Муҳоҷирони тоҷик аз рейдҳои саросарӣ дар ду шаҳри бузурги Русия шикоят доранд. Мухтасари хабарҳои рӯз

“Толибон”* дар набардҳои шадид бо Ҷабҳаи муқовимат талафот доданд

Ҷангҷӯёни “Толибон”* дар набардҳои шадид бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ талафот доданд, хабар медиҳад “Коммерсант”.

Даргириҳо дар навоҳии Пули Ҳисор ва Деҳсалоҳи музофоти Бағлон, ки дар ҷанубу шарқи Панҷшер воқеъ аст, ба вуқӯъ пайвастанд.

Ба гуфтаи манобеъ, “Толибон”* дар ҷараёни набардҳо беш аз 60 нафарро аз даст дода, маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд.

Далели задухӯрдро “Толибон”* расман тасдиқ карда, гуфтаанд, ки онҳо низ се муқовиматгарро аз байн бурдаанд.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз рейдҳои саросарӣ дар ду шаҳри бузурги Русия

Муҳоҷирони тоҷик аз баргузории рейдҳои густурда дар пойтахти Русия, вилояти Маскав ва шаҳри Санкт Петербург ба расонаҳо хабар доданд. Муҳоҷирони тоҷик дар сӯҳбат гуфтанд, ки бо вуҷуди доштани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошту ҳатто то ду шабонарӯз дар шӯъбаҳои пулис нигоҳ дошта шуданд.

Ба қавли мусоҳибон, ҳамаи онҳоро 5 300 рубл русӣ ҷарима кардаанд. Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои русӣ аз боздошти беш аз 100 муҳоҷири корӣ дар сохтмони Истра навиштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, рейд бидуни эълони пешакӣ сурат гирифтаву, кормандони сохтмон талоши фирор кардаанд. Вале пулис онҳоро дастгир ва аснодашонро тафтиш намудааст.

Дар Душанбе интиқоли гармӣ ба хонаи сокинон оғоз гардид

Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 18 октябр ба кор оғоз намуда, баъди як-ду рӯз пурра ба реҷаи муқаррарии корӣ ворид мешавад, хабар додааст “Барқи тоҷик”.

Маркази мазкур дар тобеияти худ Марказҳои барқу гармидиҳии рақами 1 ва 2, дегхонаҳои ғарбиву шарқиро дорад, ки Маркази барқу гармидиҳии рақами 2 бо ангишт ва боқимонда бо гази Ӯзбекистон фаъолият мекунанд.

Таъкид шудааст, ки Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз, 460 МВт неруи барқ ва 515 гигакалория гармӣ истеҳсол менамояд.

“Дар ин мавсим 2762 бинову иншооти шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мегардад, ки ин нисбат ба соли гузашта 200 бинову иншоот зиёд мебошад”, – омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки нархи гармӣ бетағйир буда, чун соли қаблӣ барои аҳолӣ маблағи пардохт барои 1 метри мураббаи майдони гармшаванда бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда 1,18 сомониро ташкил медиҳад.

Оҷонсӣ аз боздошти як корманди комиссариат хабар дод

Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як корманди комиссариати ҳарбӣ хабар дод. Ба навиштаи Оҷонсӣ, Раҷабалӣ Дӯстов, сардори мухобироти махфии яке аз комиссаритяҳои ҳарбӣ барои озод кардан аз хидмати ҳарбӣ ришва хостааст. Оҷонсӣ мегӯяд, гумонбар зимни гирифтани 22 ҳазор сомонӣ аз бародари ҷавони даъватшаванда ба даст афтодааст.

Мақомот мегӯянд, алайҳи ин корманди комиссариат бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз кардаанд. Ин моддаи қонун 8 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Консули тоҷик барои табрики мавлуди Паёмбар ба масҷиди Екатеринбург рафт

Зафар Сайидзода, консули генералии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндаи Вазорати меҳнату муҳоҷират 17-уми октябр ба як масҷиди шаҳри Екатеринбург рафта, намозгузоронро ба рӯзи мавлуди Паёмбари ислом табрик гуфтаанд. Дар масҷиди ҷомеи ба номи “Имоми Аъзам Абӯҳанифа” аксаран тоҷикистониён намоз мегузоранд.

Дар хабарномаи Консулгари генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург омадааст, зимни дидор бо намозгузорон, ҳамчунин дар масъалаҳои марбут ба муҳоҷирон, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва гуруҳҳои террористиву экстремистӣ сӯҳбат шудааст.

“Дар поёни сӯҳбат Имом–хатиби масҷид Раҳмуддин Ғиёсов ба Консули генералӣ ва намояндаи Вазорати, меҳнат аз номи ибодатгарони тоҷик Қуръони маҷидро туҳфа намуд,”-омадааст дар хабари расмӣ.

Адиби тоҷик Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ аз олам даргузашт

Адиб ва донишманди шинохтаи тоҷик ва ҳомии забону адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар синни 78 – солагӣ дар шаҳри Самарқанд аз олам даргузашт. Дар ин бора донишманди тоҷики муқими Алмаато Сафар Абдуллоҳ аз қавли духтари марҳум хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки маросими видоъ бо адиби марҳум баъд аз зуҳри имрӯз дар деҳаи Кӯйи сахо баргузор мешавад.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ — шоир, драманавис, адабиётшинос, узви Шӯрои Анҷумани байналхалқии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» (1990), аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ӯ соли 2000-ум барои асарҳояш ба Ҷоизаи ба номи Деваштич сазовор гардидааст.

Ба муҳоҷирони тоҷик дар Воронеж шиносномаҳояшонро баргардониданд

Ба зиёда аз 100 муҳоҷирони тоҷик, ки ба қавли худашон, дар шароити ғуломона дар вилояти Воронежи Русия кор мекарданд, шиносномаҳояшонро баргардонида, ваъда доданд, ки музди мешанташонро низ пардохт мекунанд, хабар дода мешавад дар саҳифаи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар шабакаи иҷтимоии Facebook.

Гуфта мешавад, кормандони сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон пас аз шикояти муҳоҷирони тоҷик дар бораи шароити душвори корашон ҷиҳати ҳалли ин мушкил ба вилояти Воронеж рафтаанд.

Зимни суҳбатҳои намояндагони сафорат бо корфармо ва шаҳрвандони Тоҷикистон маълум карда шуд, ки 22 июли соли ҷорӣ 110 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба вилояти Воронежи Федератсияи Россия сафар кардаанд.

“Мутаасифона, дар рӯзҳои аввали омадан ба Воронеж аз ин теъдод 6 нафар ба сирояти COVID-19 гирифтор шуданд ва давоми 14 рӯзи минбаъда ҳамаи он гурӯҳ дар ҳолати карантин қарор доштаанд”, – омадааст дар хабар.

Skip to toolbar