Марде дар Ваҳдат занашро корд заду худро оташ зад

Зану шавҳар ҳоло дар шӯъбаи эҳёи  беморхона бистарӣ буда, вазъи саломатияшон вазнин арзёбӣ мешавад.


Марде дар Ваҳдат занашро корд зад

Акс аз ВКД

Дар шаҳри Ваҳдат як марди 39‑солаи сокини ин шаҳр ба ҳамсараш корд зада, худро оташ задааст. Дар ин бора ВКД хабар дод.

Гуфта мешавад, мард аз рашк занашро бо корди конселярӣ захмӣ карда, баъд ба хотири озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худашро оташ задааст.

Зани 37‑солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба шӯъбаи ВКД дар ин шаҳр бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кардааст. Дар он гуфта мешавад, ки рӯзи 9‑уми август шавҳараш бо сабаби рашк дар пайи муноқишаи оилавӣ бо корди конселярӣ узвҳои ҳаётан муҳимашро буридааст.

“Гумонбаршаванда бо мақсади аз ҷавобгарии чиноятӣ озод шудан “ба НФС  “ОРИЁ”-и шаҳри Ваҳдат рафта, дар зарфи обгирӣ сӯзишвории бензин дастрас намуда, тавассути он берун аз нуқтаи маҳалли аҳолинишин худро оташ задааст”,- менависад ВКД.

Зану шавҳар ҳоло дар шӯъбаи эҳёи  беморхона бистарӣ буда, вазъи саломатияшон вазнин арзёбӣ мешавад. Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.