Карнайнавози тоҷик

Карнайнавозӣ ва косадаврзанонӣ. Ҳунарманди тоҷик чӣ тавр ин ҳунарҳоро ба хориҷа бурд

Юлчибой Қодиров тавонист бо ҳунари карнайнавозиву косачархдиҳӣ сайри олам намояд. Ӯ 67 сол дошта, дар оилаи карнайнавозони номдори шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтааст. Мавсуф оҳангҳои зиёде, ки бо сози мусиқии карнай навохта мешаванд, эҷод намудааст. Имрӯзҳо аксарияти карнайнавозони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар пайравӣ ба мактаби ин марди ҳунар фаъолият мебаранд. Муаллифи Your.tj бо ҳунарманд ҳамсӯҳбат шуда, аз фаъолияти эҷодӣ ва сафарҳои ҳунариаш нақл кард.

Муаллифи “қӯшкарнай” ё худ “пирамида”

Юлчибой Қодиров ба карнайнавозӣ, аз синни ҳафтсолагӣ оғоз кардааст. Вай навохтани ин навъи сози мусиқиро аз тағояш Асадҷон Ҷӯраев омӯхтааст. Асадҷон Ҷӯраев аз карнайнавозони машҳури Истаравшан буда, миёни мардум бо аскияҳои намакинаш шӯҳрат дошт.

Қаҳрамони мо пайваста назди тағояш мерафту нозукиҳои ҳунари карнайнавозиро меомӯхт. Тағояш бовар дошт, ки Юлчибой дар оянда карнайнавози маъруф гардида, санъати асили тоҷикро шӯҳрати ҷаҳонӣ мебахшад.

“Ба карнайнавозӣ аз хурдӣ шавқи зиёд доштам. Мехостам мисли тағоям Асадҷон санъаткор шавам. Чун он кас бо навои дилангези карнай ба ҳамагон хурсандӣ мебахшиданд ва миёни халқ маҳбубияти хос доштанд.  Ҳамин тавр, ҳунари карнайнавозиро омӯхтам. Мана, қариб 60 сол мешавад, ки ба навохтани карнай машғулам”,- иброз дошт Юлчибой Қодиров.

Қаҳрамони мо аз соли 1970 сар карда дар фестивал ва чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ширкат варзидааст. Ӯ соли 1976 бо болои ҳам чидани аз 6 то 27 карнай дар санъати карнайнавозӣ падидаи наверо ба вуҷуд овард.

Юлчибой ин ҳунарашро “пирамида” ном гузошт. Бо мурури вақт “пирамида” миёни санъаткорон маъруф гардид. Дастаҳои карнайнавозӣ аз ин усул васеъ истифода мебурдагӣ шуданд.  Халқ ин падидаро хуш пазируфта ба он “қӯшкарнай” ном ниҳод.

“Ансамбли оилавии Юлчибой Қодиров”

Ин ансамбл замони ташкил шуданаш дар Осиёи Миёна, ягона дастаи ҳунарие буд, ки аз гурӯҳи карнайнавозон таъсис ёфта буд. Ансамбли мазкур таҳти роҳбарии Юлчибой дар чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон, дар Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок мекард.

Соли 1972 қаҳрамони мо ҳамроҳи дастаи ташкилнамудааш дар қасри Кремл ҳунарнамоӣ кард, ки аз ҷониби президенти давр Л. И. Брежнев баҳои баланд гирифт. Ҳунарманд бо ин ҳама иктифо накарда, пайваста дар ҷустуҷӯ буд. Вай мехост аз олами санъат чизи наверо омӯзад. Ниҳоят бо ҳунари нави фолклорӣ,  косачархдиҳӣ рӯйи саҳнаҳои бузурги ҷаҳон қадам гузошт.

“Рӯзе хоб дидам, ки дар даст, чойнику пиёла ва косаву табақ дораму онҳоро давр мезанонам. Вақте аз хоб хестам дар ҳайрат будам, ки ин чӣ хобест. Сипас, косаеро гирифта нӯги ангуштон тоб додам, ки коса чарх зад. Фикр карда ба хулосае омадам, ки косаро бояд болои чӯбча давр занонам. Моҳҳо машқ карда, ҳунари навро сайқал додам. Ҳамин тавр дар барномаҳои ҳунарӣ коса давр занондам, ки аз ҷониби мухлисон хеле хуб қабул шуд”,- гуфт ҳунарманд.

Бо гузашти вақт шумораи косаҳои давр мезанондаи Юлчибой-амак афзуд. Вай акнун панҷ-шаш косаро дар як вақт бозӣ мекард. Ӯ ҳангоми давр занондани коса себу нок қалам мекунад ё оши палав мехӯраду мерақсад. Ҳамчунин, косаҳои даврзанондаро болои пешонӣ, даҳон ё биниаш мегузорад. Косаҳо рӯйи дастонаш соатҳо давр мезананд.

Ҳунарманд бо ин амалаш соҳиби истеъдоди нодир ва фавқулодда буданашро собит месозад.  Назар ба гуфти қаҳрамони мо чӯбчае, ки бо он коса давр мезанонад аз чӯби дарахтҳои себу нок ва биҳӣ омода шудаанд. Вай ҳамзамон косаро нӯги ангушт ва корд низ давр мезанонад. Бобои Юлчибой мегӯяд ҳунарманд бояд эҷодкор бошад ва ҳар боре, ки ба саҳна мебарояд, чизи наверо ба тамошобин дода тавонад.

