“Математик ҳеҷ гоҳ бепул намемонад”. Чӣ тавр ҷавони тоҷик дар Амрико рисолаи докторӣ ҳимоя кард

Фирдавс дар натиҷаи худомӯзии яксола ва кӯшишҳои зиёд дараҷаи дониши забони англисиро дар худ беҳтар карда, имтиҳони IELTS-ро бомуваффақият супоридааст.


Фирдавс Рахмонов. Здесь и далее фотографии из личного архива героя

Фирдавс Раҳмонов, донишманди ҷавони тоҷик дар Донишгоҳи Рочестери штати Ню-Йорки ИМА рисолаи докториашро ҳимоя кард.

Муваффақиятҳои ин ҷавон аз овони мактабхонӣ оғоз гардидааст. Фирдавс соли 2009 дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни математика медали тило ба даст оварда, соли 2015 Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови Москваро бо дипломи сурх хатм кардааст.

Ӯ ба муаллифи Your.tj дар бораи муваффақияти худ, роҳи беҳтар кардани вазъи молиявӣ бо кӯмаки математика ва зарурияти омӯзиши ин илм қисса намуд.

Таҳсили яксола арзиши як хона

Фирдавс баъд аз хатми ДДМ ба номи Ломоносов тасмим дошт, ки то математики ҳирфаӣ шудан кӯшиш кунад. Аммо наметавонист ба таври буҷавӣ ба зинаи аспирантураи ин донишгоҳ дохил шавад, чунки шаҳрванди Русия набуд. Сипас бо маслиҳати роҳбари илмиаш аз пайи ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳҳои ИМА шуд.

Баъд аз гирифтани баллҳои лозима аз имтиҳони забони англисӣ бо барномаи IELTS, Фирдавс ду имтиҳони дохилшавӣ GRE General ва GRE Math Subject Test (тести санҷишӣ аз фанни риёзӣ)-ро супорида, натиҷаи хуб ба даст овард ва пешниҳоди таҳсил дар зинаи докторантураи факултети математикаи Донишгоҳи Рочестери Ню-Йорк (University of Rochester)-ро гирифт. Ин донишгоҳ ҳамаи хароҷоти таҳсил ва идрорпулиро ба ӯҳда гирифт, вале Фирдавс бояд худаш ҷойи истиқоматашро таъмин мекард.

Донишгоҳ барои таҳсили ӯ дар як сол 100 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ мекунад, ки аз ин 30 ҳазор доллараш барои стипендия аст. 70 ҳазор доллари боқимонда барои таҳсили яксолаи Фирдавс сарф мешавад.

“Дар ИМА арзиши таҳсил дар зинаи бакалавр хеле гарон аст. Бисёре аз амрикоиҳо аз бонк қарз гирифта, маблағи шартномаи таҳсилро месупоранд ва баъди гирифтани диплом, аввалин маоши худро сарфи пардохти кредит мекунанд”,- гуфт қаҳрамони мо.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи Фирдавс, факултете, ки ӯ таҳсил мекунад, ҳамасола барои иштироки ҳар як докторант дар конфронсҳои берун аз ИМА 1000 доллар ҷудо мекунад. Аммо дар мавриди бештар мамлакат ё донишгоҳи мизбон ҳамаи хароҷотро пардохт мекунад. Фирдавс бо истифода аз ин имконият борҳо дар конфронсҳои гуногун баромади илмӣ намудааст.

Оё донишҷӯ дар Амрико танбал мешавад?

“Таҳсил дар зинаи докторантураи ИМА аз ҳама ҷиҳат беҳтар аст, аммо бакалавриат ба андешаи ман то андозае ҷиҳати манфӣ дорад”,- гуфт Фирдавс.

Ӯ афзуд, дар донишгоҳҳои Тоҷикистону Русия донишҷӯ уҳдадор аст, ки дар ҳамаи лексияҳои дар ҷадвали дарсӣ нишондодашуда иштирок намояд ва имтиҳон супорад. Дар Амрико бошад, худи донишҷӯ курси лексияҳоро интихоб мекунад.

“Аксари онҳо курси осонтаринро интихоб мекунанд. Дар натиҷа ин фанҳо донишҷӯро барои зинаи докторантура он қадар нағз омода намекунад. Зеро танбалӣ дар табиати ҳар як инсон мавҷуд аст”,- шарҳ дод ӯ.

Аммо Фирдавс баръакси ин дар як рӯз 6-7 соат бо математика машғул мешавад, ҳатто дар рӯзҳои истироҳатӣ.

