Таркиши НФС (заправка) дар Доғистон

Марги 35 нафар дар таркиши НФС дар Махачқалъа

Шумораи қурбониён дар пайи таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Махачқалъа ба 35 нафар расид, ки 3 кӯдак ба ҳалокат расидааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия хабар медиҳад, ки 115 каси дигар дар ин ҳодиса осеб дидаанд.

Дар Доғистон ба хотири ҳалокшудагон мотам ва дар ноҳияи Кумторкалинский ҳолати фавқулода эълон шудааст.

Таркиш дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Махачқалъа 14-уми август рух дод. Дар аввал бинои хидматрасонии мошинҳо оташ гирифта, баъдан алангаи оташ ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мерасад, ки боиси таркиши зарфи газу ҳаво мешавад. Сӯхтор пас аз тақрибан 4 соати таркиш хомӯш карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳукумат Доғистон ба оилаҳои фавтидагон 1 миллион рублӣ, ба маҷруҳони ҳолаташон вазнин 400 ҳазор рублӣ ва маҷруҳони ҳолаташон сабук 200 ҳазор рублӣ кӯмак мекунад.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки раванди тафтишоти таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ таҳти назорати мақомот қарор дошта, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Skip to toolbar