Марди тоҷик ба куштани ҳамсараш гумонбар аст

Марде барои куштори ҳамсари ҳомилааш зиндон шуд

Сокини 30 солаи шаҳри Хуҷанд барои одамкушӣ 25 сол равонаи зиндон шудааст. Ӯ бо гумони куштори ҳамсари ҳомилааш моҳи март боздошт шуда буд.

Дар ин бора “Азия-плюс” бо такя ба иттилои Фирӯза Аҳмадзода, судяи Суди вилояти Суғд ба хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, Неъматҷон Эшонқулов бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне одамкушӣ аз озодӣ маҳрум шуда, ҳукми суд як моҳ пеш содир шудааст.

Гуфта мешавад, номбурда ҳамсараш Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро шаби 15-уми март куштааст ва ба иттилои наздикон, ҳодиса дар хонаи истиқоматиаш рух додааст.

Қаблан, яке аз наздикони зани кушташуда ба “Азия-Плюс” гуфтааст, “шавҳари Фотима Сатторова, ки моҳи январ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд, 15-уми март ба ватан баргашта, ба тани ҳамсари ҳомилааш 70 маротиба корд задааст”.

Он замон сабаби куштор маълум набуд.

Ҳоло, тибқи ҳукми суд сабаби куштор “рад кардани туҳфае будааст, ки шавҳараш аз Русия барои Сатторова овардааст, ки дар натиҷа Эшонқулов асабӣ шуда… дар пеши модар ва додараш ҳамсари ҳомилаашро бо  корди ошхона  мезанад”.

“Ба ҳадде бо бераҳмӣ ҳамсарашро бо корд мезанад, ки дастаи корд мешиканад. Эшонқулов корди дуюмро оварда боз амалҳои қасдонаи худро давом медиҳад. Дар умум, бо зарби 73 корд ҳамсари ҳомиладорро аз ҳаёт маҳрум мекунад, ки 22 зарби корд дар қисми ҳаётан муҳим-гардан аст”, – гуфта мешавад дар ҳукми суд.

Бояд гуфт, ки Фотима Сатторова донишҷӯйи соли 5-уми шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будааст.

Skip to toolbar