Иштирок дар озмуни “Central Asia’s Got Talent”

Юлчибой Қодиров ба воситаи ҳунари карнайнавозӣ ва косадаврзанониаш қариб нисфи оламро сайр кард. Ӯ дар фестивал ва озмунҳои зиёди байналмиллалӣ ширкат варзид. Соли 2000-ум дар намоишгоҳи ЭКСПО, ки дар шаҳри Ганновери Олмон баргузор шуд, иштирок намуд. Ғайр аз ин борҳо ба Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Умон, Фаронса, Амрико ва Ӯзбекистону Қазоқистон сафар намуда, ҳунарнамоӣ кард.

Дар барномаи телевизионии “Ассалом Ӯзбекистон”, Наврӯзи Тошканд ва дар озмуне, ки бахшида ба солгарди ситорашинос Аҳмад–ал–Фарғонӣ (аслаш тоҷик–муаллиф) дар шаҳри Фарғона баргузор шуд, ширкат намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Чун бо ҳунар сахт алоқаманд буд, ҳатто замони адои хизмат намудан дар қисми ҳарбии артиллерӣ ва алоқаи  шаҳри Ленинград роҳбарии оркестри нафасиро ба зимма дошт.

“Маърака ё фестивале дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ набуд, ки дар он иштирок накунам. Қариб дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ҳузур доштам, аз ҷумла кушодашавии ағбаи Анзоб, нақби Истиқлол, ба истифода додани қисмати роҳи оҳани Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, ҷашни бузурги миллии 1100-солагии давлати Сомониён, консерт ба шарафи меҳмонони ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ба кор даровардани агрегати якуми НБО-и Роғун ва ғайра ҳунарнамоӣ кардам”,- ба ёд овард карнайнавоз.

Юлчибой Қодиров бо ҳунари карнайнавозиву косадаврзанониаш дар озмуни “Central Asia’s Got Talent” иштирок намуд ва то нимфинал роҳ ёфта, дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳунарнамоӣ кард.

Чанд маслиҳат ба карнайнавозон

Тӯю маърака, ё ягон ҷашне нест, ки бе садои шӯхи карнай баргузор гардад. Воқеан навои фараҳбори ин сози мусиқӣ ба дилҳо сурур мебахшад. Вале, навохтани карнай аз зарарҳо орӣ нест. Масалан, бардавом тоза накардани он ба бемории узвҳои ҳозима оварда мерасонад. Ҳунарманди ботаҷриба Юлчибой Қодиров барои пешгирӣ кардан аз ҳар гуна беморӣ ба карнайнавозон чунин маслиҳат дод.

“Карнайро бояд сари чанд вақт бо зардоби ҷурғот тоза кардан лозим. Зардоб тамоми микробҳое, ки дохили асбоб ҷамъ мешаванд пок месозад. Карнай, ки сози нафасӣ аст, луоби даҳон ба он часпида бактерияҳоро ҷамъ мекунад. Вақте, ки ҳунарманд боз ба навохтан шурӯъ мекунад бактерияҳои ҷамъ шуда, поён мефарояду вориди даҳон мешавад. Рафта-рафта ин ҳолат касро ба бемории узвҳои ҳозима оварда мерасонад. Ҳамчунин, ҷавонон аз 16-18 солагӣ ба карнайнавози рӯй оранд, ба манфиати кор аст”,- таъкид дошт Юлчибой Қодиров.

Мактаби ҳунарии Юлчибой Қодиров

Солҳост, ки карнайнавозони тоҷик аз мактаби ҳунари устоди варзида баҳра мебаранд. Мавсуф муаллифи якчанд оҳангҳои сози нафасӣ буда, бархеи онро бо сабки худ навохтааст. Оҳангҳои “Уфори Кӯлобӣ”, “Уфори Истаравшан” ва “Полки Истаравшан”, “Сарбози як, ду, се” басо ҷаззобу дилнишинанд. Имрӯзҳо ҳунари нотакрори ин марди ҳунарро фарзандону наберагон идома медиҳанд.

“Шукри Худо, ки имрӯзҳо фарзандону набераҳоям ҳунари маро давом медиҳанд. Пайвандонам ба санъату ҳунар сахт дил бастаанд. Ҳатто набераи ду солаам, ки ҳоло худро намешиносад, коса давр мезанонад. Воқеан дидани ин манзара ғайриодӣ ва ҳайратовар аст”, мегӯяд Юлчибой-амак.

Шогирдони зиёди тарбия намудаи Юлчибой Қодиров дар Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият доранд ва сари чанд вақт занг зада изҳори сипос менамоянд.

Юлчибой Қодиров аввалин нафаре аст, ки дар самти карнайнавозӣ соҳиби унвон гардидааст. Вай ҳанӯз соли 2000-ум бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ шуда буд. Баъдан бо унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва даҳҳо сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Ӯ хушҳол аз он аст, ки санъати нотакрори карнайнавозии тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намудааст.

Абдуғаффор Шодиев

Skip to toolbar