Дар бахши тоҷикии Интернет, канали ParvizTV маъруфият пайдо кардааст. Онҳо тақрибан дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ муштариёни зиёд доранд. Канал асосан навори ҳодисаҳо, задухӯрдҳои кӯчагиро нашр мекунад. Ба суръати пахши навори онҳо, шояд қисми зиёди каналҳои иттилоотӣ ҳасад баранд.
Мо бо муассиси канал ҳамсуҳбат шудем, аммо ӯ нахост номашро бигӯяд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло канал 4 мудири асосӣ дорад, ки ҳама наворҳои ирсолмешударо аз назар мегузаронанд, тафтиш ва пасон нашр мекунанд.
Шумо омодаед бигӯед, ки канали шуморо кӣ пуштибонӣ мекунад?
Худи мо! Ягон нафар каналро маблағгузорӣ ё дастгирӣ намекунад. Ин меҳнати худи мост. Мо нафарони одӣ ҳастем. Шояд вақте мардум моро шиносанд, бовар накунанд, ки ParvizTV ба мо тааллуқ дорад. Беҳтараш худро махфӣ нигоҳ медорем.
Чаро шумо мехоҳед махфӣ бимонед?
Намехоҳем маъруф шавем ва моро дар кӯча шиносанд. Вақте моро шиносанд, шояд дар оянда аз нашри баъзе наворҳо даст кашем. Масалан, аз наворҳои қонунвайронкунии кормандони макомотҳои давлатӣ. Аммо мо инро намехоҳем. Намехоҳем моро мардум шиносад, чун мехоҳем ҳама наворҳои доғи рӯзро нашр кунем.
Оё шумо аз ягон фишор метарсед ё ҳарос доред, ки пас аз нашри видеоҳо шуморо метавонанд таъқиб кунанд?
Не, наметарсем! Чун медонем, ки ягон кори ғайриқонуниро намекунем. Ягон нафар барои нашри видео таҳдид хам накардааст, чун наворҳо ахбори Тоҷикистон мебошанд. Мо бо нашри онҳо нияти ягон касро беобрӯ ва тӯҳмат карданро надорем. Бояд ҳама дар назди қонун баробар бошанд. Вақте моро шиносанд, шояд бароямон ягон мушкилӣ эҷод кунанд.
Тасмими сохтани каналро чӣ гуна гирифтед?
Қисми зиёди сомонаҳои иттилоотии Тоҷикистон якранг мебошанд. Яъне, як сомона ахбореро нашр мекунад, сомонаҳои дигар онро бознашр мекунанд. Ахбори нашрменамудаашон бештар аз матн иборат аст, на видео. Мо хостем як чизе наве ба мардум пешниҳод кунем, то дар Тоҷикистон набошад. Қарор кардем ба видео- ахбори Тоҷикистон, танҳо видео – ахбор! Фикр мекунам, хато накардаем.
Видеои аввалинро дар канал кай нашр кардед?
Тақрибан моҳи январи соли 2018 аввалин навор дар канали ParvizTV нашр шуд, ки он вобаста ба Тоҷикистон набуд. Мо аввал хабари тамоми ҷаҳонро пахш мекардем, вале баъд фаҳмидем, ки нашри ахбори Тоҷикистон беҳтар аст.
Ба Шумо чӣ илҳом бахшид? Мо фикр дорем, ки идея аз канали русии Mash гирифта шудааст. Оё ҳамин тавр нест?
Лайфшот як барномаи махсус буд, ки тариқи он мардуми рус хабарҳоро ба сомонаи ахбории ЛайфНюсь ирсол мекарданд ва ҳатто барои ин мукофотпулӣ ҳам мегирифтанд. Ман ҳама вақт дар ҳайрат мемондам, ходасае ки ҳамагӣ 10 дақиқа пеш рух додааст, дар сомонаи ЛайфНюсь нашр мешавад.
Барои чӣ махсус ParvizTV? Ин номи ягон нафар аст?
Бале, номи як нафар аст. Махфӣ!
Кадом канал пештар пайдо шуд – инстаграм, телеграм ё фейсбук?
Аввал инстаграмканал parviz.tv ва пас аз чанд муддат дар инстаграм саҳифаи эҳтиётии parviz_tv – ро кушодем. Баъдан дар Telegram ва Facebook саҳифа боз кардем.
Наворҳо чӣ хел ба дасти Шумо меафтанд?
Наворҳоро мо тариқи шоҳидони ҷойи ҳодиса дастрас мекунем. Онҳо наворро пас аз 10 – 30 дақиқаи рух додани ҳодиса ба мо мефиристанд.
Шумо онҳоро месанҷед? Чун навор метавонад фейкӣ бошад.
Албатта. Барои ҳамин мо танҳо видеоахбор нашр мекунем, чун дар видео ҳодиса бараъло дида мешавад. Мо ҳатман вақти рӯй додани ҳодисаро тафтиш мекунем, ки мабодо видео кӯҳна набошад. Баъзан вақт одамон навори соли гузаштаро ирсол мекунанду мегӯянд: “Ҳодиса худи ҳозир рӯй дод”. Масалан, 7-уми август агар хато накунам соати 5-и саҳар ба мо хабар расид, ки Баҳром Ғафурӣ дар як садама худи ҳозир ҳалок шуд. Мо албатта пеш аз нашри хабар онро санҷидем. Пас аз ин хабар ба мо ду видеои дигар аз ҷойи ҳодиса равон карданд. Баъдан камаш чор шоҳиди дигар ва як духтур аз беморхонаи Қарияи боло навиштанд, ки Баҳром Ғафурӣ дар садама ҳалок шуд. Баъд мо наворро нашр кардем.
