Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон

КДАМ: Террористон кӯшиш карданд, ки ба Тоҷикистон ворид шаванд

Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ аз нобуд ва беяроқ кардани ду аъзои ташкилоти террористӣ, ки субҳи имрӯз, 26-уми апрел аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо мақсади анҷом додани амали террористӣ гузаштанд, изҳорот дод.

Субҳи 26 апрел дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба таври ғайриқонунӣ убур намудаанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар медиҳад.

“Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2  тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид”, – омадааст дар изҳороти КДАМ.

Манбаъ нагуфтааст, ки онҳо аъзоёни кадом ташкилоти байналмилалии террористӣ ва шаҳрвандони кадом кишваранд.

Танҳо ишора шудааст, ки “нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати пурра муайян намудани шахсияти террористон ва дигар ҳаммаслакони ҷиноятии онҳо чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишӣ идома дорад”.

Ба иттилои ин ниҳод, зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта зарар надиданд.

Skip to toolbar