Думаи давлатии Русия дар хониши сеюм ва ниҳоӣ қонунеро қабул кард, ки тибқи он дар шаҳр ва вилояти Москва гузаронидани таҷриба оид ба бақайдгирии муҳоҷирон тавассути замимаи мобилӣ пешбинӣ шудааст. “Новая газета – Европа” хабар медиҳад, ки санади мазкур дар пойгоҳи расмии Дума нашр шудааст.
Ин таҷриба аз 1 сентябри соли 2025 то 1 сентябри соли 2029 идома мекунад. Қонун ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ дахл дорад, ба истиснои ноболиғон, дипломатҳои хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо, инчунин шаҳрвандони Беларус.
Бар асоси қонуни қабулшуда, муҳоҷирон дар Москва ва вилояти он бояд дар замимаи махсуси мобилӣ сабтином шаванд, ба коркарди маълумоти шахсӣ (аз ҷумла геолокатсияи дастгоҳ) розигӣ диҳанд ва ба мақомоти полис дар бораи макони воқеии худ хабар фиристанд.
Дар қонун зикр шудааст, ки агар шаҳрвандони хориҷӣ дар давоми се рӯз аз лаҳзаи охирини пайгирӣ маълумоти геолокатсияи дастгоҳро ирсол накунанд, метавонанд аз қайд хориҷ шаванд ва ба феҳристи шахсони зери назорат ворид гарданд (ин як пойгоҳи иттилоотист, ки дар он маълумоти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия нигаҳ дошта мешавад).
Шарҳи муфассал дар бораи он, ки киҳо ва чӣ тавр ба феҳристи шахсони зери назорат ворид мешаванд ва ин чӣ таъсире ба мавқеи муҳоҷир дар Русия дорад, дар ин ҷо хонед.
Илова бар ин, муҳоҷирон дар Москва ва вилояти он уҳдадоранд, изи ангушти худро супоранд, дар маҳалли зисташон сабтином шаванд ва аз аксбардории биометрӣ гузаранд.
Дар моҳи феврали соли 2025 дар Русия феҳристи шахсони зери назорат ба фаъолият оғоз кард. Дар он маълумоти шахсони хориҷие ворид мешавад, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доранд.
Тибқи иттилое, ки то охири соли 2024 нашр шуда буд, 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин феҳрист қарор доранд. Баъзе аз онҳо, бо вуҷуди доштани шаҳрвандии Русия, ба ин рӯйхат шомил шудаанд.
Қиссаи муҳоҷиронеро, ки ба ин феҳрист шомил шудаанд, дар ин ҷо хонед.
Шахсоне, ки ба ин рӯйхат шомиланд, аз як қатор ҳуқуқҳо маҳрум мешаванд. Ба онҳо иҷозати иваз кардани маҳалли зист, қайди никоҳ, амволи ғайриманқул ё воситаи нақлиёт дода намешавад.
Барои ширкатҳое, ки ба чунин муҳоҷирон хизмат мерасонанд ё онҳоро ба кор мегиранд, ҷаримаҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия изҳор дошт, дар камтар аз як моҳ 685 ҳазор нафар ба феҳристи шахсони зери назорат ворид карда шудаанд.
Дар рӯзҳои аввали татбиқи низом, муҳоҷирон дастаҷамъона шикоят мекарданд, ки онҳоро иштибоҳан ба рӯйхат ворид кардаанд, ки боиси басташавии ҳисобҳои бонкӣ ва дигар маҳдудиятҳо шудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз 30-юми июни соли 2025 Русия барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид вориди ин кишвар мешаванд, низоми нави бақайдгирии рақамиро ҷорӣ менамояд. Акнун барои убур кардани марзи Русия, ба хориҷиён лозим меояд, ки пешакӣ дар портали “Госуслуги RuID” сабтином карда, QR-рамзи шахсӣ гиранд.
Барномаи мобилии “Госуслуги RuID”, ки барои сабтином истифода мешавад, ҳанӯз барои зеркашӣ дастрас нест. Дар барномаи умумии “Госуслуги” низ чунин имконот ҷой надорад.
Бо вуҷуди ин, тартиби сабтином аллакай тавзеҳ дода шудааст.
Он чӣ тавр кор мекунад ва QR-рамзро чӣ тавр гирифта мешавад, дар ин ҷо шарҳ додем.