Имрӯз, 3-юми май Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора Хадамоти матбуоти сарври давлат хабар дод.
Мулоқоти телефонии роҳбарони ду давлат дар пасманзари санҷишу тафтишоти шадиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва ихроҷи онҳо аз ҷониби мақомоти Русия дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои ин кишвар доир гардид.
Гуфта мешавад, сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карданд.
“Дар ин замина масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ба таври муфассал муҳокима гардид. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо оид ба бештар фаъол гардонидани кор дар ин самт дастурҳои дахлдор дода шаванд”,- зикр мегардад дар хабар.
Ҳамчунин, қайд мегардад, ки роҳбарони ду давлат ҳамоҳангии наздики сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро ҷиҳати мубориза бо терроризм, экстремизм ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳамзамон муҳим будани тақвияти минбаъдаи ҳамкории онҳоро таъкид карданд.
“Президентҳо, инчунин, оид ба масоили алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд. Ҷонибҳо, дар баробари ин, ҷадвали мулоқотҳои наздики дуҷонибаро ҳамоҳанг намуданд”,- меафзояд манбаъ.
Дар охир Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки дар шаҳри Москва баргузор хоҳад шуд, даъват кард.
Рӯзи 30-юми апрел вобаста ба масъалаи муҳоҷирони тоҷик вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров суҳбати телефонӣ анҷом дода буданд. Вазири тоҷик таъкид карда буд, “бархӯрди манфӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои равобити дуҷониба мувофиқат намекунад”.
Вазирон дар охири мулоқот дар мавриди зарурати нигоҳ доштани принсипҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ якдилона ибрози назар карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 29-уми апрел дар робита ба боздошт ва фишор нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия ба сафири ин кишвар нотаи эътирозӣ супурда буд.
Ба иттилои ВКХ-и Тоҷикистон танҳо давоми чор рӯз – аз 26 то 30-юми апрел мақомоти Русия аз беш аз 3 ҳазору 101 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба фурудгоҳи Внуково парвоз карда буданд, баъди чанд рӯзи нигоҳ доштан дар шароити номуносиб 643 нафарашонро хориҷ (депортатсия) кардаанд.
Манбаъ қайд мекунад, боз 117 шаҳрванди дар рӯйхати ихроҷи мақомоти ин кишвар қарор доранд.