“Ман аз ҳама миннатдорам!”. Фелдшери тоҷик бо оилаш ба хонаи туҳфакардаи президент рафт

Фелдшер аз президент хона гирифт

Фелдшери тоҷик Муҳаммад Хисейнов, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо табибони тоҷик ваъда карда буд, ки хона туҳфааш мекунад, соҳиби манзил шуд. Ӯ аллакай бо оилааш ба хонаи нав кӯчид.

Хона Муҳаммад дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви пойтахт, дуртар аз прокуратураи генералии кишвар ҷойгир аст. «Ман хеле шодам, ки бо дастгирии президент орзуям амалӣ гардид – соҳиби хонаи истиқоматии худам шудам. Ман аз ҳама миннатдорам! ” – гуфтааст Муҳаммад ба “Азия-Плюс”.

Ёдовар мешавем, ки як фелдшери 31-сола дар оғози эпидемияи коронавирус дар Тоҷикистон паёми видеоии кӯтоҳе ба ҳамкоронаш аз беморхонаи Душанбе сабт карда буд. Дар видео ӯ табибонеро, ки аз тарси ин беморӣ ба кор намеомаданд нафрин мехонд ва ба табибоне, ки ба пиронсолии худ нигоҳ накарда шабу рӯз дар беморхона буданд таҳсин хонда буд.

Ҳангоми мулоқоти бо табибони тоҷик, сарвари давлат ин наворро ба ёд оварда, бо ӯ сӯҳбат кард ва амр дод, ки дар манзил ва таҳсил кӯмакаш кунанд.

Моҳи октябр Тоҷикистон ба ҳамсоякишварҳо ба $2 млн барқ фурӯхт

ШСХК “Барқи тоҷик” интиқоли барқро ба кишварҳои ҳамсоя дар моҳи октябр идома дод ва ин ҳам дар ҳоли маҳдудияти интиқоли барқ ба истеъмолгарон дар дохили кишвар.

Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, моҳи октябр аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳудуди 2 млн доллар неруи барқ содирот шудааст, ки 1,6 млн доллар камтар нисбат ба моҳи октябри соли 2019 мебошад.

Дар бораи ба кадом кишварҳо ва дар кадом ҳаҷм содирот шудани неруи барқ дар моҳи гузашта маълумот дода намешавад.

Бозорҳои асосии содироти барқи Тоҷикистон Афғонистону Ӯзбекистон маҳсуб ёфта, ба миқдори начандон зиёд барқ аз ҷумҳурӣ ба Қирғизистон низ интиқол дода мешавад.

Тоҷикистон воридоти ордро зиёду гандумро кам кард

Давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон беш аз 73 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44% зиёдтар аст.

Ин миқдор орд ба маблағи умумии қариб 19 млн доллар харидорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 52% қиматтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ ҷумҳурӣ асосан аз воридоти гандум истифода мебарад, ки минбаъд дар корхонаҳои истеҳсоли орди кишвар коркард мешавад.

Ҳарчанд нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 воридоти гандум дар зарфи 10 моҳ 7,8% кам шуда бошад ҳам, ҳаҷми гандуми воридшуда аз ҳаҷми орди воридотӣ 10 баробар зиёдтар аст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, тӯли моҳҳои январ-сентябри соли равон ба ҷумҳурӣ зиёда аз 760 ҳазор тонна гандум оварда шудааст.

Гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мегардад, ки зиёда аз 90%-и воридоти ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ ба ин кишвар рост меояд.

Дар Суғд маргу мир зиёд шудааст: аз ҳама беш дар Хуҷанд

Дар шимолии Тоҷикистон давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 10 ҳазору 537 нафар фавтиданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш 1294 марги одамон зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Суғд, шаҳри Хуҷанд дар сархати зиёдшавии омори марг ҷой гирифт, ки 233 ҳолати фавт дар ин шаҳр назар ба як соли пеш зиёд шудааст. Соли ҷорӣ бинобар хӯрӯҷи пандемия дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ низ аз марги сокинони Хуҷанд бештар хабарҳо дарҷ мегардад.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муқоиса ба даҳ моҳи соли гузашта имсол 209 фавт дар зиёд шудааст. ва баъди шаҳри Хуҷанд дар ҷойи дуюми тафовути омори марг нисбат ба як соли пеш қарор гирифт. Дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Ҷаббор Расулов низ зиёдшавии марг мушоҳида мешавад, ки дар ин минтақаҳо  нисбати соли гузашат аз 100 то 200 нафар бештар фавтидаанд.

Сардори шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд Лолахон Файззода дар сӯҳбат бо “Азия Плюс” гуфтааст, соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Конибодом 57 ва Гулистон 9  мавриди марг нисбат ба соли гузашата кам шудааст. Аммо дар 16 шаҳру навоҳии боқимонда “мотамҳои хонаводагӣ” бамаротиб зиёд шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон қонуни Буҷаи 2021-ро имзо кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» имзо гузошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонуни номбурда дар асоси нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардидааст.

Гуфта мешавад, дар қонун ҳаҷми умумии даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2021 муайян гардида, қисми даромади он нисбат ба Буҷети соли 2020 ба андозаи 1 млрд. 591, 8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Skip to toolbar