Дар роҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, бар асари бархӯрди ду мошин панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса 24 феврал, тахминан соати 15:30 рух додааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи Toyota Corolla Verso, Мастибек Шоҳназарови 38-сола, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат аз вилояти Суғд ба самти Душанбе ба хатти муқобил баромада, ба мошини боркаши Volvo Truck бархӯрдааст. Нақлиёти дуюмро Зикрулло Атобулоеви 49-сола, сокини ноҳияи Масчоҳ идора мекард.
Дар натиҷаи садама ронандаи Toyota ва чор мусофири он — Садбарг Ашуроваи 46-сола, Раҳмоназир Ашурови 52-сола, Меҳрубон Ашуроваи 47-сола ва Завқибек Шоҳназарови 46-сола, сокинони ноҳияи Айнӣ, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд.
Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
