Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март 15 рӯзи истироҳатӣ доранд. Дар ин бора Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ хабар дод, менависад “Азия-Плюс”.
Бо ҳисоби рӯзҳои ид, аз ҷумла Рӯзи модар ва Наврӯз, инчунин бо назардошти рӯзҳои ғайрикорӣ (шанбе ва якшанбе), шаҳрвандони кишвар рӯзҳои истироҳати бештар хоҳанд дошт.
Тибқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар ҷашни расмӣ бо рӯзҳои истироҳат (шанбе ё якшанбе) мувофиқат кунад, рӯзи кории оянда низ рӯзи истироҳат мешавад.
Ҳамин тавр, Рӯзи модар, ки дар кишвар 8 март таҷлил мешавад, ба рӯзи шанбе рост меояд, бинобар ин тоҷикистониён рӯзҳои 8,9 ва 10 март истироҳат хоҳанд кард.
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳати расмӣ 21, 22, 23 ва 24 март мебошанд. Азбаски 22-23 март ба шанбе ва якшанбе рост меоянд, 25-26 март низ рӯзҳои истироҳатӣ хоҳанд буд.
Ҳамин тариқ, дар моҳи март тоҷикистониён бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва идҳо: 1, 2, 8, 9, 10, 15, 16, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 29, 30-юми март – 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард.