fbpx

Нуралӣ Шерматов бо садои най гурезаҳои тоҷикро ба ватан баргардонда буд

Замоне оҳанги навохтаи Нуралӣ Шерматов - "Бинол эй най" дар барномаи маъруфи "Хоки Ватан" садо медод, ки он дарди гурезаҳои тоҷик дар ҷанги шаҳрвандиро бозгӯй мекард.


3
3 points
Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии Нуралӣ Шерматов

Нуралӣ Шерматов яке аз найнавозони бомаҳорати тоҷик аст. Ӯ зиёда аз 30 мешавад, ки дар ансамбли Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радио фаъолият дорад. Ҳоло вай натанҳо навозанда, балки устоди чандин найнавозон аз дохилу хориҷи кишвар низ мебошад.

Муаллифи Your.tj Ҷовидон Раҳмоналиев бо ин ҳунарманд атрофи фаъолияти эҷодиаш ҳамсуҳбат шуд.

Нуралӣ Шерматов ба навохтанӣ най комилан ногаҳонӣ пардохтааст. Ӯ мехост дуторнавоз шавад. Аслан ҳунарманд шудани ӯ орзуи падраш буд, ки Нуралӣ онро ҷомаи амал пӯшонид.

“Бинол эй най” дар “Хоки Ватан”

Замоне оҳанги навохтаи Нуралӣ Шерматов – “Бинол эй най” дар барномаи маъруфи “Хоки Ватан” садо медод, ки он дарди гурезаҳои тоҷик дар ҷанги шаҳрвандиро бозгӯй мекард. Ин яке аз оҳангҳоест, ки Нуралиро миёни тоҷикистониён шуҳратёр гардонид.

“Пас аз ҷанги шаҳрванди барои баргардонидани гурезагони тоҷик ба ватан Кумитаи телевизион ва радио барномаи “Хоки Ватан”-ро роҳандозӣ кард. Барои сертаваҷҷуҳ шудани барнома, коргардонҳо оҳанги ҷаззобе ҷустуҷӯ мекарданду навозиши чандин санъаткоронро барои интихоб гуш карданд.

Аз миёни ҳамаи онҳо оҳанги навохтаи ман “Бинол эй най” қабул шуд. Ровии ин барнома Давлаталӣ Раҳмоналиев ҳангоми шунидани ин оҳанг маро ба оғӯш кашида, гуфт, “дигар нанавоз овози наят диламро пора-пора кард””,-  ба хотир меорад, қаҳрамони мо.

Оҳанги “Бинол эй най” ба мазмуни барномаи “Хоки Ватан” бисёр мувофиқ омад ва ин барнома шунавандагони зиёдеро ба худ ҷалб кард. Ҳатто баъзе аз шунавандагони барномаи мазкур барои дидани навозандаи ин оҳанг ба хонаи радио меомаданд.

“Як рӯз ба кор омада дидам, ки як мӯйсафед аз Афғонистон бо як линча себ барои дидани ман омадааст. Ба ҳайрат афтодаму аз рӯи одоб меҳмони раҳдурамро ба ҳуҷраам даъват кардам.

Ҳангоми суҳбат маълум шуд,ки ӯро оҳанги “Бинол эй най” ин ҷо овардааст. Аз ӯ пурсидам, “бобо чаро заҳмат кашида, ин линчаи вазнини себро пуштора карда овардед?”. Ӯ хандида гуфт, “ин линча чӣ аст, лозим шавад худатро ҳам бо ин линча ба пуштам бор карда мебарам”,- бо табассум ёд овард, Нуралӣ Шерматов.

Аз орзуҳои кудакӣ то дуторнавозӣ

Ҳарчанд ӯ тасодуфан ба навохтани асбоби най пардохта бошад ҳам, ҳоло устоди найнавозон аст ва шогирдони тарбиятнамудааш дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолият менамоянд.

Нуралӣ Шерматов аз кӯдакӣ дар чорабиниҳои мактабӣ ва ноҳиявӣ фаъолона иштирок мекард. Ҳатто баъзе омӯзгорони мактаб ӯро сарзаниш мекарданд, ки аз барои рубобу доира аз дарсҳо қафо мемонад.

