Куштори марди 51-сола бо беш аз 20 зарби корд дар ноҳияи Кушониён

Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон 12 феврал хазинадори нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Азия нефт” Қандаҳор Ғиёсови 51-сола, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ кушта шудааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон гумонбаршаванда, Муҳаммаднабӣ Абдусамадови 35-сола сокини ноҳияи Кушониён замоне, ки мехост ба вилояти Суғд фирор кунад, пас аз як рӯзи ҳодиса дар ноҳияи Варзоб дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, дастгиршуда бегоҳи 12 феврал ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории болозикр омада, ҷараёни барқро хомӯш карда, ба утоқи хазинадор даромада, бо корд ба ӯ зиёда аз 20 зарба задааст. Баъди он аз дохили ҷевони оҳанӣ 22 ҳазору 605 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки тибқи нишондоди гумонбаршаванда, ӯ бо Ғиёсов шиносоӣ доштааст ва аз ӯ 8000 сомонӣ қарздор будааст. Қарзро сари вақт барнагардонидааст ва байнашон баҳси лафзӣ ба вуҷуд омада, гӯё Қандаҳор Ғиёсов ба иззати нафси Муҳаммаднабӣ Абдусамадов расидааст.

Гумонбаршаванда. Акс: намогирифт аз гузориши Раёсати ВКд дар вилояти Хатлон

Ҳамин тавр, гумонбаршаванда қасди куштор карда дар ҳолати мастӣ ба ин амал даст задааст.

Муҳаммаднабӣ Абдусамадов дар гузориши полис ба ин иттиҳом иқрор шуда, нишондод дода гуфтааст, ки дар он ҳолат чанд корд зад намедонад.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дастгиршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Нисбати ӯ додситонии ноҳияи Кушониён тибқи қисми 2, моддаи 104 (Одамкушӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Тибқи ин банди Кодекс дар сурати исботи ҷиноят бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 15 то 25 сол ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.

Skip to toolbar