fbpx

Диплом маънии ҳаёт. Чӣ тавр бобои Ғулом мехоҳад, ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шавад?

Сокини 73 солаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Ғуломҳайдар Искандаров, ба воситаи гирифтани дипломи зиёд, мехоҳад дар китоби рекордҳои “Гиннес” худро номнавис намояд.


0

Сокини 73 солаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Ғуломҳайдар Искандаров, ба воситаи гирифтани дипломи зиёд, мехоҳад дар китоби рекордҳои “Гиннес” худро номнавис намояд. Ӯ айни ҳол калонсолтарин донишҷӯи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Муаллифи Your.tj Паймон Муҳаммад, ба ноҳияи Дӯсти сафар намуд, то бо ин бобои ғайриодӣ ҳамсӯҳбат шавад.

Бобои Ғулом

“Салом, бобоҷон!, – бо хушҳолӣ пурсиданд, муаллимоне, ки дар қабулгоҳи донишгоҳ нишаста буданд, – Шумо киро овардед – писар ё набераатонро?”

“Ман худамро овардам”, – давраи ба донишгоҳ дохил шуданашро қисса кард, қаҳрамони мо.

Ғуломҳайдар Искандаров дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Дӯстӣ( собиқ Ҷилликул) зиндагӣ мекунад. Ӯро натанҳо хурду калони деҳа, балки дар маркази ноҳия низ мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.

Бобои Ғулом қариб 10 сол мешавад, ки дар мактаби деҳа муаллими фанни забони рӯсӣ шуда, кор мекунад. Шояд бовар накунед, вале мо дар ҳамон рӯзи истироҳатӣ (якшанбе) бобои Ғуломро машғули китобхониву дарстайёркунӣ пайдо намудем.

73-летний Гуломхайдар Искандаров

 

Моро гарму самимӣ истиқбол гирифта, мақсади омаданамонро шуниду гуфт: “Агар инсон завқ, хоҳиш ва иродаи мустаҳкам дошта бошад, дар дилхоҳ синну сол аз ӯҳдаи ҳар кори мехостааш баромада метавонад. Мумкин, ки қиссаи зиндагии ман барои ягон нафар манбаи ибрат шавад”. – мегӯяд ӯ.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон 73-солагӣ синнест, ки пиронсолон дар хона нишаста, давлати пирӣ меронанд ва бештар “он дунё”-и худро фикр мекунанд, аммо қаҳрамони мо тамоман дар фикри чизи дигар аст. Вай орзу дорад, ки ҳамчун донишҷӯи кӯҳансоли дорои 10 диплом, ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шавад, ва барои амалӣ кардани орзуяш чандин сол аст ки талош мекунад. Ӯ алакай соҳиби 6 диплом аст, расидан то қулллаи мурод ҳамагӣ 4 диплом дигар лозим аст.

“Хоҳиш буд, аммо шароит не”

Ғуломҳайдар Искандаров зодаи ноҳияи Қубодиён аст. Ӯ падарашро дар хотир надорад, зеро дар хурдсолии бобои Ғулом вафот карда буд. Модараш танҳо ӯро ба воя расонидааст.

“Рӯзе дар кӯча машғули бозӣ будам, ки директори мактаб, як марди ҳузарб ҳамроҳи як муаллимаи дигар маро ба наздашон даъват карда пурсиданд, ки мактаб хондан мехоҳам ё на. Ман гуфтам, “Албатта, мехоҳам, вале шароит надорам”. Дар он солҳои вазнин на ҳар оила шароит дошт, ки китобу дафтар харида, фарзандашро ба мактаб равон кунад. Директор ваъда дод, ки пагоҳ ба мактаб оям, ҳатман ба ман лавозимоти зарурии хонишро медиҳад”,-кӯдакиҳояшро ба ёд оварда, нақл мекунад бобои Ғулом.

Ҳамин тавр, бобои Ғулом бори аввал бо ҷузвдони латтагие, ки модараш барояш дӯхта буд, ба мактаб меравад. Тибқи ваъда, дар мактаб ба ӯ китобу дафтар ва қалам медиҳанд. Бобои Ғулом чанд соли аввал дар мактаби ӯзбекӣ хату савод мебарорад. Баъдан соли 1957 дар синни 10-солагиаш таҳсилро дубора аз синфи як дар мактаби тоҷикӣ оғоз мекунад. Муддати 6 сол, яъне то соли 1963 дар мактаби тоҷикӣ илм меомӯзад. Соли 1963 донишу малакаи хуби бобои Ғуломро ба назар гирифта, ӯро ба Мактаб-интернат барои хонандагони болаёқати ба номи В.И.Ленин, ки дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе дар ҷойи ҳозира Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ воқеъ буд, мефиристанд.