Падари Нуралӣ, Табар Шерматов яке аз дӯстдорони санъат буд ва дар хона асбобҳои мусиқии дутор, доира ва дигар асбобҳои зарбӣ дошт. Табар Шерматов муҳандиси барқ бошад ҳам, базмороиро дӯст медошт ва ҳамсинфони овозхонашро дар хона ҷамъ оварда, сурудхонӣ мекарданд.

Қаҳрамони мо дар чунин муҳит калон шуд ва меҳри навозиши асбобҳои мусиқӣ дар дилаш ҷо гирифт. Аммо дар ҳеҷ гӯшаи хаёлаш набуд, ки рӯзе ба навохтани асбоби най мепардозад.

“Нахостам падарамро ранҷонам”

Нуралӣ Шерматов  30 августи соли 1964 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Баъд аз хатми синфи 8-ум бо роҳнамоии падар ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳозира Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов) дохил шуд. Чи тавре ҳамсӯҳбати мо нақл кард, ба ин мактаб дохил шудан барояш осон набуд. Чун нафаронеро, ки дар мактабҳои мусиқӣ нахонда буданд, ба омӯзишгоҳ қабул намекарданд.

“Бо дастгирии устодон ва падарам ба омӯзишгоҳ қабул шудам ва дар назди ҳамагон ваъда додам, ки агар дар таҳсили нимсолаи аввал хонда ба дигарон баробар нашавам, ҳуҷҷатҳоямро гирифта ба зодгоҳ бармегардам.

Ман фикр мекардам, ки дар Омӯзишгоҳ ба омӯзиши навохтани асбобҳои зарбӣ ё рӯбоб машғул мешавам. Вале ғайриинтизор маро ба омӯхтани асбоби най гузарониданд”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

То замони дохил шудан бо донишгоҳ, Нуралӣ Шерматов ягон маротиба асбоби найро ба даст нагирифта буд ва умуман дар борааш тасаввурот ҳам надошт. Ӯ нахост, ки падарашро ноумед кунад, аз ин рӯ ба омӯзиши найнавозӣ ба таври ҷиддӣ машғул шуд.

Баъд аз хатми омӯзишгоҳ хостанд Нуралӣ Шерматовро ба мактаби мусиқии ноҳияи Ховалинг ба кор фиристанд. Нуралии ҷавон пеши падар ин масъаларо кушод, аммо падар норозигӣ баён намуд. Чун мехост писараш таҳсилро дар донишкадаи олӣ идома диҳад. Ҳамин тавр Нуралӣ Шерматов дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсилро идома дод.

 Муваффақияти аввал

Баъд аз як соли таҳсил дар донишкада, қаҳрамони мо бо як гурӯҳ аз ҳамсабақонаш ба хизмати ҳарбӣ ба шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) фиристода шуда, ду сол адои хизмат намуда, баъди бозгашт боз таҳсилро идома додааст.

Аввалин баромади Нуралии ҷавон дар саҳнаҳои бузург дар курси дуюмиаш дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Бӯстон” буд. Бо Оркестри асбобҳои миллӣ оҳанги “Хайр, то рӯзи дигар”-и Саидқул Билоловро бо най навохт ва аз тарафи ҳакамон баҳои баландтаринро соҳиб шуд.

“Баъди иҷроиши ман аъзои ҳакамон ба ман балли баландтарин, яъне 10 балл гузошта гуфтанд, ки агар аз ин балли баландтар мебуд, мо ҳатман барои ту мегузоштем. Тамоми ҳамкурсону дӯстонам омада маро ба оғӯш мегирифтанд, табрик мекарданд. Ман ҳамон лаҳза фикр мекардам, ки хушбахттарин одами дунё ҳастам”,- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

“Дарё”-и меҳр, “Дарё”-и зиндагӣ

Муваффақият дар ин фестивал ба Нуралӣ имконият дод, ки ба худ боварӣ пайдо намуда, минбаъд ҷиддитар аз пайи омӯзиш шавад. Ҳангоми дар курси сеюм хонданаш Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба  ансамбли миллӣ озмун эълон намуд.

