Марзбонони қирғиз оташбасро халалдор мекунанд

Қирғизистон дар хати сарҳад мавқеъҳои ҷангиашро мустаҳкам мекунад


Ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба ҳолати соати 10:00 – и 17 сентябри соли 2022, вазъият дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад. Вале дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби низомиёни Қирғизистон талаботи созиши оташбас вайрон карда мешавад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар додааст.

Манбаъ менависад, ки аз самти маҳаллаҳои Самарқандак ва Коктоши ноҳияи Боткен ҷониби мавзеъҳои наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз силоҳҳои гурӯҳӣ тирпарронӣ сурат мегирад.

Ҳамзамон бо ин, ҷобаҷокунии қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар хати сарҳад ва мустаҳкамкунии мавқеъҳои ҷангӣ мушоҳида мегардад, ки аз омодагӣ ба амалҳои навбатии иғвоангезонаи низомиёни қирғиз ҷиҳати ноором кардани вазъият шаҳодат медиҳад.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори барқарор намудани амну субот дар марзи ду кишвари ҳамҷавор буда, тамоми талошҳоро барои баргузор намудани гуфтушунидҳо ва ҳал намудани муноқиша бо роҳҳои дипломатӣ равона намудааст”,- омадааст дар хабар.