Моҳи март тоҷикистониён 15 рӯз истироҳат мекунанд

Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи модар, Наврӯз ва иди Рамазон, ҳамчунин рӯзҳои ғайрикорӣ, 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард. Аз ҷумла, дар ҷашни шаҳрвандон пайиҳам 9 рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Мувофиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар ҷашнҳои расмии давлатӣ ба рӯзи истироҳат рост ояд, рӯзи баъдии корӣ низ истироҳат эълон мешавад. Имсол, бо назардошти он ки 8-уми март ба рӯзи якшанбе рост меояд, рӯзи душанбеи 9-уми март низ истироҳатӣ аст.

Ҳамин тариқ, сокиноне, ки дар як ҳафта 5 рӯзи корӣ доранд, пайиҳам се рӯз: 7, 8 ва 9-уми март истироҳат мекунанд. Онҳое, ки 6 рӯзи корӣ дар як ҳафта доранд, танҳо 8 ва 9-уми март истироҳат хоҳанд кард.

Ин тартиб ба хонандагони мактаб ва донишҷӯён низ дахл дорад. Хонандагони синфҳои болоӣ (аз 5 то 11) ва донишҷӯён рӯзи шанбеи 7-уми март дарс хоҳанд дошт ва танҳо 8 ва 9-уми март истироҳат мекунанд.

Ҳамчунин тибқи қарори ҳукумати кишвар, сокинон дар ҷашни Наврӯз 9 рӯз пайиҳам: аз 21 то 29-уми март истироҳат хоҳанд кард. Рӯзи шанбеи 14-уми март барои онҳое, ки 5 рӯз корӣ доранд, ба рӯзи ҷумъаи кории 27-уми март гузаронида шудааст. Ба ин тартиб, рӯзҳои истироҳатии ҷашни Наврӯз чунин мешаванд: 21, 22, 23, 24, 25, 26, 27, 28 ва 29-уми март.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим иттилоъ додааст, ки эҳтимол дорад моҳи Рамазон 29 рӯз идома кунад ва иди Рамазон рӯзи 20-уми март таҷлил шавад. Тибқи қонун, рӯзи таҷлили иди Рамазон низ истироҳатӣ мебошад. Агар ин иттифоқ афтад, сокинон аз 20 то 29-уми март истироҳат хоҳанд кард ва аз 30-уми март ба кор бармегарданд.

Ҳамин тариқ, рӯзҳои ғайрикорӣ барои сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чунин мебошанд: 1, 7, 8, 9, 15, 20 (агар иди Рамазон ба ин рӯз рост ояд), 21, 22, 23, 24, 25, 26, 27, 28 ва 29-уми март.

Ёдрас мешавад, ки соли гузашта низ сокинони Тоҷикистон дар моҳи март 15 рӯз истироҳат доштанд.

Skip to toolbar