Муҳочирон дар сохтмон дар шаҳри Москва

Кор дар Черногория барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Шурӯъ аз соли 2025 Черногория муҳоҷирони кориро аз Тоҷикистон қабул мекунад.

Кор дар сохтмони роҳи мошин пешниҳод мешавад ва маош вобаста ба ихтисос аз 1000 евро шурӯъ мешавад, хабар дод Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар бо нашри як эълон дар “Фейсбук”.

Гуфта мешавад корфармо ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, либоси корӣ ва корти нақлиётро таъмин мекунад, вале чипта ва раводид (виза)-ро худи шаҳрванд бояд гирад.

Озмун барои интихоби шаҳрвандони кишвар бо иштироки ширкати корфармо моҳи декабри соли равон баргузор мегардад.

Шаҳрвандон барои маълумоти бештар метавонанд ба рақамҳои 225 05 75 ва 225 02 21 занг зананд.

Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, то муҳоҷиратро гуногунсамт гардонад. Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати меҳнат аз соли 2025 фиристодани шаҳрвандони кишвар барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ оғоз мешавад.

Ин ниҳод аввали соли равон низ рӯйхати кишварҳоеро нашр карда буд, ки аз Тоҷикистон коргар қабул мекунанд.

Рӯйхатро дар ин ҷо бубинед.

Skip to toolbar