Марги ду марде, ки аз биное дар Душанбе афтода буданд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (ҚҲФ) дар шаҳри Душанбе тасдиқ кардааст, ки ду тан аз чор марде, ки ҳангоми насби тиреза дар яке аз биноҳои баландошёнаи пойтахт ба замин афтода буданд, ба ҳалокат расидаанд.

Ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона қарор доранд. Гуфта мешавад, ҳодиса дар маҳаллаи Бофандаи шаҳри Душанбе рух додааст, хабар медиҳад “Азия-Плюс”.

Ба иттилои манбаъ, қурбониёни ин фоҷиа як ҷавони 21-сола ва марди 37-сола буда, ду нафаре, ки зинда мондаанд, 25 ва 41 сола мебошанд.

Яке аз захмиён дар беморхонаи “Шифобахш” ва дигарӣ дар Беморхонаи шаҳрии рақами 3 бистарӣ шудааст.

Манбаъ меафзояд, се нафари онҳо сокинони шаҳри Ҳисор ва як нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт мебошад.

Ҳодиса рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта рух дода, навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Дар навор шоҳидон шарҳ додаанд, ки мардҳо аз ошёнаи шашуми бинои 18-ошёна ҳангоми насби тиреза ба замин афтодаанд.

Мақомот мегӯянд, таҳқиқи сабабҳои ҳодиса идома дорад ва ҳоло маълум нест, ки онҳо дақиқан кай, аз ошёнаи чандум ва дар чӣ шароит ба замин афтидаанд.

Бояд гуфт, ин аввалин ҳодисаи маргбор дар сохтмонҳои пойтахт нест. Қаблан, бар асари фурӯ рехтани девори як бинои навсохт, се кӯдак ба ҳалокат расида буданд.

Дар робита ба он ҳодиса прокуратураи ноҳияи И. Сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда, чанд корманди ширкати сохтмонии “ДСК Тоҷикистон”-ро дастгир карда буд.

Skip to toolbar