Миҷгона Самадова аз қаҳрамонии бокси Осиё медали биринҷӣ ба даст овард

Миҷгона Самадова, варзишгари 27-солаи тоҷик, аз мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар Улан-Батор, Муғулистон ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар вазни то 57 кг баромад кард.

Дар даври 1/4-ниҳоӣ Миҷгона бо натиҷаи 5:0 бар Номин-Эрдене Тугҷаргал аз Муғулистон ғалаба кард. Дар марҳилаи нимниҳоӣ бо Пунрави Руэнрос аз Тайланд рақобат намуд ва ба ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд ва барои маротибаи дуюм медали биринҷӣ ба даст орад.

Мусобиқа, ки аз 30-уми март оғоз шуда, то 10-уми апрел идома хоҳад кард. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 муштзан намояндагӣ мекунад. То кунун танҳо Миҷгона Самадова ба медал даст ёфтааст, дар ҳоле ки Некрӯз Салимов ва Парвиз Каримов дар вазнҳои то 80 ва то 90 кг ҳанӯз рақобатҳояшонро оғоз накардаанд.

Шаш муштзани дигари тоҷик — Руслан Ғафуров, Шамшер Саидов, Анушервон Фозилов, Акмал Убайдов, Муҳаммад Аброриддинов ва Бибинашастамо Холова — дар марҳилаҳои гуногун мағлуб шуда, аз медалҳо маҳрум гардиданд.

Skip to toolbar