Кӯмакхоҳии донишҷӯёни тоҷик аз ВКХ Тоҷикистон. Мухтасари хабарҳои муҳими рӯз

Додхоҳии донишҷӯёни тоҷик аз Вазорати корҳои хориҷӣ

Як гурӯҳи бештар аз 20-нафараи донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ба назди Вазорати корҳои хориҷӣ омода талаб кардаанд, ки ин ниҳод мушкилашонро ҳал кунад.

Ин донишҷӯён, ки имсол ба донишгоҳҳои Русия қабул шудаанд, мегӯянд, ки агар ба макони таҳсили худ нараванд, эҳтимол аст онҳоро хориҷ кунанд.

Наҷибулло Абдуллоев, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Новосибирск мегӯяд, ки ба ӯ аз донишгоҳ барои таҳсил  даъватнома омадааст, аммо вақте ба сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, дар онҷо ба гуфтаанд, ки ба Вазорати корҳои хориҷа муроҷиат кунед.

“Вақте мо  ба ВКХ муроҷиат мекунем, инҳо мегӯянд масъала мавриди баррасӣ қарор дорад, – мегӯяд ӯ. – Тӯли се моҳ мешавад, ки мо интизори ҷавобем. Аммо моро аз донишгоҳи Русия огоҳ карданд ки то сессия ба донишгоҳ наоед ё дар дарсҳо иштирок накунед, мо шуморо ихроҷ мекунем”.

Ба гуфти Наҷибулло, ӯ дар бахши ординатураи клиникӣ таҳсил мекунад, барояш омӯзиши фосилавӣ намешавад.

Ба гуфтаи вай, ғайр аз ӯ дар ин ҷо бачаҳое ҳам ҳастанд, ки дар риштаҳои ҳавонавардӣ, молиявӣ, барномасозӣ ва бахшҳои дигар таҳсил мекунанд, ки фақат бо китоби холӣ намешавад.

40 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус

Ба ҳолати шоми 9-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд.  Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 11376 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 83 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10711 нафар баробар шуд.

Чор медали самбочиёни тоҷик дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон

Дар мусобиқаи Қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар Сербистон доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон 4 медал –  1 нуқра ва 3 биринҷӣ касб кард.

Дар ин мусобиқа мунтахабҳои ҷавонону наврасон ва миллии калонсолони мардонаву занона оид ба самбо ва самбои ҷангӣ бо ҳам рақобат карданд.

Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило медали нуқра ба даст овард, ки медали 4-умини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст.

Комроншоҳи Устопириён (вазни 90 кг), Хушқадам Хусравов (62 кг) байни калонсолон ва Самеъҷон Абдушукуров (87 кг) байни ҷавонон ба дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа шарафёб гардиданд.

Директори муассисаи тиббии “якум Советский” аз кор озод шуд

Фаррух Маҳмадзода, директори  Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” (воқеъ дар маҳаллаи 1- ум Советский) аз вазифаи ишғолнамудааш барканор гардид. Дар ин бора ба “Азия – Плюс” манбаъ аз Вазорати тандурустӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, сабаби аз кор озод намудани Маҳмадзода маълум нест ва ӯ ба кори дигар низ нагузаштааст.

“Сабаби аз кор озод шудани Маҳмадзода маълум нест ва то ҳол ба кори дигар низ нагузаштааст. Вале маълум аст, ки ӯ аз паси фаъолияти илмӣ аст ва шояд сабаб низ ҳамин бошад”.

Дар ин вазифа директори қаблиро Сафарзода Абдулло Мумин, директори Маркази шаҳрии илмию реаниматсия ва детаксикатсияи беморхонаи “Медгородок” иваз намуд.

“Сомон Эйр” сабаби гаронии нархи чипта барои парвозҳои чартериро шарҳ дод

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бораи гаронии билети парвозҳои чартерӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз хориҷ ба ватан интиқол медоданд, тавзеҳ дод.

Сар аз 20 – уми март то охирҳои октябри имсол, ширкати мазкур танҳо 416 парвоз барои хориҷ кардани шаҳрвандони бекоршудаи Тоҷикистон аз 10 кишвари хориҷӣ анҷом додааст. Ҷамъан теъдоди мусофирон ҳамагӣ 76 978 нафар будааст.

Бар асоси ин гузориш, нархи чиптаи парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон 395 евро муқаррар шуд, ки дар муқоиса бо даврони қабл аз ҳамагирии COVID – 19 ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи мудири ширкати “Сомон Эйр”, ин қимат шомили ҳақи хадамот, баҳои сӯхт, таъмири ҳавопаймо, ҳуқуқи кормандон ва молиёт мешавад, аммо имсол ба далели густариши вируси корона ба ин авориз ҳазинаи хариди либоси ҳифозатӣ барои халабонон ва меҳмондорон, зиддиуфунӣ кардани дохили ҳавопаймо ва коҳиши сандалиҳо барои риояти фосила ва муқаррароти беҳдоштӣ изофа шуда, ки рӯи қимати билет таъсир мегузорад.

Skip to toolbar