин наздикиҳо аробачаи электронӣ харидорӣ кардан номумкин аст. Мушкилии дигараш ин роҳҳои ноҳамвори кӯчаашон аст, ки ӯро дилгир намудааст.
Намехоҳам аз зиндагӣ дилсард бошам
Айни ҳол Муяссара аз ӯҳдаи сарояндагӣ низ мебарояду дар чандин консертҳо дар шаҳри Конибодом ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳамааш аз эълони озмуни “Санъат барои ҳама баробар” оғоз меёбад.
“Ба ман пешниҳод доданд, ки дар озмун иштирок кунам. Қабул кардам, зеро аз хурдӣ зиёд суруд гӯш мекардам, сурудҳои писандидаамро аз ёд карда зам-зама мекардам. Баъдан маро боз ба якчанд озмунҳои дигар даъват карданд. Ҳамин тавр бо маблағи пасандоз намудаам, якчанд суруд сабт кардам. Ба консертҳо даъватам мекунанд, рафта ҳунарнамоӣ мекунам”, – мегӯяд Муяссара.
Чӣ тавре ки ба момаълум гашт, Муяссара духтари хушчақчақу зиндадил будааст. Кӯшиш мекунад, ки дили касеро озор надиҳад. Муяссара зиндагиро бо ҳама каму костагиҳояш дӯст медорад, барои ба қуллаи мурод расидан ҳамеша дар талош аст.
“Ман намехоҳам, ки аз сабаби дорои маъюбият буданам хашмгину аз зиндагӣ дилсард бошам. Ба ҳама нафароне ки дорои маъюбиятанд, тавсия медиҳам, ки умрашонро бефоида нагузаронанд. Ба ягон кор машғул шуда сарбори дигарон набошанд. Ман ҳаминро дарк кардам, ки агар инсон аз таҳти дил хоҳад, аз ӯҳдаи иҷрои ҳама кори дунё баромада метавонад”, – мегӯяд, Муяссара.
Шоҳрухи Исмоил, махсус барои Your.tj