Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ё “лимит” ҷорӣ карда шуд. Сабаби инро ба ҳавои сард ва паст шудани сатҳи об дар кӯли Яшилкӯл алоқаманд медонанд, ки гуфта мешавад, аз соли гузашта 15% камтар аст ва боиси норасоии нерӯи барқ дар минтақа гардид.
Дар ин бора директори ширкати “Помир Энерҷи” дар як ҷаласа, ки раиси вилоят низ дар он иштирок дошт, хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, айни замон маҳдудиятҳо дар таъмини барқ дар маҳалҳои дурдасти аҳолинишини вилоят, ки ҳоло сардиҳо ҳукмрон аст ҷорӣ шудаанд.
Барқ танҳо дар Хоруғ ва марказҳои ноҳия аз Ванҷ то Ишкашим пурра таъмин аст.
“Сабабҳои асосии ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ паст шудани сатҳи об дар кӯли Яшилкӯл, бад шудани шароити обу ҳаво ва афзоиши истеъмоли нерӯи барқ аст”,- шарҳ додаанд ба “Азия-Плюс” дар “Помир Энерҷи”.
Тибқи иттилои манбаъ, барои маҳалҳои аҳолинишини вилоят маҳдудиятҳои интиқоли нерӯи барқ то 6 соат дар як шабонарӯз ҷорӣ карда шудаанд.
Дар сурати шароити ноустувори обу ҳаво, маҳдудиятҳои иловагӣ ё бештарсозии соати интиқоли барқ ба минтақаҳои муайян имконпазир аст, мегӯяд манбаъ.
“Аз ин рӯ, реҷаи дақиқи интиқоли барқ барои пешгирӣ аз мушкилоти иловагӣ нашр карда намешаванд”,- мегӯяд ширкат.
“Помир Энерҷи” сокинони вилоятро даъват мекунад, ки вазъиятро дуруст дарк кунанд ва маълумотҳои иловагиро пайгирӣ намоянд.
Бояд қайд кард, ки ба фарқ аз дигар минтақаҳои кишвар, дар Бадахшон ҳеҷ гоҳ маҳдудияти барқ ҷорӣ карда намешуд.
Аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ё “лимит” оғоз шуд. Он ҳар сол ҷорӣ карда мешавад.
“Барки тоҷик” сабаби ҷорӣ шудани маҳдудиятро боришоти кам дар зимистони гузашта гуфт, ки ба гуфтаи ин ширкат, боиси паст шудани сатҳи об дар дарёи Вахш ва дар натиҷа кам шудани истеҳсоли нерӯи барқ гардид.