Ӯ 18 апрели соли 2024 дар Донишгоҳи Рочестер рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Конфигуратсияи монанди нуқтаҳо дар фазои вектории болои майдонҳои охирнок ва зарибҳои маҷмӯи масофаҳо” (“Similar point configurations in vector spaces over finite fields and quotients of distance sets”) ҳимоя намуд.

Фирдавс баъди бо баҳои аъло супоридани 8 имтиҳони курси дуюми докторантура, ба навиштани ин рисола шуруъ намуд. Зеро дар ҳоли бо баҳои ғайриқаноатбахш супоридани имтиҳон, ба докторант иҷозат дода намешавад, ки диссертатсия бинависад. Фирдавс барои навиштани он зиёда аз 3 сол заҳмат кашид. Роҳбарони илмии ӯ профессорони донишгоҳи Рочестер, Алекс Иосевич ва Кова Ҳусайнӣ ҳастанд.

Диссертатсияи Фирдавс ба се мақолаи илмие, ки дар давоми таҳсили докторантура навиштааст, асос ёфтааст. Ин мақолаҳо дар маҷаллаҳои (категорияи Q1) бонуфузи ҷаҳон ба нашр расидаанд. Маҷаллаҳои математикӣ чаҳор категорияи рейтингӣ доранд, ки Q1 дараҷаи баландтаринашон аст.

Муваффақият баъд аз нокомиҳо

Соли 2016, вақте Фирдавс аз пайи идомаи таҳсил дар ИМА шуд, чанде аз нафарони огоҳ гуфтанд, ки донишгоҳҳои ин кишвар довталабонро бидуни натиҷаи тестҳои байналмилалии забони англисӣ қабул намекунанд. Фирдавс, пеш аз ин боре дар бораи ин гуна тестҳо нашунида буд.

Ӯ тасмим гирифт, ки ба имтиҳони IELTS омодагӣ бинад. Он солҳо Фирдавс дар Русия буд ва як соати дарсии инфиродӣ барои омодагӣ ба ин имтиҳон дар Москва 4-5 ҳазор рубли русӣ арзиш дошт.

Ба ин сабаб Фирдавс ба таври ҷиддӣ ба худомӯзӣ оғоз кард. Ӯ ҳар рӯз зиёда аз панҷ соат машғул мешуд. Ғайр аз ин, дар дохили метро ҳангоми рафтан ба кор китоб мехонд.

“Ҳатто як рӯз аз дасти зиёд хондани китоб дар метро хобам бурдааст. Ҳангоме чашмонамро кушодам, худро дар депо дидам”,- ба хотир меорад ӯ.

Фирдавс баъди ҳафт моҳи худомӯзӣ, аз IELTS имтиҳон супорида, 6,5 балл гирифт, ки мутаасифона барои гирифтани натиҷаи минималӣ камӣ мекард. Қаҳрамони мо боз се моҳ пайи омӯзиш шуд ва бори дигар имтиҳон супорид, вале натиҷа боз 6,5 балл баромад. Тасмим гирифт, ки чанд моҳи дигар омодагӣ дида, бори сеюм имтиҳон супорад.

“Ба худ гуфтам, ки агар ин дафъа ҳам натавонистам, аз таҳсил дар Амрико даст мекашам. Чунки ҳар рӯз аз бетанаффус омӯхтани забони англисӣ хаста шуда будам. Хушбахтона ин дафъа натиҷаи имтиҳон 7,5 балл баромад”, – гуфт Фирдавс.

Ӯ аз рӯи натиҷаи худ хулоса карда мегӯяд, ки беҳтарин роҳи андӯхтани забони англисӣ, ин худомӯзист. Зеро касе ба як нафар чун худи ӯ кумак расонида наметавонад. Фирдавс баъди худомӯзии яксола аз дараҷаи Pre-Intemediate ба зинаи Advanced расид.

Вақте ӯ аввалин бор ба ИМА барои таҳсил сафар кард, боз ҳам ба мушкилоти забонӣ дучор омад. Зеро қабл аз ин боре ба кишвари англисзабон сафар накарда буд, ҳатто бо намояндагони ин миллат рафоқат надошт. Аммо бо гузашти фурсат ин мушкилиро низ паси сар кард.

Варзиш ё математика?

Фирдавс ҳеҷ гоҳ орзу ё мақсад надошт, ки математикаро ҳамчун касб интихоб намояд. Зеро бо тамрини бокс машғул буд ва гумон дошт варзишгар мешавад. Ӯ математики касбӣ буданро баъди курси дуюми бакалаврӣ мақсад намуд.

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, дар гурӯҳи онҳо се нафар барандаи медали тилои олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика таҳсил мекарданд. Ин натиҷаҳои ҳамсабақонаш ба ӯ ангеза бахшид ва ояндаи худро интихоб кард. Қаҳрамони мо мегӯяд, таҳсил дар хориҷ ҷаҳонбиниро васеъ ва андешаҳоро иваз мекунад.

