Марги як зани 36-солаи тоҷик дар садамаи нақлиётӣ дар ИМА

Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар иёлати Небраскаи ИМА як зани 36-солаи тоҷик ба ҳалокат расида, се фарзанди ноболиғи ӯ ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Ҳодиса рӯзи 6 феврал дар наздикии шаҳри Скрибнер рух додааст.

Ба гуфтаи наздикони марҳум, ин зан Дилрабо Азизбекова ном дошта, худ дар сари фармони мошин қарор дошт ва се фарзандаш низ ҳамроҳаш буданд. Ӯ дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Писари 9-солаи ӯ бо осеби шадиди мағзи сар дар шуъбаи эҳё қарор дорад, духтари 11-сола ва писари 5-солааш бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Сабаб ва ҷузъиёти дигари садама то ҳол расман шарҳ дода нашудааст.

Ба гуфтаи наздиконаш, Дилрабо Азизбекова фарзандонашро танҳо ба воя мерасонид ва тақрибан се моҳ пеш, баъди бурди лотереяи Грин-корт, барои кору иқомат ба Амрико кӯчида буд.

Ҳоло барои интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон, табобати кӯдакон ва таъмини ояндаи онҳо тавассути сомонаи хайрияви GoFundMe маблағ ҷамъоварӣ мешавад. Муҳлати овардани ҷасад ба ватан ва маросими дафн ҳанӯз маълум нест.

Skip to toolbar