“Чунин мактаб-интернат дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ 2-то буд. Якеаш дар шаҳри Смоленски Русия ва дигараш дар шаҳри Душанбе ҷойгир буд, ки ба он ҷо ҳар касро равон намекарданд. Вале донишу малакаамро дида, маро ба мактаб-интернати мазкур равон карданд, то таҳсиламро идома бидиҳам”,- бо ифтихор мегӯяд бобои Ғулом.

То синфи нӯҳ бобои Ғулом дар шаҳр таҳсил карда ба деҳа бармегардад. Дар зодгоҳаш рӯзона кор мекарду шабона мехонд ва билохира, соли 1966 мактаби миёнаро хатм мекунад. “Вақте падарандарам зани дигар гирифт, ман маҷбур шудам, ки таҳсил дар Мактаб-интернати Каленинро рад карда, ба Қубодиён баргардам, чун додару хоҳарамро нигоҳубин карданам лозим буд. Агар таҳсиламро дар Мактаб-интернати Каленин давом медодам, ба дилхоҳ донишгоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ бе супоридани имтиҳон дохил шуда метавонистам”,-бо таассуф нақл мекунад бобои Ғулом.

Ба ҳама сахтиҳои рӯзгор нигоҳ накарда бобои Ғулом, дар колеҷҳои ноҳия хонда соҳиби дипломҳои омӯзгорӣ, хоҷагидорӣ ва технологӣ мешавад.

Бобои Ғулом оилаи калон дошт, аммо пас аз пош хӯрдани ҳукумати Шӯравӣ сефарзандашро аз бемории вабо аз даст дод.

“Ман се фарзанд-як духтару ду писарамро аз даст додаам. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бемории вабо паҳн шуд. Се фарзандам, яке 18-сола, дигаре 17-сола ва сеюмӣ 12-сола пайи ҳам вафот карданд. Зарбаи сахте барои ман буд. Даҳ сол пеш ҳамсарам аз дунё гузашт. Имсол ягона додарамро ҳам аз даст додам”,-нақл мекунад бобои Ғулом.

Бобоҷон ва Умар, писарони бобои Ғулом ҳар сол ба муҳоҷират мерафтанд, аммо имсол бинобар хуруҷи бемории COVID-19 ва баста будани марзҳо рафта натавонистанд. Аз оне ки падари 73-солаашон дубора ба омӯзиш рӯ овардааст, хушҳоланд ва пайваста ӯро дастгирӣ мекунанд. Худи бобои Ғулом низ чанд сол қабл муҳоҷир буд ва азоби муҳоҷириро медонад.

Пас аз оне ки қаҳрамони мо ҳамчун донишҷӯи кӯҳансол машҳур мешавад, овозааш ба хориҷи кишвар низ мерасад.

“Агар дипломи олиамро оварда нишон надиҳам аз ҳамин деҳа абадӣ меравам”

Дар ин синну сол дохил шудану таҳсил кардани бобои Ғулом дар донишгоҳ сабабҳои худро доранд.

Соли 2012 бобои Ғуломро ба мактаби деҳа даъват намуданд, то ба фарзандони мардум аз фанни забони русӣ дарс бигӯяд. Ӯ забони русиро балад аст ва озодона ҳарф мезанад. Таҳсилаш дар донишгоҳ низ аз ҳамон сол шурӯъ шудааст. “Баъди ба нафақа баромадан, ба корҳои хоҷагӣ машғул будам. Маро барои дарс додан ба мактаби деҳа даъват намуданд, пас аз имтиҳони кӯтоҳе қабулам карданду, корро оғоз намудам. Рӯзе гуфтугӯи як муаллимамонро бо рафиқаш шуданидам, ки дар бораи ман мегуфт:

“Эээ, ин мӯйсафед “рождалис как баран, живёт как баран и умрёт как баран”, мегйт бо тамасхур яке аз онҳо.

“Ту медонӣ, ки гузаштаи ту кисту гузаштаи ман кӣ? Ту худат куҷоро хатм кардаӣ? – бобои Ғулом хеле асабӣ буд. Дар ҳамин синну сол рафта хонда, дипломамро оварда ба ту нишон надиҳам, аз ҳамин деҳа баромада меравам”,- гуфт ӯ ба он шахс.

