Мавҷи дуюми коронавирус зиёда аз 10 шахсиятҳои шинохтаро аз байни мо рабуд

Тайи чанд ҳафтаи охир бар асари мавҷи дуюми коронавирус дар кишвар шахсиятҳои шинохтаи касбу кори гуногун дар кишвар фавтиданд. Гарчанде наздикон ва расонаҳо фавти ин нафаронро аз коронавирус гӯянд ҳам, вале мақомот то ҳол инро тасдиқ накардааст.

Вуҷуди дигарбораи коронавирусро дар кишвар мақомот пас аз танаффуси шашмоҳа рӯзи 21-уми июн тасдиқ карданд. Давоми рӯзҳои истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 3 нафар афзуда, ба 103 нафар расид.

То шоми 11 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 834 нафар расида, давоми ду шабонарӯз теъдоди онҳо 81 нафар зиёд шуд.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 535  нафар ё худ 97,8%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 21 нафар шифо ёфтаанд.

Убайдулло Раҷабов

Убайдулло Раҷабов ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, рӯзи 1-уми июл бар асари бемории коронавирус ҷон супорид.

Убайдулло Раҷабов яке аз пурбинандтарин ҳаҷвнигор ва танзпардози тоҷик буд, ки ҳанӯз аз замони Шӯрави доғтарин масоили иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсиро аз роҳи танз матраҳ мекард. Ин ҳунарманд 20-уми марти имсол ба синни 80 расида буд.

Шаҳзод Раҷабов писари ҳунарманд хабар дода буд, ки падараш пас аз се рӯзи ба бемории COVID-19 гирифтор шудан, вафот кардааст.

Охирин мусоҳибаи ин нобиғаи ҳаҷви тоҷикро метавонед инҷо бихонед.

Шералӣ Абдулқайсов

Шералӣ Абдулқайсов зодаи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон буда, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикстонро хатм кардааст. Аз соли 1973 то лаҳзаи охир дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекард. Ҳамчунин аз солҳои 90-ум инҷониб дар Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон, ба донишҷӯён дарс мегуфт.

Рӯзи гузашта Некқадам Шоҳназаров хабар дода буд, ки аҳволи ҳунарманди маъруф Шералӣ Абдулқайсов вазнин асту дар шӯъбаи эҳё бистарист. Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл дар 70-солагӣ даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ӯ ба бамории коронавирус гирифтор буд.

Қурбоналӣ Раҳмон

Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки рӯзи 9-уми июл дар шифохонаи маърф бо номи “Якум Советский” баъди чанд рӯзи беҳушӣ ба худ омад, аммо натавонист, ки ин бемории ҳамгирро мағлуб созад. Қурбоналӣ Раҳмонро шоми 6-уми июл бо аломатҳои коронавирус  дар ҳолати беҳушӣ бистарӣ карда буданд, сипас хабар доданд, ки ӯ ба худ омаадааст. Шаби 10-уми июл хабар расид, ки ҳунарманд дар бемористон дар синни 67 солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Қурбоналӣ Раҳмон соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1977 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Қурбоналӣ Раҳмон солҳои тӯлонӣ роҳбари ансамбли машҳури “Чашма” буд. Ӯ соли 1996 ба Душанбе омад ва дар ансамбли “Дарё” ба кор даромад ва баъдан роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Сомониён” таъйин шуд.

Фарида Мансурова

Доктори илмҳои тиб, профессор, табиб – гепатолог, Фарида Мансурова, духтари табиби маъруфи тоҷик, академик Ҳомид Мансуров рӯзи 2-юми июл бар асари мубтало шудан ба бемории коронавирус даргузашта буд.

Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ, ки аз дӯстони хонаводагии ин пизишки собиқадор аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ аз чанд рӯз ба ин тараф гирифтори КОВИД-19 шуда буд”

Фарида Мансурова солҳои тӯлонӣ дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология кор мекард. Падари ӯ Ҳомид Мансуров, соли 1959 нахустин пажӯҳишгоҳи бемориҳои дарунӣ дар Иттиҳоди Шӯравиро дар Душанбе таъсис дод, ки то ҳол бо номи “клиникаи Мансуров” шӯҳрат дорад.

Фарида Ҳомидовна узви Академияи миллии улуми Тоҷикистон буда, дар Институти илмиву тадқиқотии Гастроэнтерологияи Тоҷикистон ва лабораторияҳои Маркази биология ва тибби амалӣ низ фаъолият мекард.

