“Метарсам, ки умри дароз бинам…” Зани танҳо дар бозори Кӯлоб чӣ кор мекунад

Бибӣ ҷойи зист надорад, бинобар ин дар хонаи хешу табор дар ба дар аст. Ба далели пирӣ ва вазъи саломатиаш ӯро ба кор намегиранд. 108 сомонӣ нафақаи мегирифтааш ҳамагӣ барои чанд кулча ва як килограмм шакар кифоят мекунад, ки онро ҳам бар ивази меҳмондориашон ба мизбонон медиҳад.

Дар бораи сарнавишти мушкили Соҷидамо Иброҳимова муаллифи Your.tj Аминҷон Раҳматзода нақл кард.

Соҷидамои 64 – сола 13 сол мешавад, ки дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб сарсон аст. Дар ин ҷо ӯро ҳама “момаи Қимат” меноманд. Худаш намедонад, ки чаро ба ӯ ин номро додаанд. Охир, қимат маънои гаронбаҳо, арзишмандро дорад.

Соҷидамо дар оилаи серфарзанд ба дунё омадааст. Вай 9 додару хоҳар дорад. Модараш нобино буд.

Соҷидамо мегӯяд, то замоне ки падар зинда буд, мушкиле надоштанд. Модари ӯ хонашин буд ва фарзандонро тарбия мекард. Ҳамин тавр, фарзандон калон шуданду ҳар яке бо роҳи худ рафтанд.

Соҷидаро соли 1979 ба шавҳар доданд, вале баъди чор моҳ ба хонаи падар баргашт, зеро шавҳараш одати шаробнӯшӣ доштааст. Ӯ Соҷидаро сахт лату кӯб мекард.

“Вақте ба хона баргаштам, чорум моҳи  ҳомиладориям буд. Писар таваллуд кардам, аммо ҳамин ки ба синни яксолагӣ расид, бемор шуду вафот кард. Ман дигар шавҳар накардам, зеро баъди издивоҷи нобарор метарсидам, ки бори дуюм ҳам бахт ёфта наметавонам”, – мегӯяд бибии Соҷидамо.

Тӯли солҳо ӯ дар хонаи волидайн мезист, то он даме, ки ду бародараш мушкилот пайдо карданд. Онҳо дар хонаи падарӣ бо оилаашон зиндагӣ мекарданд. Соҷидамо дигар дар он хона намеғунҷид.

“Бародаронам майзада шуданд. Онҳо менӯшанд, барои ҳамин ҳамсаронашон эҳтиром намекунанд. Аз ҳузури ман ҳам дар он ҷо хушнуд намешаванд, аз ин рӯ кӯшиш мекунам, ки наравам”, – мегӯяд зан.

Солҳои зиёде – ба гуфти ӯ аллакай 13 сол аст, ки ин зан аз субҳ то шом дар бозори марказӣ мегардад. Пештар дар беморхона фаррошӣ мекард, вале баъди бад шудани саломатиаш (як гурдаашро буридаанд) ӯро дигар ба кор нагирифтанд.

«Нафақаи маъюбиям баробари ба синни нафақа расиданам қатъ карда шуд. Гуфтанд, ки акнун ба ту нафақаи маъюбӣ  дода намешавад. Нафақаи синну солиям ҳамагӣ 108 сомонӣ аст. Ин пул ба хеҷ чиз намерасад. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунам, ки бо пайдо шудани имкони аввалин пул кор кунам. Аксар вақт дар бозор одамони раҳмдил бар ивази дуо ба ман пул медиҳанд”, – мегӯяд ӯ.

Баъзан бибиро  барои шустани фарши сартарошхона ё дорухона даъват мекунанд ва бар ивазаш 5 – 10 сомонӣ медиҳанд. Аммо пиразан ин пулро барои худаш сарф намекунад: ӯ сарпаноҳ надорад. Аз ин рӯ, маҷбур аст, ки дар ҳар куҷо сарсону саргардон гардад. Ӯ аксар вақт ба хонаи хоҳаронаш меравад.

“Бо пули нафақаам ду кулча ва як кило шакар харида, ба хонаи хоҳаронам бо навбат меравам. Агар дар яке маро хуш қабул накарданд, ба хонаи дигараш меравам ва субҳи барвақт, соати панҷи саҳар аз он ҷо баромада, тамоми рӯзро дар бозор мегузаронам. Аз он метарсам, ки Худо ба ман умри дароз дода бошад. Агар Худо бисёр зистани маро муқаррар карда бошад, ҳолам чӣ мешавад? То кай дар ба дари мардум сарсону саргардон мегардам?», – бо алам мегӯяд пиразан.

Соҷидамо дар бисоташ ҳамагӣ се куртаи кӯҳна дорад, ки бо навбат онҳоро шуста, мепӯшад. Инчунин  як бастаи ҳуҷҷатҳояш низ ҳамроҳаш аст.

Ӯ зиндагии худро бе бозор тасаввур карда наметавонад. Зеро тамоми умраш дар он ҷо гузаштааст.

Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Your.tj барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.

Skip to toolbar