“Маблағҳо кофӣ нестанд”. Раҳмон гуфт, барои ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ маблағгузориҳои нав заруранд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд, ки рӯзи 10-уми июн дар Душанбе баргузор гардид, зарурати рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро барои баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ қайд намуд.

Ҳамчунин бо ин мақсад, Ҳукумати мамлакат Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025, Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037-ро қабул намудааст, ки барои бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ равона карда шудааст.

“Ҳукумати кишвар вазифадор аст, ки ислоҳоти соҳаи кишоварзиро тибқи стратегияву барномаҳои қабулгардида идома дода, барои то соли 2037 ба кишвари “сабз” табдил додани Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро андешад”,- афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи раҳбари давлат дар кишвар ҳоло ҳам масъалаҳои ҳалталаб дар рушди инфрасохтори обёрӣ, беҳтар намудани таъминоти моддиву техникии соҳаи кишоварзӣ ва низоми устувори озуқаворӣ боқӣ мемонанд.

“Илова бар ин, ба татбиқи нақшаҳо ва дурнамои рушди мамлакати мо, бахусус, ба соҳаи кишоварзӣ пайомадҳои тағйирёбии иқлим низ таъсири манфӣ расонида истодаанд”,- таъкид кард ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор аст, аз офатҳои табиӣ хеле осебпазир мебошад.

Ӯ зикр намуд, ки соли гузашта, дар кишвар дар маҷмӯъ, зиёда аз 550 офати табиӣ, аз ҷумла селу обхезӣ ва ярчу тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар натиҷа 51 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисоди миллӣ хисороти зиёди молӣ ва моддӣ (қариб 100 миллион сомонӣ) ворид гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, боришоти пайдарпайи баҳори соли 2024 низ ба хоҷагиҳои хонаводагӣ ва кишоварзӣ хисороти зиёд ба бор овардаанд.

“Тирамоҳу зимистони гузашта, баръакс, хеле камбориш омад. Ин ҳолат боиси коҳиши манбаъҳои ташаккулёбии захираҳои оби минтақа гардид, ки беш аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд. Аз ин лиҳоз, бо эҳтимоли зиёд, соли ҷорӣ низ моро камобиву хушксолӣ дар пеш аст”,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар баробари ин, илова кард пезидент, ҳамасола бо сабабҳои таъсири омилҳои экологию хоҷагидорӣ заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиш берун мемонанд ва ҳоло зиёда аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дорад.

Ӯ гуфт, ки чунин ҳолат боиси сарбории иловагӣ ба буҷети давлат мегардад ва дастгирии шарикони рушдро дар самти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, обёрӣ ва беҳдошти замин, барқарорсозии чарогоҳҳо ва дигар самтҳо нокифоя хонд.

“Бинобар ин, зарур мешуморам, ки ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои устувори пешгирӣ аз пайомадҳои манфии офатҳои табиӣ, ислоҳоти соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти замин механизмҳои нави маблағгузорӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд”,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Skip to toolbar