Тағйиротҳои кадрӣ
Бо қарори кишвардори Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷои ӯ Рукмина Сафарзода таъин карда шуд. Инчунин муовини дигари вазири моли Меҳринамо Ҷонмамадова низ аз вазифааш сабӯкдӯш карда шуд.
Султонзода Зебонисо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия озод карда шуд.
Бо қарори Раҳмон ба ҷойи Зебунисо, Сафарализода Фаррух Маҳмудҷон такя зад.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон бо амрҳои худ имрӯз муовинони раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро таъин кард. Фирдавс Ҳаётзодаро муовини якум ва Абдураҳмон Ҳалмзодро муовини раиси Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин шуданд.
Ҳамунин Эмомалӣ Раҳмон Сайдализода Фозил Сайдалиро машваратчии калон – сардори шуъбаи амнияти мудофиавии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гадоализода Парвизро муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Каромиддинро муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пайрав Амирзодаро муовини сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сабурзода Мирзодавлат Абдолиро сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Парвизро сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Шуҳрат Абдулмаҷидро сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Карим Абдураҳимро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин кард.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ сафири Тоҷикистон дар Амрико таъин шуд
Фарҳод Салим Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо як фармони Президенти Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Фаррух Ҳамрализода, ки то ин вақт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд, сафир таъин шуд.
Ҳамчунин ба ҷойи Фарух Ҳамрализода Саъдӣ Қодирзода, ки муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буд, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд.
Дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон постгоҳҳои сайёр ташкил мешаванд
Дар чор қитъаи махсусан осебпазири роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ постгоҳҳои сайёр (мобилӣ) ташкил карда мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод.
“Бо фармони раиси Кумита постгоҳҳои сайёр аз ҳисоби наҷотбахшони Кумита аз оғози ҳафтаи оянда ба фаъолият оғоз мекунанд”, – иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, наҷотбахшоне, ки дар ин постгоҳҳо фаъолият мекунанд, дар хонаҳои махсуси аз ҷониби Кумита сохташуда зиндагӣ карда, онҳо бо техникаи зарурӣ, ғизо, сӯзишворӣ ва сарулибоси гарм таъмин карда мешаванд.
Айёдати омӯзгорони рус баъди сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав
Дар Тоҷикистон баъди нахустин сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Русия ва дидораш бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия, айёдати омӯзгорони русе, ки тибқи созишномаи давлатӣ ба Тоҷикистон омадаанд, оғоз шудааст.
Айёдати омӯзгорони рус аз вилояти Суғд оғоз шуд ва дирӯз мовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ба манзили омўзгори фанни забон ва адабиети рус Екатерина Половинкина рафт.
Фирӯза Нуруллозода ин омӯзгори русро хабар гирифта, аз вазъи зиндагиву фаъолияташ пурсон шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар сафари Рустами Эмомалӣ ба Русия тавофуқ ҳосил шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон омӯзгорони русро, ки ба Тоҷикистон эъзом шудаанд хабар мегирад ва ба онҳо ёриҳои иловагӣ мерасонад.
Муҳаммадҷон Ҳусейнов бо медали “Барои мубориза бо пандемия” қадрдонӣ шуд
Намояндагони Ташкилоти умумирусиягии ҷамъияти собиқадорони “Бародарони ҷанг” Ҳусейновро бо медали “Барои мубориза бо пандемия” қадрдонӣ намуданд.
Саидаҳмад Давлатов намояндаи “Бародарони ҷанг” дар ҳудуди пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рафта, дар вазъияти тантанавӣ медалро ба Муҳаммадҷон Ҳусейнов супорид.
Зимни маросим иброз гардид, ки ӯ дар Тоҷикистон аввалин нафарест, ки бо ин гуна медал сарфароз гардонида мешавад.
Муҳаммадҷон Ҳусейнов фелдшери шуъбаи “Ёрии таъҷилӣ” – и беморхонаи “Истиқлол” мебошад, ки пас аз мулоқот бо кишвардори Тоҷикистон, акнун донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мебошад.
Номбурда ҳанӯз моҳи май пас аз як муроҷиати видеоияш, ки аз табибони ҷасур изҳори сипос намуда, ҳамзамон бо афсӯсу надомат аз духтуроне интиқод кард, ки дар рӯзҳои сахт беморонро ба ҳоли худ партофта, бо ҳар баҳона ҷои корашонро тарк намудаанд, вирди забонҳо гардид.
Муроҷиати видеоии ӯро худи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ тамошо карда, дар як мулоқот бо намояндагони соҳаи тандурустӣ аз ӯ ёдовар шуд ва назди худ хонд.
Пас аз чанде, бо фармони роҳбари давлат Муҳаммадҷон Ҳусейнов бо медали “Шафқат” қадрдонӣ шуда, ҳамзамон ба ӯ калиди хонаро тақдим намуданд.
“Кепка бо акси Масъуд”: туҳфаи тоҷикон ва ваъдаи Ҳабиб барои як мусобиқа дар Душанбе-видео
Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки ният дорад дар Тоҷикистон мусобиқа баргузор кунад
Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов изҳор доштааст, ки мехоҳад дар Душанбе як мусобиқаи калон баргузор кунад, чун ҳаводорони ин намуд варзиш дар Тоҷикистон ниҳоят зиёданд.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар як нишасти матбуотӣ дар мавриди нақшаҳои минбаъдаи худ дар ояндаи наздик ибрози назар кард.
Дар ҷараёни нишасти хабарӣ, аз Ҳабиб пурсида шуд, ки нияти дар Тоҷикистон баргузор кардани мусобиқаро дорад ё хайр, ҷавоби мусбат дода шуд.
“Бале, мо чунин ният дорем. Зеро он ҷо теъдоди ҳаводорони ин намуд варзиш зиёд буда, ҳамзамон размикорони тайёр низ ҳаст, ки тавони гирд овардани шумораи зиёди тамошобинонро доранд”, – тавзеҳ дод Нурмуҳаммадов.
Дар фарҷом аз номи мухлисони тоҷик ба Ҳабиб сарпӯше бо тасвири Аҳмадшоҳи Масъуд ҳадя карда шуд.