Марде ба 42 нафар билети қалбакӣ ба Ҳаҷ сохтааст

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар дод, ки аз 42 нафар бо баҳонаи сафар ба Арабистони Саудӣ билети қалбакӣ омода кардааст.

Мақомот аз гумонбар Парвиз Бахирови 38-сола сокини ноҳияи А. Ҷомӣ ном бурданд.

Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки номбурда пеш бо ҷурми қаллобӣ суд шудааст ва ҳамзамон барои мардумфиребӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Нисбати гумонбар бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мақомот мегӯянд, агар шаҳрвандон мавриди фиреби Бахиров қарор гирифтаанд, ба рақамҳои 2211542 ва 2210057 ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Skip to toolbar