Ғанихон Тӯраев

Ғанихон Тӯраев полковники Вазорати мудофиа рӯзи 11-уми июл, дар сини 69-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи наздикон ӯ баъди марги 9 рӯзи пеши ҳамсарашро дигар таҳаммул карда натавонист ва бар асари сактаи мағзӣ (инсулт) даргузашт. Ӯ шавҳари профессор Фарида Мансурова буд.

Полковник Тӯраев дар гузашта сардори раёсати нерӯҳои муҳандисии вазорати мудофиа ва раҳбари сапёрҳои Тоҷикистон буда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷони даҳҳо нафарро наҷот дода ва танҳо дар пойтахт аз ҳудуди 50 таркиш ва амали террористӣ пешгирӣ кардааст.

Ӯзбекбӣ Асадуллоева

Узбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология, маъруф ба “клиникаи Мансуров” бистарӣ буд, шоми 5-уми июл даргузашт. Ӯзбекбӣ Асадуллоеваи 88-сола, ки модари Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” аст, як ҳафта пеш аз вафот бо нишонаҳои бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда буд.

Мақомот расман сабаби марги ӯро шарҳ надоданд, вале як пизишки Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Узбекбӣ Асадуллоева ба коронавирус сироят ёфта буд.

Саидамир Розиқзода

Генерал-майор Саидамир Розиқзода, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистон, рӯзи 4-уми июл дар сини 64-солагӣ даргузашт. Наздиконаш сабаби марги ӯро гирифторӣ ба COVID-19 медонанд.

Яке аз шогирдони Саидамир Розиқзода, гуфтааст, ки “генерал-майор Саидамир Розиқзода ду ҳафта дар Беморхонаи сироятӣ воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бистарӣ буд ва аз бемории коронавирус даргузашт”.

Пирӣ Ҳусайн

Парвина Гулова, яке аз масъулони маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки генерал-майори мустаъфӣ Пирӣ Ҳусайн рӯзи 10-уми июл дар пайи бемории тӯлонӣ ҷаҳони фониро тарк гуфт. Ин корманди маркази матбуоти ВКД дар бораи иллати марги генерал Пирӣ Ҳусайн чизе нанавиштааст, вале як манбаъ гуфтааст, ки ӯ чанд рӯзи охир бо бемории коронавирус мубориза мебурд.

Карим Ҳайдаров

Академик Карим Ҳайдаров, асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ рӯзи 6-уми июл аз бемории коронавирус даргузашт. Ба гуфтаи як ҳамкори марҳум, академик чанд рӯзи охир дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе бо нишонаҳои монанд ба коронавирус бистарӣ шуда буд.

Манбаъ гуфтааст, ки писару ҳамсараш ҳам дар беморхона бистарӣ буданд ва эҳтимол аст, ҳамаи онҳо аз  бемории коронавирус ранҷ мекашиданд.

Карим Ҳайдаров соли 1934 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1959 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияташро ҳамчун  сардухтур дар беморхонаии ноҳиявии шаҳри Норак оғоз намуда, соли 1964 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Омӯзиши қиёсии фармакологии «Триакантин» ва “Папаверин” дифоъ” кардааст.

Ихтирои ӯ доруҳои «Тимогар» ва «Тимотсин» аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, роҳи меъдаю рӯдаҳо, узвҳои такягоҳ истифода мешаванд. Ӯро ҳамчун асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ медонанд. Академики марҳум соли 2020 ҷоизаи Ибни Синоро аз Академияи улум дарёфт карда буд.

Мунаввара Усмонова

Наттоқи варзидаи тоҷик Мунаввара Усмонова низ имрӯз 12-уми июл даргузашт. Мунаввара Усмонова 70 сол дошт.Ӯ риштаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи педагогии Душанбе ба номи Т.Шевченкоро хатм карда, дар даврони Шӯравӣ яке аз ду диктор ё муҷрии барномаи “Ахбор” бо забони русӣ буд. Ба иттилои манбаъ ӯ низ қурбонии коронавирус шудааст.

“Дар қатори ин шабурӯз рафтагон, наттоқи варзидаи Телевизиони Тоҷикистон, тарҷумон ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ Мунаввара Усмонова ҳам аз бемории ковид бандагӣ карданд”, – навиштааст дар саҳифаи фейсбукиаш, Малоҳат Дустматова.

Skip to toolbar