Модари панҷгоникҳо аз ҳукумат хона мехоҳад. Ҳукумати Хатлон гуфтааст масъалаи хона ҳал аст

Нахустин парвози чартерӣ миёни Душанбе ва Тошканд

Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон – Uzbekistan Airways рӯзи 5 январ парвози якуми чартериро бо хатсайри Тошканд-Душанбе пас аз қатъи алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо аз моҳи марти соли гузашта анҷом медиҳад.

“Ин на парвози доимии чартерӣ, балки танҳо як парвози тиҷоратӣ мешавад. Ба мо маълум нест, ки киҳо бо он парвоз мекунанду хатсайри дигар бо ин хатсайр кай анҷом дода мешавад”, – қайд кард як манбаи “Азия-Плюс”, ки ба сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон наздик аст.

Дар сомонаи ширкати Uzbekistan Airways ишора мешавад, ки арзиши билети дараҷаи эконом-класс ба ин хатсайр ба як самт 162,5 доллар ва бизнес-класс – 225,5 долларро ташкил медиҳад.

Ҳавопаймои ин хатсайр фардо соати 10:30 дақиқа ба фурудгоҳи Душанбе нишаста, соати 12:00 бозпас ба Тошканд парвоз мекунад.

Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Қирғизистон дастгир кардаанд

Масъулони Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар доданд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи чаҳор тонна мандарин боздошт кардаанд. Назари ҷониби Тоҷикистон ба масъала маълум нест.

Дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао шудааст, ки “ду шаҳрванди Тоҷикистон ба талаби марзбонон итоат накарда, талош доштанд, ба хоки Тоҷикистон гузаранд. Вале марзбонон онҳоро нигоҳ дошта, боздошт карданд.”

Аз ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ном бурда нашудааст ва мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ки яке аз онҳо 31 ва дигаре 35-сола аст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, қазия аз сӯи ниҳодҳои дахлдор таҳқиқ мешавад.

Тоҷикистон хостори таътили муваққатӣ барои пардохти қарзҳояш шуд

Тоҷикистон дар сафи кишварҳое қарор дорад, ки чанде қабл дар бораи иштирокчии ташаббуси Бистгонаи бузург шудан бобати боздошти пардохти қарзҳо дархост дода буданд, хабар медиҳад Бонки ҷаҳонӣ.

Ташаббуси мазкур танҳо ба қарзҳои дуҷониба дахл дорад, яъне қарз назди кишварҳои ҷудогона, на қарзҳои бисёрҷониба, ки маънои қарз ба ниҳодҳои молиявии байнулмилалиро дорад.

“Ҳадаф аз ташаббуси мазкур дастгирии кишварҳои даромадашон паст тариқи боздошти пардохти расмии қарзи дуҷонибаи онҳо то нимаи соли 2021 аст”, – қайд мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ оид ба иқтисоди Тоҷикистон.

Иқтисодчиёни Бонк бар ин назаранд, ки ин амал маблағҳои заруриро аз буҷети кишварҳо барои равона кардан ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла бахши тандурустӣ дар шароити муқовимат бо пандемия озод мекунад.

Гуфта мешавад, дар доираи ин ташаббус Тоҷикистон аллакай бо Чин созиш ҳосил намуд, ки ҳудуди 40% аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 октябри соли 2020 ҳудуди 3,2 млрд долларро ташкил дод, ки 275 млн доллар зиёдтар нисбат ба аввали соли гузашта аст.

Беш аз 95% дар ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон (зиёда аз 3 млрд доллар) ба қарзе рост меояд, ки барои амалисозии лоиҳа ва фармоишҳои давлатӣ ҷалб шудаанд.

Вакилони мардумӣ назди интихобкунандагон мераванд

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон то 10 январ бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо мегузаронанд. Вохӯриҳо мувофиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Зимни мулоқот бо аҳолӣ вакилон бо вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар ва инчунин мушкилоти интихобкунандагони худ шинос мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов.

Дар ҷараёни вохӯриҳо бо аҳолии минтақаҳои кишвар вакилон ҳамчунин ният доранд, ки назари онҳоро доир ба ҷараёни қонунофарӣ мавриди омӯзиш қарор дода, бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва мушкилоти интихобкунандагон аз наздик ошно гарданд.

Пас аз бозгашт ба пойтахт вакилони мардумӣ назари интихобкунандагонро оид ба вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ба ҳукумати кишвар расониданианд.

Модари панҷгоникҳо аз ҳукумат хона мехоҳад: Ҳукумати Хатлон “хона ҳал аст”

Дилноза Мамадова, сокини ноҳияи Қубодиён, ки дар арафаи Соли нав дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ панҷгоник ба дунё овард, мегӯяд шароити зиндагияш хуб нест. Ӯ мегӯяд намедонад ин кӯдаконро чи гуна бузург мекунад. Ин бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон панҷгоник таваллуд мешавад.

Падару модари панҷгоникҳо. Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Хостори хонаи ҷудогона шудани модари ин панҷгоникҳо дар ҳолест, ки бархе аз блогнависон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ сохтаанд ва гуфтаанд, ки президенти Тоҷикистон ба ин панҷгоникҳо ҳавлӣ туҳфа кардааст. Аммо модари ин панҷгоникҳо ин хабарҳоро беасос медонад.

Дилноза Мамадова 04 январ суҳбат бо  “Азия-Плюс” аз онҳое, ки барояшон ёрӣ кардаанд изҳори ташаккур мекунад, вале гуфт, ки ба ман барои таъмири хона пул нею як хона бидиҳанд хубтар аст, зеро вазъи зиндагиям хуб нест ва дар як ҳавлии  хурд бо зани ҳеварам якҷоя зиндагӣ мекунем.

Абдуҷаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа ба “Азия-Плюс”гуфт, ки ба ҳукумати Қубодиён спориш дода шудааст ки ба модари кӯдакон ва панҷгоникаҳо ҳамаҷониба ёрӣ расонида шавад.

Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ҳам гуфт, ки рӯзи 1 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз хонаи Дилноза Мамадова, сокини ноҳияи Қубодиён боздид намуд.

Ба гуфтаи сухангӯйи раиси вилояти Хатлон аз тарафи раиси вилояти Хатлон ва ҳукумати Қубодиён ба ин хонадон кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, лавозимот барои кӯдакон, маводи сӯзишворӣ ва кумаки молиявӣ расонида шудааст. Инчунин ба шаҳр рафта ба модари кӯдакон пул доданд. “Масълаи хона ҳал аст”,- гуфт Носирҷон Маъмурзода ба “Азия-Плюс”.

Модари панҷгоникҳо гуфтааст, ки онҳо интизори фарзанди сеюм буданд, ки якбора панҷ фарзанд ба дунё омад –  ду писар ва се духтар. “Хай, чӣ кор кунем, ин ҳам туҳфаи Худованд аст, аммо намедонам чӣ гуна инҳоро калон мекунам. Зеро шароити хуби иқтисодӣ надорем”,- мегӯяд ӯ

Skip to toolbar