Аз гуфтаҳои он шахс чунон ба ғазаб омад, ки ба хона омада, либосҳояшро пӯшида, ҳуҷҷатҳояшро ҷамъ карда, ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав барои ҳуҷҷатсупорӣ раҳсипор гардид.

“Мӯйсафед хомӯширо риоя кунед, вагарна аз имтиҳон пеш мекунам”

Дар қабулгоҳ ӯро дида ҳама ҳайрон шуданд, ӯ гуфт, ки барои санҷиши донишаш омадааст. Ӯро ба назди ректор равон мекунанд. Ректор низ пас аз пурсиши кутоҳе дарк мекунад, ки мӯйсафед дар ақидааш устувор аст, ба кадом факулта дохил шуданашро мепурсад.

“То ин дам ҳар чизеро хонда бошам, бо забони русӣ хондаам. Мехоҳам ба факултаи филологияи тоҷик дохил шавам”.- ҷавоб додам ман, мегӯяд бобои Ғулом.

Рӯзи имтиҳон бобои Ғулом ҳангоме мерасад, ки алакай имтиҳон оғоз шуда буд.

“ Дар ҳамон рӯзу соати гуфтаашон то расида омадам, ки имтиҳон сар шудаасту ҷои ман холӣ. Рафта дар ҷои холӣ нишастам ва ба варақаи саволҳои тестӣ диққат додам, ки он қадар мушкил нестанд. Дар паҳлӯям як духтари зебо нишаста буд.

-Амак, о амак?-садо баромад аз партаи пеш.

-Лаббай…

-Ҳамин “Панҷи ноором”-ро кӣ навиштааст?

-Мирсаид Миршакар,-ҷавоб додам.

-“Қишлоқи тиллоӣ”-ро чӣ?

-Он ҳам аз Мирсаид Миршакар аст.

-Сотим Улуғзода кадом асарро навиштааст?

-“Субҳи ҷавонии мо”…

“Ҳой мӯйсафед, ин ҷо бозор нест. Хомӯш бош, вагарна аз имтиҳон берун мекунам”,-гуфтугӯи ману он ҷавонро пай бурда, нозир ба сӯям дӯғ зад ва огоҳӣ дод. Узр пурсида, хомӯш шудам.

-Амак, қаҳрамонҳои романи “Духтари оташ”-и Ҷалол Икромӣ киҳоянд?- боз савол дод он ҷавон.

-Дилоромканиз, Фирӯза, Асо, Оймуллои танбӯр, Ҳайдарқули моҳипаз…

“Ҳой мӯсафед, аз имтиҳон баромада, дафъ шав. Ба ту ягон хел баҳо намемонам”,-бо ваҷоҳати ҷиддӣ дод зад ба сарам нозир ва маро аз имтиҳон берун кард.

“Хоҳӣ мон, нахоҳӣ ман аллакай гузаштаам,-гуфтаму аз имтиҳон баромада рафтам. Ҳама хандиданд”. – бо завқ нақл мекунад, бобои Ғуломҳайдар.

Хулас, имтиҳонро супоридему дар берун мунтазири натиҷаи он будем. Баъд аз чанд дақиқа натиҷаҳоро оварда, дар тахта часпониданд. Ман баҳои 4, он духтар баҳои 5 ва он ҷавон, ки аз барои ӯ маро аз имтиҳон пеш карда буданд, баҳои 3 гирифта будем. Чун қоида қаҳрамони моро, ки якчанд маълумоти дигар дошт аз курси 3 қабул карданд.

Фото из личного архива бобои Гулома с однокурсниками

“Ну, что таджик, хот пару слов по русский можешь говорит?”

Вақте ки, дарсҳои бобои Ғулом оғоз мешавад, аз ӯ бехабар аксашро дар интернет мегузоранд. Пас аз ин рӯзноманигор Майоров аз шабакаи “Мир” ба ҷустуҷӯяш меояд. Ӯ мехост бо донишҷӯи куҳансол шинос шавад ва аз Душанбе бо худ тарҷумон меорад. Онҳо омаданду суҳбат карданд, бобои Ғулом бо рӯзноманигор танҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезад.

Аз ӯ рӯзноманигор дар бораи Пушкину Маяковский ва Шолохову Горкий мепурсад, ки бобои Ғулом ба ҳама саволҳо ҷавоб медиҳад.