Фирдавс иқрор мешавад, ки варзиш ба вай таслим нашуданро омӯхт. Агар дар баъзе ҷиҳатҳои таҳлилҳои математикӣ имрӯз муваффақ нашавад, пагоҳ талош мекунад, пагоҳ ҳам нашавад, рӯзи дигар.

Ӯ афсӯс мехӯрад, ки ҷавонони тоҷик дар илмҳои риёзӣ хеле кам таҳсил мекунанд.

“Шояд сабаб дар он бошад, ки ҷомеаи мо меандешанд математикҳо зиндагии фаровон надоранд. Аммо математик дар ИМА бе ягон мушкилот метавонад хонаи алоҳида ва мошини худро дошта бошад, буҷаи худро ҷамъ кунад, ба кишварҳои хориҷӣ сафар намояд ва ҳалли мушкилоти зиндагиро бо ақл дарёбад.

Ҳоло дар бахшҳои молиявии ИМА иқтисодчиёнро не, балки математикҳоро ҷалб карда истодаанд. Яъне математик ҳеҷ гоҳ бепул ва бе ҷойи кор намемонад”, – афзуд Фирдавс.

Бархе мегӯянд, ки бо дипломи донишгоҳҳои Тоҷикистон ба зинаҳои болотар аз бакалаври донишгоҳҳои ИМА дохил шудан ғайриимкон аст. Аммо Фирдавс ин овозаҳоро беасос номида, гуфт, ки мутахассиси хуб дар ҳама ҷо қадр дорад.

“Дониш ирсӣ нест”

Фирдавс писари яке аз маъруфтарин математикҳои тоҷик академик Зарулло Раҳмонов аст. Аммо ӯ ақидаҳои монанди “хун мекашад”, “истеъдоди ирсӣ”-ро намепазирад.

“Ген вобастагӣ ба дониш надорад. Бобою бибии ман аз математика хабардор набуданд, аммо падарам математик шуданд. Ё ин ки волидони 95% дӯстони математики ман, бо ин фан алоқамандӣ надоранд. Агар инсон тахассуси худро дӯст дорад ва бо он ҷиддан машғул шавад, ҳамеша муввафақ аст”,- гуфт олими ҷавон.

Мавриди қайд аст, ки Фирдавс баъд аз хатми донишгоҳи Русия муддати як сол дар зинаи аспирантураи Институти математикаи назди АМИТ таҳсил кардааст. Ба ин хотир аз вазъи омӯзиши математика дар мактабҳои муосири тоҷик хабардор аст.

Пӯшида нест, ки қариб дар ҳамаи мактабҳои миёнаи Тоҷикистон, дар ҳар як синф се ё чор нафар мисолу муодилаҳои математикиро ҳал мекунанд. Ҳамсабақони боқимонда аз онҳо рӯнавис мекунанд.

Фирдавс бар ин назар аст, ки барои рушди математика дар байни мактаббачагон мебояд дарсҳои иловагӣ аз рӯи олимпиадаи математикӣ, ки аз дарсҳои маъмулӣ фарқ мекунад, гузаронида шавад. Ба ақидаи ӯ, таҳсили хонандагони зинаи донишашон гуногун дар як синфхона ва ташкили мусобиқаҳои математикӣ дар байни онҳо, барои рушди фаҳмиши математикӣ нақши калон мебозад. Яъне қувваи таъсиррасонӣ ҳатман натиҷаи худро нишон медиҳад, мегӯяд Фирдавс.

Фирдавс мақсад дорад фаъолияти илмии худро дар яке аз донишгоҳҳои ИМА, Аврупо ё Чин, ки даъватнома гирифтааст, идома диҳад. Ӯ мехоҳад масъалаҳои фундаменталии математикаи назариявиро ҳал карда, мактаби илмии худро ташкил кунад. Инчунин, олими ҷавон ният дорад, дар оянда ба Тоҷикистон баргашта, бо донишҷӯёни риштаи риёзӣ мулоқотҳои илмӣ анҷом диҳад ва аз миёни онҳо донишҷӯёни соҳибистеъдодро барои шогирдӣ интихоб намояд.

Фирдавс бо оилааш

Дар ниҳоят, Фирдавс ба падараш академик Зарулло Раҳмонов, бародаронаш, устодонаш Архипов Г., Иосевич А., Чубариков В., Ҳусайнӣ К, ҳамсараш Навбаҳор ва волидони ӯ, барои дастгирии пайвастаашон арзи сипос намуд.

Нодира Собирзод