Қаҳрамони мо бо ҳамроҳии Қурбоналӣ Абдуллоев, Лола Азизова ва Сангалӣ Мирзоев дар озмун иштирок намуда, аз имтиҳони сахти аъзои ҳакамон гузаштанд. Ҳамин тавр аз соли 1989 инҷониб ӯ дар ансамбли овозадори “Дарё” фаъолият менамояд.

“Барои ман дар як гурӯҳ кор кардан бо Муборакшо Ҷумъаев, Ёқуб Алоев,  Ҳаким Маҳмудов, Миралӣ Сафармуҳаммадов, Давлатшо Муминшоев, Фарҳод Майфурӯшов, Гулбек Саодатов, Нигина Раупова ва Саидқул Билолов боиси ифтихори бузург аст. Ансамбли “Дарё” бошад, бароям дарёи меҳр ва дарёи зиндагиам аст”,- иброз дошт, қаҳрамони мо.

Нуралӣ Шерматов дар тӯли фаъолияти эҷодиаш ба ҳайси мутриб, роҳбари мусиқӣ ва роҳбарии бадеии ансамбли “Дарё” фаъолият намуда, зиёда аз 40 оҳангро танҳо бо най навохтааст.

Ба ғайр аз найнавозӣ қаҳрамони мо барои ҳамкорони худ Лола Азизова, Қурбоналӣ Абдуллоев, Ҷовидон Нозимов ва Амирҷон Рӯзиев чандин оҳангҳои беҳтарин эҷод намудааст. Ӯ ба маънои шеър хуб сарфаҳм рафта, шеърҳои дорои мазмуни баланд ӯро водор мекунанд, ки онҳоро ба риштаи оҳанг кашад.

Хориҷиён меомӯзанд, вале ҷавонони худамон не…

Нуралӣ мегӯяд, ки  таваҷҷуҳи хориҷиён ба навозиши най хеле зиёд аст. Чун чунин асбоби мусиқии миллиро  дар дигар кишварҳо кам менавозанд. Ӯ аз он афсӯс мехӯрад, ки дар ҳоле, ки хориҷиён назди ӯ барои омӯзиши най меоянд, ҷавонони тоҷик аз он даст мекашанд.

“Мутаассифона баъзе шогирдоне, ки ба риштаи найнавозӣ меоянд, мехоҳанд ба навозиши асбобҳои хориҷӣ гузаранд. Аммо, онҳо фикр намекунанд, ки навозиши ин асбобҳо дар хориҷа барои касе ҷолиб нест.

Дар хориҷа ҳунармандони касбӣ ҳастанд, ки флет ё саксафонро дар сатҳи олӣ менавозанд. Навозиши най бошад, барои онҳо чизи нав ва шавқовар аст. Масалан, ман чандин шогирдони хориҷиро тарбият намудаам, ки ба най завқи зиёд доранд”-, мегӯяд, Нуралӣ Шерматов.

Сафарҳои ҳунарӣ ва нақшаҳои эҷодӣ

Нуралӣ Шерматов дар давоми фаъолияти кориаш ба кишварҳои Фаронса, Олмон, Русия, Белорусия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигарон сафар намудаву фарҳангу санъати тоҷиконро муаррифӣ намудааст, ки ҳар яки он барояш ҷойгоҳи махсусе дорад.

Қаҳрамони мо ҳама оҳангҳои эҷоднамудаашро ҷамъоварӣ намуда, китобе бо номи “Найрез” рӯи чоп овардааст, ки ин китоб дар тамоми мактабҳои мусиқии кишвар ҳамчун дастури таълимӣ истифода мешавад.

Китоби дуюми ӯ, ки дар он танҳо оҳангҳои эҷоднамудаи худро ҷамъоварӣ кардааст, омодаи чоп аст.

Ҳоло Нуралӣ Шерматов ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутриби касбии ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Ӯ соҳиби ду фарзанд аст, гарчанде, ки фарзандон аз уҳдаи навохтани най мебароянд, роҳи падарро интихоб накарданд. Вале набераҳои Нуралӣ ба найю найнавозӣ таваҷҷуҳи хос доранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend