Рӯзҳои 28 ва 29 августи соли равон дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар шаҳри Санк- Петербург 4 ҷавон ва дар шаҳри Самара 3 ҷавони тоҷик ба ҳалокат расидаанд. Хабар медиҳад, Азия плюс.
Ҳодиса шоми 28 августи соли 2022, соати 20:11, дар дохили базаи меваю сабзавоти маъруф бо номи “Софийская овощебаза” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия рух додааст.
Ҳодисаи дуввум дар шаҳри Сизрани вилояти Самараи Русия рух додааст, ки бар асари садамаи нақлиётӣ се ҷавони тоҷик ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ин фалокат соати 07:30 рӯзи гузашта рух дода, дар натиҷаи ба як фураи тамғаи “MAN” бо қариб 20 тонна орд бархӯрдани мошини сабукрави тамғаи “Киа-Рио” се мусофири мошини сабукрав ҷон бохта, ронанда ва як мусофири дигарашро бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ кардаанд.
4 нафаре, ки дар пайи ин садама ба ҳалокат расиданд ва ҷароҳат бардоштанд инҳоянд:
1.Очилдиев Холбой Файзуллоевич (2002), ноҳияи Носири Хусрав,
2.Шукуров Садридин Ёрибекович (1977), ноҳияи Шаҳритӯс,
3.Зиёдалиев Аббосҷон Мақсудович (2002), ноҳияи Носири Хусрав,
4.Сангаков Садурдин Наҷмудинович (2002), ноҳияи Рашт.
Хабари марги чавонони тоҷикро Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” тасдиқ намуда ҳамдардии худро ба наздикони фавтидагон расонидааст.
“Қазияи мавриди назар таҳти пайгирии cафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад”, -омадааст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия.