Гумонбари куштор

Марде ҳамсари собиқи бародарашро буғӣ карда куштааст

Дар шаҳри Душанбе марде собиқ ҳамсари бародарашро бо роҳи бӯғи шаби соли нав ба ҳалокат расонидааст, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Суҳроб Раҳимови 31-сола дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” мегӯяд, ки шаби ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор дошт.

“Гумонбаршаванда бинобар қаблан вуҷуд доштани нофаҳмӣ ва ғаразу бадбинӣ бо мақсади ба ҳалокат расонидани Файзуллоева Гулчеҳра, ки ҳамсари собиқи бародараш мебошад, ба манзили зисти ӯ рафта, ӯро бо роҳи буғӣ ба ҳалокат расонидааст”,- гуфта мешавад дар гузориш.

Нисбати гумонбаршаванда тибқи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Мутобиқи ин банди қонун ҷавобгар аз 8 то 15 сол аз озодӣ маҳрум мегардад.

Skip to toolbar