Барои Нафиса Назарова Индонезия танҳо як кишвар нест, ки имрӯз бо ҳамсар ва фарзандонаш дар он зиндагӣ мекунад. Маҳз дар он ҷо ӯ таҳсил кард, ишқи худро пайдо кард ва модар шуд.
Дар блоги худ дар Instagram, Нафиса мекӯшад нишон диҳад, ки зиндагӣ ва модар шудан дар кишвари дигар марҳилаи нав ва ҷолиби зиндагӣ аст.
Дар бораи кӯчидан ба Индонезия, фарҳанги индонезӣ, блог ва модарӣ Нафиса ба муаллифи Your.tj нақл кард.
“Сафар ба Индонезия зиндагии маро дигар кард”
Нафиса зодаи Душанбе аст. Пеш аз кӯчидан аз Тоҷикистон, ӯ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аз рӯйи ихтисоси “Иқтисод” таҳсил мекард ва ҳамзамон дар ҳамин донишгоҳ фаъолият дошт.
Ба гуфтаи қаҳрамони мо, аллакай он замон ӯ ба рушд, эҷод ва фарҳангҳои нав таваҷҷуҳ дошт.
Баъдан Нафиса бори аввал дар доираи як барномаи донишҷӯӣ ба Индонезия сафар кард, ки дар он ҷо забон ва фарҳангро меомӯхт.
Маҳз ҳамин сафар, ба таъкиди худи ӯ, нуқтаи гардиш дар зиндагияш шуд.
“Маҳз дар ҳамин ҷо ман бо ҳамсари ояндаам шинос шудам ва бо гузашти вақт Индонезия ба кишваре табдил ёфт, ки мо дар он зиндагӣ мекунем ва оила месозем.
Имрӯз ман модар, блогер ва шахсе ҳастам, ки роҳи омадан, мутобиқ шудан ва пазируфтани фарҳанги дигарро тай кардааст, бидуни он ки иртибот бо решаҳои худро аз даст диҳад”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Дар Индонезия Нафиса магистратураро аз рӯйи ихтисоси “Менеҷмент” хатм кардааст. Дараҷаи магистрро ӯ дар шаҳри Семаранг, дар Донишгоҳи Дипонегоро – яке аз донишгоҳҳои пешқадами кишвар, ки ба даҳгонаи беҳтарин донишгоҳҳои Индонезия шомил аст, гирифтааст.
Ҳангоми таҳсил дар магистратура, ба Нафиса лозим меомад, ки таҳсилро бо нигоҳубини кӯдак ва ғамхорӣ ба оила ҳамзамон анҷом диҳад, ки кори осон набуд.
“Ин давра қувваи зиёдеро талаб мекард. Дастгирии бузурги модарам буд, ки барои кӯмак назди ман омад.
Ба шарофати ин, барқарор кардани тавозун миёни таҳсил ва зиндагии оилавӣ осонтар шуд ва ман тавонистам таҳсилро бо муваффақият ба анҷом расонам”, – нақл мекунад Нафиса.
“Мо Индонезияро тасодуфӣ интихоб накардаем”
Тавре қаҳрамони мо таъкид мекунад, Индонезия ба таври тасодуфӣ ба макони зисти ӯ ва хонаводааш табдил наёфтааст.
Бо ин кишвар барои Нафиса таҳсил, марҳилаҳои муҳими зиндагӣ ва оила пайванд доранд.
“Ҳамсари ман дар ҳамин ҷо таҳсил кардаву кор мекунад, ман низ дар ҳамин ҷо таҳсили магистратуро гирифтам, маҳз дар ҳамин кишвар зиндагии муштараки оилавии мо оғоз ёфт.
Бо гузашти вақт, Индонезия барои мо танҳо ҷои зист нест, балки ба маконе табдил ёфт, ки дар он рушд мекунем, мутобиқ мешавем ва зиндагӣ дар фарҳанги дигарро меомӯзем.
Табиат ва ритми зиндагии ин кишвар ба мо бисёр наздик аст. Онҳо, бо вуҷуди кӯчишҳои зуд-зуд ва тағйирот, барои нигоҳ доштани тавозуни дарунӣ кумак мекунанд”, – мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Нафиса, дар моҳҳои аввали зиндагӣ дар Индонезия хонаводаи онҳо бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ нашудааст.
То замони кӯчидан онҳо аллакай бо кишвар ва тарзи зиндагии маҳаллӣ ошно буданд.
Аммо вақте Нафиса бори аввал ҳанӯз пеш аз кӯчидан ба Индонезия омада буд, ба ӯ одат кардан ба иқлим ва баъзе ҷузъиёти рӯзгор осон набуд. Шумораи зиёди ҳашарот ва калтакалосҳо, ҳамчунин таоми маҳаллӣ, ки ба назараш бисёр тезу ғайриоддӣ менамуд.
