Муҳоҷират ба Русия коҳиш ёфт: 1,44 млн сафар дар соли 2025

Дар соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия 1,44 миллион нафар шаҳрвандони кишвар сафар кардаанд, ки ҳудуди 950 ҳазор нафари онҳо бо мақсади дарёфти кор вориди ин кишвар шудаанд. Дар ин бора нашрияи “Ведомости” бо истинод ба маълумоти Хадамоти федералии амнияти Русия хабар медиҳад.

Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 тақрибан 15 дарсад камтар аст. Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта ба Русия ҳудуди 1,7 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ворид шуда буданд, ки аз онҳо 1,04 миллион нафар муҳоҷирони меҳнатӣ буданд.

Ҳамзамон, Русия барои тасдиқи созишномаи навшуда бо Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон ба кори муваққатӣ омодагӣ мегирад. Тағйироти пешниҳодшуда аллакай аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ тасдиқ шуда, барои баррасии ниҳоӣ пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи санади мазкур рушди низоми ҷалби муташаккилона мебошад — механизме, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ ба кор назди корфармои мушаххас, бо вазифа ва муҳлати муайян ҷалб карда мешаванд. Ин раванд бояд ба танзим ва қонунӣ гардидани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намояд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, марҳилаҳои асосии омодагии муҳоҷирон дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, номзадҳо метавонанд пешакӣ забони русиро омӯзанд ва аз фанҳои забон, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоранд. Ин талабот барои гирифтани патенти корӣ ҳатмӣ мебошад.

Илова бар ин, дар қаламрави Тоҷикистон санҷиши номзадҳо гузаронида мешавад: Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон масъули санҷиши доғи судӣ ва ҳолати пайгард будани шаҳрвандон аст, дар ҳоле ки ҷониби Русия ҷамъоварии маълумоти биометрӣ, аз ҷумла изи ангушт ва аксро анҷом медиҳад.

Ҳамчунин, гузаронидани муоинаи тиббӣ, аз ҷумла санҷиш барои Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), пеш аз сафар тавассути муассисаҳои тиббии Русия ё намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Ба навиштаи “Ведомости”, айни замон беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Ба гуфтаи коршиносон, интиқоли қисми расмиёти муҳоҷират ба кишвари фиристанда метавонад сарбории хадамоти муҳоҷиратро коҳиш дода, хавфҳои қонуншиканиро ҳангоми ба кор қабул шудан кам намояд.

Skip to toolbar