fbpx

Тасарруфи беш аз 109 ҳазор сомонӣ аз ҷониби корманди раёсати молияи ноҳияи Ҷ.Расулов

Мухтасари хабарҳои рӯз


-1
-1 points
Тасарруфи ғайриқонунии маблағ
Акси марбута аз сомонаи Агентии мубориза бо коррупсия

Даъвати тирамоҳӣ: 100 нафар ҷавонони ноҳияи Ашт ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд

3  октябр ноҳияи Ашт маросими гусели 100 нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” ин ҷавонон бо ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дар маросими гусели онҳо Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозон ва волидони даъватшавандаҳо ширкат намуданд.

Ба иттилои манбаъ раиси ноҳия ба як гурӯҳ фаъолону волидони наваскарон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намудааст. Дар анҷоми маросим барои ҳозирин барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995 -2004» ҳамарӯза аз 1 – уми октябр ҷавонони аз синни 18 то 27 – солаи кишвар ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар рӯзҳои аввали даъвати тирамоҳии ҳарбӣ нахустин шуда ВМКБ, ноҳияҳои Данғараву Рашт ва ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.

Тасарруфи беш аз 109 ҳазор сомонӣ аз ҷониби корманди раёсати молияи ноҳияи Ҷ.Расулов

Як мутахассиси шуъбаи хазинадории раёсати молияи ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд зиёда аз 109 ҳазор сомониро ба тасарруфи худ даровардааст. Дар ин бора маркази матбуотии Агентии мубориза бо коррупсия хабар  нашр кардааст.

Гуфта мешавад, ки “Партоби Меҳтар Ҷовидзода ҳамчун сарпарасти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷ.Расулов, бо истифода аз барномаи электронии SGB.net, аз буҷети бахши мазкур маблағи умумии 109500 сомониро бо роҳи сохтакории хизматӣ ба тассаруфи худ дароварда, дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонидааст”.

Ба иттилои агентӣ, оиди ин ҳолат нисбати Партоби Меҳтар Ҷовидзода бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.

Марги як захмии дигари муноқишаҳои марзӣ дар Чоркӯҳ

Дар Исфара як сокини дигари ҷамоати Чоркӯҳ, ки бар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи низомиёни қирғиз ба деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон захмӣ шуда буд, ба ҳалокат расид. Нӯъмон Раҷабович Аброров 1 октябри соли 2022, бар асари захмҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ин бора Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар саҳифаи Фейсбук хабар додааст.

«Боз як сокини ҷамоати Чоркӯҳ Нӯъмон Аброров, ки 16 сентябри соли 2022 аз тири душманон захмӣ шуда буд, ба ҳалокат расид. Ӯ дар бемористон буд ва 1 октябри соли 2022 даргузашт”, – омадааст дар хабар.

Манбаъ мегӯяд, ин мард аз пайвандони узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Савриддин Раҷабов мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни даргирии марзӣ, ки рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, ҳам низомиён ва ҳам ғайринизомиён кушта ва захмӣ шудаанд.

Маҷрӯҳони ин муноқишаи хунин то ҳол дар бемористонҳои шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд бистарӣ ҳастанд.

Аз ифтитоҳи мактаб то оғози ҷамъоварии ҳосили шолӣ. Сафари президент ба шаҳри Турсунзода

Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода мактаби навбунёдро ифтитоҳ карда, ҳамчунин аз хоҷагии деҳқоние боздид намуд, ки шолӣ парвариш мекунад.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз ифтитоҳи бинои Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода” оғоз гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, мактаби мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳрор Солиев бунёд гардидааст.

“Бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 16 синфхона бо 400 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад”, – омадааст дар иттилоия.

Таъкид гардидаст, ки таҳсил дар муассисаи навбунёд бо забони тоҷикӣ ва русиву англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Инчунин президенти Тоҷикистон аз хоҷагии деҳқонии “Ислом” боздид карда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшид.

“Хоҷагии деҳқонии “Ислом” дар деҳоти Ҷура Раҳмонов ҷойгир буда, соли 2000 аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 1,2 гектар замин дорад”, – омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар 0,6 гектар ғалла корида, 2,5 тонна ҳосил ба даст овардаанд.

Хоҷагидорон соли сипаришуда аз 0,60 гектар шолӣ беш аз 4 тонна биринҷи аълосифати навъи “лазер” рӯёнида буданд. Имсол бошад, аз хӯшаҳои серҳосилу пурбори шолӣ умед доранд, ки ҳосили баланди биринҷ ба даст оваранд.

Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам истифодаи босамари замин ва ба ин восита истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хоҷагидорон ва масъулони соҳа маслиҳату тавсияҳо дод.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend