Моҳи сентябр Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2025 баргузор мегардад

Аз 18 то 20 сентябри соли 2025 дар Маркази намоишгоҳи EXPO-Center шаҳри Душанбе 2-юмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ – Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE 2025) баргузор мегардад.

Ташкилкунандаи асосии намоишгоҳ, ҶДММ «Сомон Трэвел» дар ҳамкорӣ ва дастгирии вазоратҳо ва идораҳои дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Барномаи DITE 2025 иборат аст аз:

  • Намоишгоҳи байналмилалии самтҳо ва хизматрасониҳои сайёҳӣ
  • Global Tourism Investment Forum (17 сентябри 2025)
  • Форумҳои тиҷоратӣ ва вохӯриҳои B2B
  • Семинарҳо ва мастер-классҳои мавзӯӣ
  • Презентатсияҳои фарҳангӣ ва барномаҳои миллӣ

DITE 2025 бузургтарин платформаи сайёҳӣ дар минтақа мебошад, ки намояндагони соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, ширкатҳои нақлиётӣ, провайдерҳои IT, ташкилотҳои миллӣ ва байналмилалии сайёҳиро гирди ҳам меорад.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 200 ширкат аз 25 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ширкатҳои пешсафи сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, шабакаҳои меҳмонхонаҳо ва фондҳои сармоягузорӣ иштирок хоҳанд кард.

Қарор аст, Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNW TO) Зураб Пололикашвили ва зиёда аз 20 вазири сайёҳии кишварҳои гуногун дар ин чорабинӣ ширкат намоянд.

Skip to toolbar