“Ну, что таджик, хот пару слов по русский можешь говорит?-мепурсад Майоров аз қаҳрамон.

“Если спрашиваешь, отвечаю. Если нет, молчу как рыба”,- ҷавоб додам бо забони русӣ.

Майоров хабар надоштааст, ки ман русиро медонам. Баъд аз он ки аз русидонии ман хабардор шуд, тарҷумонро озод карда, хоҳиш кард, ки суҳбатамонро аз аввал, дубора бо забони русӣ оғоз кунем ва ҳамин тавр ҳам шуд”, – мегӯяд мӯйсафед.

Ба гуфтаи ӯ Майоров ҳар замон занг зада аз бобои Ғулом ҳолпурсӣ мекардааст.

“Ман ваъда додаам, ки панҷ факултаро хатм мекунам ва ҳоло хатми сеюмаш наздик аст”, -мегӯяд бобои Ғулом.

Манбаъ барои маълумот

Донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, хусусан, ҳамкурсони бобои Ғулом бо ӯ муносибати хуб доранд.

“Дар мавриди муносибаташон гуфтание надорам. Гоҳо “бобо” ва гоҳи дигар “амак” ё “устод” гуфта муроҷиат мекунанд. Савол медиҳанду маслиҳат мепурсанд ва ман ҳам то қадри имкон ҷавобу машварат медиҳам. Аммо сатҳи дониши донишҷӯёни ин замон дар сатҳи паст қарор дорад. Аз танаффус то танаффус дарс мехонанд. Баъди занги сеюму чорум касе намемонад. Солҳои пеш ин гуна набуд”,-ёдовар мешавад бобои Ғулом.

Корҳи курсиву дипломиашро худаш менависад. Ҳатто агар лозим шавад ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон омада, маълумот ҷамъ мекунад. Дар бобати хондан муносибат бо ӯву дигар донишҷӯён баробар аст. Ӯ дар як сол ду маротиба ба шаҳри Бохтар барои таҳсил меояд. Давоми зиёда аз як моҳе, ки таҳсил давом мекунад, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад.

Бобои Ғулом ҳамагӣ 220 сомонӣ нафақа мегирад. Нафақаро бо маоше, ки аз мактаб мегирад, ҳамроҳ карда, маблағи шартномаашро пардохт мекунад. Ба ӯ дар донишгоҳ имтиёз додаанд, ки 50%-и маблағи таҳсилро пардохт намояд.

Сайёҳ ва нависанда

Бобои Ғулом шахси ҷаҳонгаштаву ҷаҳондида мебошад. Ӯ аз Лаҳистону Венгрия, Руминияву Булғористону Олмону, инчунин, қариб ҳама кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро дидан кардааст.

“Дар давраҳои ҷавонӣ ҳар кореро, ки мефармуданд, бо ҷону дил иҷро мекардем. Баъдан роҳхат медоданд ва рафта кишварҳои оламро тамошо карда биёем. Он замон бо як шиноснома нисфи дунёро гаштан мумкин буд, вале ҳоло чунин нест”,-нақл мекунад ӯ.

Бобои Ғулом эҷодкор низ ҳаст. Асосан қиссаву ҳикояҳои замонавӣ иншо мекунад. Ёддоштнависиро низ дӯст медорад.

“Чанд маротиба барои чопи навиштаҳоям муроҷиат кардам, вале онҳо пули рангу пули қоғаз гуфта, аз муроҷиати кардаам пушаймонам карданд. Мани нафақахӯр аз куҷо маблағи зиёдатӣ дорам?”,-мегӯяд қаҳрамони мо.

Бобои Ғулом бо ҳамон ҳашт забоне, ки медонад, эҷодиёташро ба роҳ мондааст.

Бобои Ғулом ният дорад, ки бо ба даст овардани дипломи даҳумаш рекорд гузошта, ҳамчун кӯҳансолтарин донишҷӯи тоҷик ба Китоби рекордҳои “Гиннес” дохил шавад. Ин нияти бобои Ғулом қобили дастгирист, зеро дар ин синну сол на ҳар кас чунин ҷуръат карда метавонад.

“Дар ин дунё кори хубе бояд кард, ки баъди маргамон моро бо воситаи ҳамон кори кардаамон ба ёд оранд”, – мегӯяд қаҳрамони мо.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend