Муовини раиси Ориёнбонк ки рабуда шуд

Марги яке аз гумонбарон ва пайгарди ду нафари дигар. Ҷузъиёти нав дар парвандаи Шуҳрат Исматуллоев

Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 16 феврал марги яке аз боздоштшудагон дар парвандаи куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси Ориёнбонк”-ро дар боздоштгоҳ тасдиқ кард.

Намояндагони ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, Парвиз Мустафоқулов 27-уми августи соли гузашта бо сабаби бад шудани саломатиаш ба беморхонаи боздоштгоҳ интиқол ёфта, баъди як рӯз даргузашт.

Сабаби марги ӯро “пневмонияи музмини шушҳо” гуфтаанд. Гуфта мешавад, Мустафоқулов, сокини 44-солаи шаҳри Панҷакент будааст, ки бо иттиҳоми хабар надодан дар бораи ҷиноят дастгир шудааст.

Қаблан, 3-юми сентябри соли 2023 Озодӣ дар бораи марги яке аз боздоштшудагони дигар, Акбар Аҳмадов, хабар дода буд. Вале он вақт аз тарафи Прокуратураи генералӣ ба ин хабар эътирози расмӣ нашр шуда буд, ки дар он гуфта мешуд, Акбар Аҳмадов зинда аст.

Вале дар бораи фавтидани гумонбари дигар дар парвандаи Шуҳрат Исматуллоев чизе нагуфта буданд.

Прокурори генералӣ, Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарӣ гуфт, барои даст доштан дар қатли муовини раиси “Ориёнбонк”, нисбати 18 нафар парванда боз шуда, 14 нафари онҳо дар боздошт ҳастанд ва боз ду каси дигар дар пайгард эълон шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки боз як нафари онҳо Рустам Ашӯров, рӯзи 30-юми июни дар  фурудгоҳи Кишинёви Молдова бо неруҳои амниятии ин кишвар даргир шуда, баъди захмӣ гардидан ба ҳалокат расид.

Яке аз гумонбарони дигар Алишер Бойторови 45-сола, сокини шаҳри Душанбе таҳти ҷустуҷӯи мақомоти Тоҷикистон аст. Номбурда феълан дар Лаҳистон (Полша) қарор дошта, то ҳол боздошт нашудааст.

Нафари дигари таҳти пайгард Фирӯз Муминов, сокини ноҳияи Шаҳринав, ки дар айни замон дар Амрико боздошт шуда,  масъалаи истирдодаш ба Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ аст.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар чаҳорчӯби парвандаи рабудан ва куштори Шуҳрат Исматуллоев 14 нафар дар курсии ҷавобгарӣ нишастаанд.

Шуҳрат Исматуллоев, собиқ муовини роҳбари “Ориёнбонк” шаби 23-юми июни соли 2023 рабуда ва баъдан ба қатл расонида мешавад. Ҷустуҷӯйи ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ҳудуди ду моҳ идома карда, рӯзи 13-уми августи соли гузашта аз дарёи Зарафшон дар  Панҷакент пайдо шуд. Ӯро рӯзи 30-юми август дар Душанбе ба хок супориданд.

Skip to toolbar