Шумо шахсони навор равон мекардаро мешиносед ё онҳо пинҳонӣ маводҳоро ирсол мекунанд?
Агар дар месенҷерҳои Ватсапу Вайбер ирсол кунанд, рақамҳояшон дида мешавад, вале мо онҳоро махфӣ нигаҳ медорем. Агар видео аз 1 дақиқа кам бошад, бештар онро тариқи инстаграм ва аз як дақиқа зиёдро дар Ватсап ва Вайбер ирсол мекунанд. Ҳама шоҳидоне, ки навор ирсол мекунанд мо махфӣ нигоҳ медорем.
Ба Шумо наворҳои зиёд мефиристанд? Тақрибан дар як рӯз чандто?
Вақте каналро нав кушодем ягон нафар навор ирсол намекард. Мо худамон аз Ютуб ва дигар шабакаҳо ахборҳои нави Тоҷикистонро ёфта нашр мекардем. Аммо ҳозир хеле бисёр ирсол мекунанд, дар як рӯз аз 5 то 25-30 навор аз шоҳидон мегирем. Вобаста ба видео мо 2-3 тои онро интихоб карда нашр мекунем.
Баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бар ин ақидаанд,ки шумо бо кормандони милиса иртибот доред, зеро шумо наворҳоро аз видеокамераҳои назоратӣ низ нашр мекунед. Шумо бо мақомоти милиса ҳамкорӣ доред?
Не, ягон алоқа надорем! Масалан, мо видеоро бо хости ҷабрдида ба номи вазири ВКД нашр мекунем, вақте намояндагони ВКД бо мо дар тамос мешаванд, бо розигии ҷабрдида рақами телефонашро ба кормандони мақомот медиҳем. Ҳама фикр мекунанд, ки мо ҳамаи наворҳоро ба ВКД ирсол мекунем, вале ин тавр нест. Кормандони ВКД аз рӯи навор худашон тафтишот мебаранд.
Бештари видеои шумо сарчашмаи таҳқиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегарданд. Шумо инро чӣ гуна баҳо медиҳед?
Хеле хуб. Бештар ба мо кори РВКД дар Душанбе хеле писанд аст, чун онҳо зуд аз пайи тафтиши навор мешаванд. Бисёри вақт аз рӯйи навор чинояткоронро хеле зуд меёбанд ки ин ҳам кори ҷабрдидаро осон мекунад ва ҳам кори мақомотро. Мехостам ҳамаи ШВКД дар Тоҷикистон мисли РВКД Душанбе кор кунанд.
Оё “қаҳрамонҳо”-и навори дар канал нашршуда кӯшиш карданд, ки Шуморо ёбанд?
Пас аз нашри як навор ба ман одамони ношинос занг зада таҳдид карда гуфтанд: “Ман аз пушти ту 15 рӯз маҳкам шудам, туро ёбам таҷовуз мекунам, фоҳиша” . Баъд фаҳмидам, ки рақами телефон ва нишонаи хонаи маро як дӯстам ба ӯ додааст(маро фурӯхтаст, гӯем ҳам хато намекунем). Лекин як – ду шинос бо ӯ дар тамос шудан ва ӯ баъдан аз ман бахшиш пурсид.
Онҳо шуморо таҳдид мекунанд?
Танҳо тариқи смс дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Баъзе аз қаҳрамонони видеои шумо занон ҳастанд. Гузашта аз ин, пас аз он ки кормандони милиса маълумоти ин занҳоро нашр мекунад, дар бораи рафтори онҳо муфассал менависанд, ин занҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таҳқир қарор мегиранд. Оё рафтори корбарон шуморо ғамгин намекунад?
Мақсади мо танҳо хабар нашр кардан мебошад. Коре, ки кормандони милиса мекунанд, ба мо дахл надорад.
Оё шумо нисбати ин занҳо ягон ҳадафи дигаре доред? Баъзе блогерҳо махсус наворҳоеро нашр мекунанд, ки дар он занони сабӯкпо баръало дида мешаванд. Блогерон изҳор медоранд, ки гӯё мехоҳанд кишварро аз ин гуна одамон пок созанд. Ҳадафи шумо чист?
Агар шумо пайгирӣ карда бошед, мо зери наворҳои нашрмешуда ягон нафареро ҳамчун фоҳиша муаррифӣ накардаем. Танҳо дар зери навор менависем, занозании духтарон, на ин ки занозании фоҳишаҳо. Аз ин хотир, вақте шумо фикр мекунед ки мо танҳо фоҳишаҳоро пайгирӣ мекунем, хато мекунед. Мо духтаронро танҳо барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ нашр мекунем.
Мақсади мо танҳо ба таври онлайнӣ зуд нашр кардани хабарҳои Тоҷикистон мебошад.