Лату кӯби як нозири барқ дар Панҷ

Рустами Эмомалӣ аз сокинони пойтахт даъват кард, ки дар маъракаи эмкунӣ фаъол бошанд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки дар маъракаи эмкунӣ аз коронавирус фаъол бошанд, то ки худашон ва наздиконашонро ҳифз кунанд. Дар ин хусус раиси пойтахт дар ҷаласаи шаҳрдорӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 изҳори назар намуд.

“Дар ин робита Рустами Эмомалӣ аз сокинони шаҳр даъват ба амал овард, ки дар маъракаи ваксинзанӣ фаъол бошанд, то ки худ ва аъзои оилаашонро эм гузаронида, ба ин васила саломатии наздикон ва аҳли ҷомеа ҳифз карда шавад”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки аз моҳи феврали соли 2022 эмкунии навбатӣ ва пурраи сокинонро оғоз карда, дар баробари ин, корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вусъат бахшанд.

“Соли сипаришуда бо мақсади пешгирӣ кардани пандемияи коронавирус 1,5 млн воя ваксина ворид карда шуд ва то имрӯз 725 ҳазор нафар сокинони шаҳр, ки 100 фоизи гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳанд, эм карда шуданд”, – зикр мешавад дар хабари шаҳрдорӣ.

Қобили зикр аст, ки дар доираи механизими ҷаҳонии COVAX ба сифтаи кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон зиёда аз 8 млн вояи ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шуд.

Дар Суғд ним миллион картошка истеҳсол кардаанд

Мақомоти Суғд эълон карданд, ки дар соли 2021 танҳо дар ҳамин минтақа 530 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2020 наздик ба 18 ҳазор тонна бештар будааст.

Мақомоти Суғд хабар додаанд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар соли 2021 ба маблағи 12 млрд. 299,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ ҳосил шуда, ки ба 107,1 фоизи нишондиҳандаи соли 2020 баробар мебошад.

“Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 бардошти картошка 17930,9 тонна, сабзавот 11654,6 тонна, себ 5176,7 тонна, ангур 4161,1 тонна бештар аст”, – хабар додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.

“Барқи тоҷик”: Ҳамагӣ 1%-и барқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол меёбад

Айни замон аз Тоҷикистон ба Афғонистон танҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва таҷҳизот, дар ҳаҷми начандон зиёд неруи барқ интиқол дода мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, тавре ки охири моҳи декабр ширкатҳои энергетикии ду кишвар тавофуқ ҳосил намуда буданд, ҳаҷми интиқоли шабонарӯзии барқ ба ин кишвар 600-700 ҳазор киловатт-соатро ташкил медиҳад.

“Ба тавозуни умумии ттаъминоти Тоҷикистон бо барқ ин ҳаҷм ҳеҷ гуна таъсир намерасонад”, – гуфтанд дар ширкат.

Манбаъ таъкид дошт, ки содироти шабонарӯзии барқ ба Афғонистон ба ҳисоби миёна тақрибан ба 1% аз ҳаҷми умумии барқи дар Тоҷикистон истеҳсолмешуда баробар аст.

Зимнан зикр шуд, ки танҳо дар мавсими баҳору тобистон, замони дар ҳаҷми барзиёд барқро дар ихтиёр доштани неругоҳҳои кишвар ҳаҷми содирот тадриҷан меафзояд.

“Мувофиқи қарордодҳо, дар моҳҳои май-сентябри соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон шабонарӯзӣ то 9,6 млн киловатт-соат барқ интиқол медиҳад”, – зикр кард сарчашмаи хабар.

Манбаъ илова намуд, ки “Барқи тоҷик” ният дорад, ки ҳамаи уҳдадориҳои худро тиқби қарордоди имзошуда бо Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) иҷро кунад ва умедвор аст, ки ин ширкат пардохти маблағи истифодаи барқро пурра ва саривақт таъмин хоҳад кард.

Лату кӯби як нозири барқ дар Панҷ

Дар вилояти Хатлон ба таҳқиқи латукӯби як нозири барқ оғоз кардаанд. Мақомот мегӯянд, Қосим Сатторов ҳангоми талаби пули барқ дар ноҳияи Панҷ аз косахонаи сару бинӣ осеб дидааст. Ҷониби дигар шарҳе надоданд. Ҳодиса 7-уми январи имсол рӯй дода, дар он сокини ноҳия Саидбурҳониддин Ғиёсов ва пайвандонаш гумонбаранд.

Қосим Сатторов, нозири барқ, рӯзи 12-уми январ гуфт, талаби ӯ аз соҳиби хона қонунӣ буд. “Онҳо дар пардохти барқ мушкил доштанд. Дар гузашта огоҳинома дода будем. Роҳбар дастур дод, ки барқи онҳоро хомӯш кунем. Дар хонаашон даъво шуд. Баъди як соат аъзои хонавода омада, маро заданд,” — нақл кард ӯ.

Сатторови 26-сола мегӯяд, аввал дар шифохонаи ноҳияи Панҷ ва сипас дар бемористони шаҳри Бохтар бистарӣ карда шуд.

Мо барои фаҳмидани асли қазия ба Саидбурҳониддин Ғиёсов, сокини кӯчаи Фарғонаи ноҳияи Панҷ, тамос гирифтем. Ӯ дар мавриди латукӯби нозири барқ чизе нагуфт.

Дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тафтишотро оғоз кардаанд, аммо тафсилот надоданд. Маълум нест, бар асоси кадом модда парванда кушодаанд.

Мавзуна Чориева директори генералии КМО Тоҷикистон интихоб шуд

Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва чемпионати ҷаҳон, чемпиони Осиё оид ба бокс Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон интихоб шуд.

Тавре ки маркази матбуоти КМО хабар медиҳад, интихоби Мавзуна Чориева ба ин вазифа дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 11 январ сурат гирифт.

Гуфта мешавад, Мавзуна Чориева аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМО Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати ноиби Президенти Кумита Раҳмонзода Абдулло доир гашт, қайд гардид, ки интихоби Мавзуна Чориева ба вазифаи директори генералии КМО Тоҷикистон пайравӣ аз сиёсати президенти ҷумҳурӣ ва  президенти КМО Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа ва тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати риояи баробарии гендерӣ дар сатҳи роҳбарияти КМОТ мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласа ҳамчунин сохтори Кумита тасдиқ ва масъалаҳои дигари корӣ баррасӣ гардиданд.

Skip to toolbar