“Бо гузашти вақт ин ҳама ба як қисми зиндагии ҳаррӯза табдил ёфт, аммо дар оғоз барои мутобиқ шудан вақт лозим буд”, – нақл мекунад Нафиса.
“Модарӣ ва мушкилиҳо поёни роҳ не, балки оғоз барои рушданд”
Ҳанӯз дар Тоҷикистон, дар оғози пандемияи COVID-19, Нафиса ба пеш бурдани блоги пухтупаз оғоз карда буд.
Пас аз кӯчидан ба Индонезия, ӯ блоги худро каме дигар кард ва ба нақл кардани зиндагии як хонаводаи тоҷик дар кишвари дигар пардохт.
Муҳтавои блоги Нафиса ба анъанаҳои индонезӣ, хӯрокҳо ва ҷойҳое бахшида шудааст, ки барои аудиторияи тоҷик ғайриоддӣ менамоянд.
Аксари наворҳоро ҳамсари қаҳрамони мо мегирад, вале таҳрирро худи Нафиса анҷом медиҳад.
“Шояд тавассути блоги худ мехоҳам ин фикрро расонам, ки метавон дар кишвари дигар зиндагӣ кард, мутобиқ шуд, тағйир ёфт, вале худро аз даст надод.
Ман мехоҳам нишон диҳам, ки модарӣ, кӯчидан, фарҳанги дигар ва мушкилиҳо ин поёни роҳ не, балки оғози рушд аст”, – таъкид мекунад ҳамсуҳбати мо.
«Мекӯшем анъанаҳоро дар ҷузъиёти хурд нигоҳ дорем»
Дар фарҳанги индонезӣ барои Нафиса бештар аз ҳама оромӣ, эҳтиром ба якдигар ва тавоноии зиндагӣ кардан “дар ҳамин лаҳза” наздик аст.
Ба гуфтаи қаҳрамони мо, мардум дар Индонезия шитоб намекунанд ва аз чизҳои оддӣ лаззат бурда метавонанд.
“Ба ман ҳамчунин таҳаммулпазирӣ ва некхоҳии онҳо писанд аст: ҳатто дар вазъиятҳои душвор мекӯшанд мулоимӣ ва табассумро нигоҳ доранд. Ин ба ман бисёр чизҳоро омӯзонд”, – илова мекунад ӯ.
Ягона чизе, ки Нафиса то ҳол ба он одат карда натавонистааст, таоми бисёр тез аст, ки дар Индонезия хеле маъмул мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, сокинони маҳаллӣ ба Нафиса ва оилааш хеле нек муносибат мекунанд, зеро дар ин кишвар хориҷиёнро дӯст медоранд.
Тавре Нафиса мегӯяд, хонаводаи онҳо мекӯшад анъанаҳоро дар ҷузъиёти хурд нигоҳ дорад: дар забон, ғизо, ҷашнҳо ва муошират бо кӯдакон.
Ҳамсари қаҳрамони мо зодаи Бӯстон (қаблан Чкаловск) аст. Дар оила асосан ба забони русӣ суҳбат мекунанд.
Баъзан ҳамсари Нафиса ба забони тоҷикӣ мегузарад, то кӯдакон тавонанд онро омӯзанд, худи Нафиса бошад, гоҳ-гоҳ бо онҳо ба забони англисӣ суҳбат мекунад.
“Кӯдакон ҳоло хурданд. Калониашон се сол дорад. Ӯ забони русиро пурра мефаҳмад. То андозае тоҷикӣ ва англисиро ҳам мефаҳмад.
Ба назарам, мутобиқ шудан осон нест, зеро мо бисёр вақт дар сафар ҳастем. Ҳеҷ соле намегузарад, ки мо ба ҷое наравем.
Соле як маротиба ба Русия меравем, то духтарамон ҷарроҳии навбатии чашм гузаронад, баъд ба Тоҷикистон меоем ва сипас боз ба Индонезия бармегардем. Ростӣ, аз сафарҳои пайдарпай каме хаста мешавем”, – нақл мекунад ҳамсуҳбати мо.
Нафиса мекӯшад тамоми имкониятро истифода барад, то фарзандонаш пайванд бо ҳувият ва фарҳанги худро аз даст надиҳанд.
“Барои ман муҳим аст, ки кӯдакон донанд, аз куҷо ҳастанд, бо решаҳои худ иртиботро эҳсос кунанд, ҳатто агар мо дар кишвари дигар зиндагӣ кунем”, – мегӯяд ӯ.
Сомон Комилов
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо
